БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТИ ҚАТОРАҲО ТАЪМИН МЕГАРДАД

Дар семоҳаи сеюми соли равон барои таъмини бехатарии ҳаракати қатораҳо дар 63 корхонаву ташкилот ва муассиса чорабиниҳои назоратӣ ва корҳои санҷишӣ гузаронидем, то ки дар он барои таъмини бехатарии ҳаракати қатораҳо меъёрҳои нишондодашуда комилан риоя карда шаванд.

Дар семоҳаи сеюми соли равон барои таъмини бехатарии ҳаракати қатораҳо дар 63 корхонаву ташкилот ва муассиса чорабиниҳои назоратӣ ва корҳои санҷишӣ гузаронидем, то ки дар он барои таъмини бехатарии ҳаракати қатораҳо меъёрҳои нишондодашуда комилан риоя карда шаванд. 
Дар давоми санҷиш ходимонамон талош намуданд, ки ба ҷиҳатҳои муҳим аҳамият диҳанд. Яъне, ҳуҷҷатҳои нормативӣ ё меъёрии кори мо тақозо менамоянд, ки ба тартиб даровардани ҳаракати қатораҳо ба сифати таркиби ходимон низ хеле сахт алоқаманд мебошад.
Дар натиҷаи санҷишҳо 3 ҳазору 238 камбудӣ аниқ карда шуд. Инспексия барои бартараф намудани ин камбудиҳо роҳбарони корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳоро қотеъона вазифадор намуд ва муддати бартарафкунии онро муқаррар кард.
Қарор шуд, ки дар фурсати наздик камбудиҳо бартараф шаванд. Дар ин бобат онҳо «харитаи роҳ»-ро кор карда баромаданд.
Инспексия дар баробари он ки таъмини бехатарии интиқоли мусофирон ва бору маводро назорат менамояд, инчунин мунтазам пиёда кардани чорабиниҳои пешгирӣ ё профилактикиро низ дар мадди аввал гузоштааст. Метавон ин ҷо қайд намуд, ки ҷамъияти саҳҳомии “Ӯзбекистон темир йӯллари” якҷоя бо як қатор идораву вазоратҳо 1 ҳазору 267 чорабиниҳои профилактикӣ гузаронид ва ҳамаи он ба таъмини бехатарии ҳаракати қатораҳои мусофиркашон ва борбар нигаронида шуданд.
Зимнан дар ҷараёни баргузории ин чорабиниҳо хавфу хатарҳои эҳтимолӣ дар бархе аз қисматҳои роҳи оҳан пешакӣ аниқ карда шуданд ва ҷиҳати бартараф кардани он чораҳои фаврӣ роҳандозӣ гардиданд. Дар ин чорабиниҳои профилактикӣ 6 ҳазору 400 нафар ходим ширкат намуданд. 
Бар асоси он перомуни таркиб, таъмини барқ, кори муназзами дастгоҳҳои сигнализатсия ва алоқа, инчунин истифода ва ҳифзи воситаҳои техникӣ корҳои шарҳу фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд. Ин гуна бархурд мусоидат хоҳад кард, ки  хавфу хатарҳои эҳтимолӣ ё ногаҳонӣ дар қисматҳои гуногуни роҳи оҳан ҷилавгирӣ карда шаванд.
Ба воситаи роҳандозии чунин чорабиниҳои профилактикӣ донишу маҳорат ва малакаи ходимони роҳи оҳан низ такмил дода мешавад, онҳо дар бораи тағйирот, навигариҳои ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, дар амал истифода намудани он  ва дигаргуниҳо маълумотҳои иловагӣ ба даст меоранд. 
Инспексияи “Ӯзтемирйӯлназорат” барои бехатарии ҳаракати қатораҳои мусофиркашони  қисмати роҳи поездҳои тезгарду босуръати Тошканд – Самарқанд – Қаршӣ – Китоб, Мароқанд – Бухоро аҳамияти вижа медиҳад. Дар се моҳи гузашта бо иштироки 1 ҳазору 328 ходим 290 семинару ҷамъомад ва чорабинии профилактикӣ баргузор гардиданд. Пас аз чунин чорабиниҳо аз тарафи ходимони идораи мо самаранокии кор афзоиш ёфт ва бехатарии интиқоли мусофирону бору мавод  дар чаҳоряки сеюми соли равон ба 75 дарсад коҳиш ёфт. 
Дар натиҷаи ин 54,3 км роҳи оҳан, 816 дона вагон куллан таъмир гардид. 296 дона вагони нав харида шуд, 92 дона локомотив низ аз тармими куллӣ баромад ва 9 дона локомотив харидорӣ шуд. 132 ҳазору 825 дона шпал ё хова ва дар маҷмӯъ релсҳои 113,9 км иваз карда шуданд. Бешубҳа, иҷрои ҳамаи ин корҳо ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ низ таъсири мусбат мегузоранд ва самаранокии кори онҳоро афзоиш медиҳанд.
Ногуфта намонад, ки инспексияи “Ӯзтемирйӯлназорат” барои таъмини бехатарии ҳаракати ҳамаи қатораҳо, ки шабу рӯз ба чаҳор самт одаму бор интиқол медиҳанд, роҳро наздик месозанд, мушкилоти соҳибкоронро осон мегардонанд, тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар намудааст. 

Фирдавс ХАЙРИДДИНОВ,
котиби матбуоти инспексияи “Ӯзтемирйӯлназорат”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: