«БЕ МУРАББӢ ЗЕРИ ГАРДУН МУЪТАБАР НАТВОН ШУДАН...»

Алоқаҳои дӯстӣ ва илмию адабии халқҳои Осиёи Марказӣ, хусусан халқҳои тоҷику ӯзбек, аз замонҳои қадим оғоз гардида, тӯли таърих дар шаклу намудҳои мухталиф инкишоф ёфтааст.

Хусусан, робитаҳои ин халқҳо дар нимаи дуюми асри XV дар симои ду намояндаи бузурги илму адаб – Ҷомӣ ва Навоӣ беш аз пеш мустаҳкамтару қавитар гардид. 
Ин ду намояндаи барҷастаи халқ ба гурӯҳи пешқадами ҷавонони асри худ раҳбарӣ ва ҳомигӣ намуда, дар ташаккулёбии симои маънавию эҷодии онҳо ва инкишофи илму адаб саҳми арзанда гузоштаанд.
Дар мактаби адабие, ки онҳо дар Ҳирот ташкил дода, бевосита сарварӣ кардаанд, бисёр нависандагону шоирон, олимону хаттотон, рассому мусиқачиёни тоҷику ӯзбек тарбия ёфта, савияи илмӣ ва эҷодии худро баланд бардоштаанд. 
Олими намоёни халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров таъкид мекунад, ки «Аҳамияти мактаби Ҳирот бағоят бузург аст, бори дигар таъкид кардан зарур аст, ки аз ин давра сар карда ду халқи ҳамсоя – тоҷикону ӯзбекон боз ҳам наздиктар мешавад...»
Дар замони Ҷомӣ ва Навоӣ шаҳри Ҳирот ба яке аз марказҳои илму тамаддуни Шарқ табдил ёфта буд. Бисёр намояндагони илму маданият аз Мовароуннаҳр ва Эрон ба Ҳирот ҳиҷрат намуда, дар атрофи қандили равшани онҳо гирд омада буданд.
Абдулмуъмини Самарқандӣ аз Самарқанд ба Ҳирот рафта, дар мадрасаи шаҳр таҳсил намудааст. Мавлоно Халилуллоҳ бошад, аз Самарқанд ба Ҳирот рафта дар мадрасаи «Гавҳаршодоғо» ва хонақоҳи «Ихлосия» мударрасӣ кардааст.
Бояд қайд кард, ки саҳми Ҷомӣ ва Навоӣ дар тарбия ва ба камол расидани шоирон, нависандагон, хаттотон, мусиқорон, мисли Ҳилолӣ, Восифӣ, Ҳотифӣ, Хондамир, Камолиддини Абдувосеъ, Абдуғафури Лорӣ, Давлатшоҳи Самарқандӣ, Мавлоно Султоналӣ, Камолиддин Беҳзод назаррас аст. 
Устод Айнӣ воқеъбинона қайд менамояд, ки хонаи шахсии Мир Алишер ва пиру устоди ӯ Абдураҳмони Ҷомӣ номи «дор-ул-улум ва адаб» (хонаи илму адаб)-ро гирифта буд.
Ҳарчанд дар хусуси дӯстӣ ва алоқаҳои илмию адабии Ҷомӣ ва Навоӣ бисёр сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ маълумот медиҳанд, аммо барои равшан намудани ин мавзӯъ асарҳои худи онҳо сарчашмаи гаронбаҳо маҳсуб меёбад.
Ҷомӣ ва Навоӣ қариб дар ҳамаи таълифоташон оид ба якдигар маълумот додаанд. Онҳо дар асарҳои худ дониш, нуктасанҷӣ, ҳассосӣ, ҳозирҷавобӣ, хоксорӣ ва қобилияту истеъдоди якдигарро чӣ дар масъалаҳои илмӣ ва чӣ шеъру шоирӣ эътироф ва тақдир кардаанд. 
Ҷомӣ аз ҳар комёбиву пешрафти дӯст ва шогирди қадрдонаш – Навоӣ, Навоӣ бошад аз ҳар муваффақияти пиру устоди меҳрубонаш – Ҷомӣ шоду масрур мегардид. Онҳо пеш аз ҳама мусаввадаи асарҳои худро аз назари якдигар гузаронидаанд. 
Навоӣ натанҳо табъу қудрати фавқулодда ва ашъори манзуму мансури дилнишини Ҷомиро дар таълифоташ таърифу ситоиш ва тақдир кардааст, балки бобати дар байни хонандагони туркзабон паҳн намудани онҳо саҳми босазо гузоштааст. Ба қалами Навоӣ тарҷумаи ӯзбекии ду асари Ҷомӣ «Нафаҳот-ул-унс» ва «Шавоҳид-ан-нубувват» тааллуқ дорад. Дар тарҷумаи худ Навоӣ кӯшидааст, ки лаззати каломи ширини Ҷомиро чун дар асл нигоҳ дорад. Аммо ӯ баъзан дар тарҷумаи худ ба ин ё он муносибат ба нусхаи асл иловаҳое низ дохил намудааст.
Навоӣ дар «Хамсат-ул-мутаҳаййирин»-и худ оид ба тарҷумаи ҳоли Ҷомӣ, хислатҳои наҷиби инсонии ӯ, баъзе лаҳзаҳои ҳаёти илмӣ ва адабии нимаи дуюми асри XV, ҷамъомадҳои адабӣ, робитаи дӯстӣ ва илмию адабии байни худаш ва Ҷомӣ маълумоти гаронбаҳо додааст. Азбаски тафсири алоҳидаи ҳар як боби асар ва масъалаҳои дар онҳо мунъакисгардида дар ҳаҷми як мақола ғунҷоиш надорад, бинобар ин мо танҳо дар хусуси як мавзӯъ – дӯстӣ ва робитаҳои илмию адабии Ҷомӣ ва Навоӣ таваққуф намудем. Навоӣ дар «Хамсат-ул-мутаҳаййирин»  қайд мекунад, ки «аркони давлат ва уламою вузарои олимақом, ҳатто подшоҳи аср, ба остонаи он  кас, ки қиблаи мақсуд буд, ташриф меоварданд, магар худро мушарраф месохтанд». Барои дидан ва аз суҳбати Ҷомӣ баҳравар шудан натанҳо аз Ҳирот, балки аз шаҳрҳои Мовароуннаҳру Эрон низ шахсони илму маърифатдӯст ҷамъ меомаданд. Навоӣ дар ин хусус навиштааст: «Ба навъе, ки арҷмандони давр ва сарбаландони аҳд ба остони он ҳазрат (Ҷомӣ) рӯ мениҳоданд, илтиҷо меоварданд ва ниёзмандони дигар, хешу пайвандон ҳама чашми худро аз хоки он дар мунаввар месохтанд, ин фақири ҳақир дар зумраи ҷамоати охир сари хиёбон он касро дидам ва ҳамон замон ба гирифтани сабақ аз мухтасари «Рисолаи қофия» муваффақ гардидам». Ин рӯзе буд, ки риштаи дӯстӣ ва робитаи эҷодии Ҷомӣ ва Навоиро то абад пайваст... 
Рӯзе Навоӣ ба назди Ҷомӣ меояд. Дар ин вақт ӯ девони сеюми ашъори худро мураттаб сохта будааст. Ҷомӣ девони ба хати худаш навиштаро ба Навоӣ аз рӯйи илтифот пешкаш мекунад. Навоӣ онро аз назар гузаронида, хоҳиш менамояд, ки Ҷомӣ ба ин девонҳо номи муносиб гузорад. Ин хоҳиши Навоиро устоду дӯсти олиқадраш мепазирад ва девони ашъори худро ба се тақсим намуда, ба онҳо номҳои «Фотиҳат-уш-шубоб», «Васоит-ул-иқд» ва «Хотимат-ул-ҳаёт»-ро мегузорад.
Дар асри Ҷомӣ ва Навоӣ надонистани мусиқӣ барои шоирони ҷавон ва алоқамандони адабиёт кори нораво ва айб буд. Аз ҳамин сабаб бисёр шоирон ва олимон натанҳо мусиқиро нағз менавохтанд, балки доир ба назарияи он таълифоте доштанд. Мавлоно Алии Шоҳбука, Мир Муртоз, Хоҷа Шаҳобиддин, Мавлоно Биноӣ ва чанде дигар доир ба назарияи мусиқӣ рисолаҳо таълиф намудаанд. 
Дӯстӣ ва ҳамкории ин ду марди хирад дар руқъаҳояшон низ ба хубӣ инъикос ёфтааст, ки як қисми онро Навоӣ дар «Хамсат-ул-мутаҳаййирин» меорад. Адади номаҳои дар «Хамсат-ул-мутаҳаййирин» овардаи Навоӣ 29-то буда, 15-тои онҳо ба Ҷомӣ ва 14 тояш ба Навоӣ тааллуқ доранд. Дар ҳамаи он номаҳо рубоӣ, байт ва қитъаҳо дида мешаванд, ки ба мазмуни номаҳо мувофиқ буда, онҳоро Ҷомӣ ва Навоӣ дар пайравӣ ва ҷавоби якдигар навиштаанд.
Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,
Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.

фармудааст шоири бузург Сайидои Насафӣ.
Дар асри XV мисли Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ мураббиёни ғамхоре будаанд, ки боғи илм, адабиёт ва санъати халқҳои мо дар муҳити дӯстӣ ва самимият нашъунумӯъ ёфт ва гул-гул шукуфт. 

Ҳамроқул БЕРДИҚУЛОВ, 
дотсенти Донишгоҳи давлатии Самарқанд.
Анзурат ХОНХӮҶАЕВА,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: