БЕ «ҲУҶҶАТ» СУХАНАТ АСАР НАДОРАД

Солҳои охир дар шаҳраки Гулободи ноҳияи Самарқанд бисёр иншооти хушсохту зебо, дилнишину замонавӣ қад афрохтанд.

Солҳои охир дар шаҳраки Гулободи ноҳияи Самарқанд бисёр иншооти хушсохту зебо, дилнишину замонавӣ қад афрохтанд. Дар яке аз онҳо идораи давлатии бойгонии байниноҳиявӣ ҷойгир аст. Ҳавлии он аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб серодам мебошад. Қариб бист нафар ходимон корафтодагонро қабул карда, мушкили онҳоро ҳал мекунанд. 
– Мо натанҳо ба мардуми ноҳияҳои Ургут, Самарқанд ва Тайлоқ, балки ба муроҷиаткунандагон аз дигар вилоятҳои Ӯзбекистон низ хидмат мекунем, – мегӯяд мудири архив Дилшодҷон Маъмурович. – Зеро дар ҷевонҳо ҳуҷҷатҳои корхонаву ташкилотҳо аз соли 1919 то соли 2018, яъне беш аз як аср вуҷуд дорад. Агар дигар хел карда гӯем, зиёда аз 141 ҳазор ҳуҷҷат дар асоси қонуни бойгонӣ маҳфуз.
– Дилшодҷон, чанде пеш дар вилоят садсолагии идораи архив ҷашн гирифта шуд. «Синни» шумоён ба чанд дакка зад?
– Аз рӯйи ҳуҷҷатҳо идораи мо соли 1932 сабти ном шудааст. Шояд ҳамон солҳо ҳудудҳои ноҳияҳои Тайлоқ ва Ургут ба мо тобеъ буданд, ки мардуми ноҳияҳои мазкур низ ба идораамон ташриф мефармоянд.
– Мардум бештар бо кадом масъалаҳо муроҷиат мекунанд?
– Бештар доир ба қарори замини кишт, манзили зист, барқарорсозии собиқаи меҳнатӣ, миқдори маош, ба номи кӣ будани иншоот ва ғайра муроҷиат мекунанд. Ходимони идора кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки мушкили корафтодагонро ҳал карда, ҳуҷҷати заруриро пешкаш намоянд.
– Яъне ҳозир замоне шудааст, ки «бе ҳуҷҷат суханат асар надорад».
– Бале. Ва ман хеле хушҳол ҳастам, ки дар асоси коғазҳои идораи мо мардум ба мурод  мерасанд.
– Чӣ сабаб шуд, ки шумо бо бойгонӣ сарукор дошта бошед?
– Солҳои таҳсил дар мактаби рақами 5-и деҳаи Қавола (ҳоло рақами 75) ба фанни таърих таваҷҷӯҳ доштам. Пас аз гирифтани номаи камол ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд супурдам, аммо бахт ба рӯям натофт. Ба курси тайёрӣ дохил шудам ва орзуям ҷомаи амал пӯшид. Соли 2014 бо роҳхату дипломи донишгоҳ дар идораи архиви вилоят фаъолияти меҳнатиро оғоз кардам. Аз соли 2019 дар ноҳияи Самарқанд роҳбар ҳастам. Лекин ин таърихи аҷиб дорад. Падари бузургворам то ман сарвар буданд.
– Шумо гуфтанӣ ҳастед, ки пайрави падар ҳастед...
– Ҳамин тавр гӯем ҳам мешавад. Бояд таъкид намуд, ки қиблагоҳам дар ҳамаи масъалаҳо насиҳатгару маслиҳатгар ҳастанд. Охир бузургон панде доранд: «Фарзанд ҳамон кунад ба ҳар ҳол, к-аз модари хешу аз падар дид».
– Оре, падар – ин кони ҳикмату панд, рӯсурхӣ, ифтихори фарзанд аст. Аз қиблагоҳ боз чиҳоро омӯхтед?
– Ҳар пагоҳӣ дуо мегирам. Фурсатҳои фароғатӣ китобҳои таърихиро варақ мезанам. Асарҳои устод С.Айнӣ, Л.Толстой, С.Бородин, А.Қаҳҳор, Н.Думбадзе, Ҷ.Икромӣ ва дигаронро бо завқ мутолиа мекунам. 
Суҳбати мо метафсид, ки чанд нафар иҷозат пурсида ба коргохи сарвари идора ворид шуданд ва барои ҳал шудани масъалаҳо арзи сипос карданд.
– Барои таҷрибаомӯзӣ ба Куриёи Ҷанубӣ азми сафар кардам, – мулоқотро идома дод Дилшод Маъмурович. – Дар Ӯзбекистон аввалин шуда ҷевони навини электронӣ овардам. Ҳоло дар идораи мо шаш компутер, чор дона аппарати нусхабардорӣ (сканер), принтери лазерӣ ва ғайра ҳаст. Чунин дастгоҳҳо муддати хидматрасониро кам мекунад. Ғайр аз он, тавассути почтаҳои электронӣ бо бисёр шаҳру ноҳияҳо ва пойтахт алоқа дорем. 
– Дилшодҷон, таманнои шумо?
– Инак, иди аз ҳама бузург ва муқаддас – 30-солагии истиқлоли кишвар фаро мерасад. Аз номи ҷамоаи аҳли идора тавассути рӯзномаи шумо мардуми Ӯзбекистонро табрик гуфта, тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.

Мусоҳиб 
З.ҲАСАНЗОДА,
мухбири 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: