Ҳифзи оромиву осоиштагӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои мардум, таъмини сулҳу салоҳ аз мақсадҳои асосии давлат ба шумор меравад.
Ҳифзи оромиву осоиштагӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои мардум, таъмини сулҳу салоҳ аз мақсадҳои асосии давлат ба шумор меравад. Дар ин самт саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ назаррас аст. Ҳоло сохтори мақомоти корҳои дохилии мамлакат мутобиқи талаби замон такмил ёфта, кормандони соҳа вазифаҳои хешро фидокорона ба анҷом мерасонанд.
Бояд гуфт, ки таҳти сарварии Президент барои афзунсозии самаранокии фаъолияти сохтори корҳои дохилӣ, ба зинаи нав баровардани чорабиниҳои ин самт корҳои зиёд иҷро мешаванд. Хизматҳои профилактикӣ, ҷустуҷӯи фаврӣ, тафтишот, бехатарии ҳаракати роҳ, посбонӣ, хизматҳои пост-патрул, отрядҳои сафарбаркунанда, ки супоришҳои махсусро иҷро мекунанд, аз нав ташкил гардиданд.
Пойгоҳи моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ мустаҳкам гардид. Кормандони соҳа бо воситаҳои алоқа, техника ва таҷҳизоти замонавии ахбору коммуникатсионӣ таъмин карда шуданд.
Ба Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Донишкадаи ҳарбӣ-техникӣ, Донишкадаи бехатарии сӯхтор ҷавонони қобилу қодир қабул мегарданд, онҳо дар асоси стандартҳои муосири таълимӣ илм меомӯзанд.
Ҳамкории байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷамоатҳои худидораи аҳолӣ мустаҳкамтар мешавад.
Тӯли солҳои охир натанҳо маҳорати касбии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ беҳтар шуд, балки ба масъалаи такмил додани донишҳои маънавию маърифатӣ, сиёсиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқии онҳо, инчунин, дастгирии иҷтимоии кормандони соҳа эътибори алоҳида дода мешавад, ки ин кадрҳои ботаҷриба ва дастовардҳоро дар соҳа зиёд мекунад.
Яке аз навгониҳо дар асоси қарори Девони Вазирон аз 23-юми ноябри соли 2017 «Дар бораи чораву тадбирҳои таъмин кардани сайёҳии бехавф дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хива ва Шаҳрисабз» дар вилояти Самарқанд ташкил гардидани чунин бахш дар Садорати корҳои дохилии вилояти Самарқанд мебошад.
Ҳоло дар он 45 нафар хидмат мекунанд.
Бояд гуфт, ки тӯли нӯҳ моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ ба вилояти Самарқанд аз 108 кишвари хориҷӣ ҷамъ 14559 нафар сайёҳон омаданд.
Аз тарафи кормандони Садорати таъмини сайёҳии бехавф дар ин муддат 13 ҳайати намояндагони 8 кишвари хориҷӣ пешвоз гирифта, корҳои таъмини бехавфӣ ва назоратӣ ташкил карда шуданд, сафарҳо дар сатҳи олӣ, воқеаву ҳодисаҳои нохуш гузаштанд.
Дар ин давраи ҳисоботӣ ба кормандони садорат 3625 нафар сайёҳони хориҷӣ бинобар масъалаҳои ёрии тиббӣ, нишон додани манзил ва ғайра муроҷиат карданд.
Дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ба вилояти Самарқанд 165 ҳазору 200 нафар сайёҳони маҳаллӣ омаданд, ба онҳо аз ҷониби кормандони ин садорат ба 3921 нафар сайёҳони маҳаллӣ ёрии амалӣ расонида шуд.
Ғайр аз ин, тӯли нӯҳ моҳ шуъба дар самтҳои гуногун 1988 маротиба тадбирҳои профилактикӣ гузаронд.
Бояд гуфт, ки фаъолияти босамари садорат дар навбати худ барои афзудани шумораи сайёҳон, фароҳам овардани шароитҳои хубу мусоид барои онҳо хизмат мекунад.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти САМАРҚАНД.