БЕХАТАРИИ ИТТИЛООТӢ – ДАР МЕҲВАРИ ГУФТУГӮҲО

Шаҳри Тошканд 6 сентябр ба майдони баррасии масъалаҳои амнияти иттилоотӣ дар фазои Созмони ҳамкории Шанхай табдил ёфт.

Дар ин анҷуман, ки нахустин бор баргузор гардид, бештар аз 30 нафар коршиносони варзида ба намояндагӣ аз вазоратҳо, идораҳои дахлдор, доираҳои илмӣ ва академӣ, инчунин таҳлилии кишварҳои СҲШ иштирок карданд.
Ба таъкиди мудири Пажуҳишгоҳи стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ӯзбекистон Элдор Арипов ин нишаст аз чорабиниҳое маҳсуб меёбад, ки маҳз чунин равишҳо, механизмҳо ва воситаҳои муборизаи ҳамаҷониба алайҳи таҳдиду хатарҳо дар соҳаи иттилоотро дар меҳвар қарор додааст Қайд гардид, ки дар замони муосири рақамӣ технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ болоравии бесобиқаи рушди худро аз сар мегузаронанд ва ба тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон, ҷомеа ва давлат ворид мешаванд. Ин албатта, дар заминаи мустаҳкам шудани зербинои моддию техникӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва иқтидори истеҳсолии иқтисодиёт ва, муҳимтар аз ҳама, ба мардум додани донишу малакаҳои нав ба даст хоҳад омад.
Қайд гардид, ки нақшаи чорабиниҳои амалӣ оид ба такмил додани системаи киберамнияти Ӯзбекистон тасдиқ карда шудааст. Дар доираи ин нақша Қонун «Дар бораи киберамният» қабул гардидааст, ки санади асосии танзимкунандаи муносибатҳои ин соҳа унвон гирифтааст. Ин қонун ҳимояи манфиатҳои шахсият, ҷомеа ва давлат аз таҳдидҳои берунӣ ва дохилӣ дар фазои маҷозиро ҳадафи худ қарор додааст.
Ноиби Дабири кулли СҲШ Григорий Логвинов зимни ширкати онлайнӣ иброз намуд, ки СҲШ дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ дар сафи пеш қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ ҳарчанд ин созмон устуворона аз пайи бартараф сохтани истифодаи технологияҳо барои мақсадҳои ғайриқонунӣ равона аст, вале ҳанӯз месазад, ки дар ин росто муштаракан бояд муборизаро вусъат бахшид.
Мудири Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии назди Президенти Қазоқистон Санат Қушқумбоев тазаккур дод, ки  мавзӯи амнияти байналмилалии иттилоотӣ беш аз 15 сол пеш ба рӯзномаи СҲШ ворид шуда буд ва имрӯз яке аз самтҳои асосӣ ва муҳимтарини фаъолияти ин Созмони бонуфуз боқӣ мемонад.
Юлия Коростелева, сардори Раёсати ҳамкориҳои минтақавӣ ва дуҷониба дар соҳаи амнияти байналмилалии иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии Русия дар ҷараёни анҷумани амнияти иттилоотӣ фаъолияти гурӯҳи коршиносони СҲШ оид ба амнияти иттилоотии байналмилалиро хеле муҳим арзёбӣ кард. Ба гуфтаи вай, дар чаҳорчӯби раёсати Ӯзбекистон дар СҲШ Гурӯҳ имкон пайдо намуд, ки барои пешбурди равишҳои ин созмон дар арсаи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ба принсипҳои одилона ва баробарии иттилоот,  амнияти ҳамаи иштирокчиёни он такя кунад.
Анҷумани Тошканд дар се иҷлосия кори худро идома дод. Дар ин иҷлосияҳо масъалаҳои “Васеъ кардани дастрасӣ ба иттилоот омили муҳими рушди ҷомеаи муосир мебошад”, “Таҳдидҳои иттилоотӣ ва идеологӣ ва таҳияи ҷавобҳои муассир” ва “Муҳофизати иншооти муҳими инфрасохтори иттилоотӣ дар шароити рушди динамикии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: