Президент Шавкат Мирзиёев дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ки яке аз самтҳои муҳимтарини афзоиши шуғл ва даромад мебошад, дар асоси равишҳои стратегӣ эътибори алоҳида дод.
Хабарнигори ӮзА бо вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшед ХӮҶАЕВ дар бораи чораҳое, ки оид ба рушди низом, баланд бардоштани даромади фермеру деҳқонон, бо мева ва сабзавоти босифат таъмин кардани дастурхони аҳолӣ андешида мешаванд, суҳбат орост.
— Президенти кишвар таъкид кард, ки бе баланд бардоштани манфиатдории деҳқонон ва фермерон иқтисодиётро мӯътадил сохтан ғайриимкон аст. Аз байн бурдани фармоиши давлатӣ ба тайёр кардани пахта ва ғалла, тадриҷан диверсификатсия кардани механизми ҷойгиркунӣ муайян гардиданд. Ин раванд чӣ гуна ба амал татбиқ хоҳад гардид?
— Аз соли 2020-ум бекор карда шудани фармоиши давлатии пахта ва ғалладона дар ҳаёти 60 фоизи аҳолии мамлакатамон як гардиши куллие хоҳад гардид. Албатта, ин ислоҳот дар соҳа як навгонии инқилобии молики аҳамияти стратегӣ шуд. Бо ташаббуси сарвари давлатамон соҳаи пахтакорӣ ба қарибӣ пурра ба низоми кластерӣ гузаронда шуда, онҳо дар асоси талаботи бозор пахта хоҳанд рӯёнд.
Дар ҷамъомад таҳти роҳбарии Президентамон, ки 4 феврали соли ҷорӣ оид ба масъалаҳои рушди минбаъдаи кластерҳо дар соҳаи кишоварзӣ баргузор гардид, бинобар муайян кардани мақоми ҳуқуқии кластерҳо, интихоби онҳо, ҷорӣ намудани механизмҳои шаффофи барқарор кардани муносибат бо фермерон муайян карда шуданд. Вазифаи дар пахтакорӣ, пеш аз ҳама, муайян намудани манфиатдорӣ гузошта шуд. Ин, албатта, бесабаб нест. Фермерони ботаҷрибаи мо дар маҳалҳо фаъолият нишон медиҳанд, кластерҳои нави махсуси кишоварзӣ ташкил карда мешаванд. Онҳо бо назардошти манфиати худ пахта истеҳсол намуда, онро аз нав кор карда, ба содирот мебароранд.
Бо ин мақсад, имсол дар 81 ҳазор гектар замин ба тариқи таҷриба бо иштироки фермерон кооператсия ташкил мекунем. Тавассути ин, мо мақсад дорем, дар соҳа муҳити солими рақобат фароҳам оварем.
Дар дурнамои наздик таҳия намудани лоиҳаҳои санадҳои меъёрии дахлдор ба нақша гирифта шудааст. Дар он вазифаҳои ҷорӣ намудани механизмҳои нав муайян хоҳанд шуд. Якум, пахта аз рӯи нархи бозори ҷаҳонӣ фурӯхта мешавад. Дуюм, барои пахта ягон нақша муайян карда нахоҳад шуд, фермерону кластерҳо на барои нақша, балки барои манфиат, фоидаи худ кор мекунанд.
Дар ҷойгиркунии зироатҳои кишоварзӣ низ рақобат ба миён хоҳад омад. Кадом намуди маҳсулот бозорбоб ва серхаридор бошанд, бештар кошта мешаванд. Аз ин рӯ, рӯёндани маҳсулоти кишоварзӣ мутобиқи шароити иқлим тақсим карда мешавад.
— Ҳадафҳои Вазорат дар гузаронидани ин гуна ислоҳоти куллӣ дар соҳаи кишоварзии кишвар аз чӣ иборатанд? Ба мо дар бораи механизми татбиқи корҳо дар ин бобат нақл мекардед?
— То соли 2023 мо низоми дуруст ҷойгир кардани зироат ва таъмин кардани кишти саривақтии онро зина ба зина диверсификатсия мекунем. Албатта, ҷараёни гузаштан аз фармоиши давлатӣ осон нахоҳад буд. Барои ин мо бояд хоҷагии қишлоқи рақобатпазирро офарем. Ҳамзамон, Вазорати кишоварзӣ бояд ба як созмоне табдил ёбад, ки ба фермерон ёрӣ расонда, кӯмакчии наздики онҳо гардад. Бо таъбири Президентамон гӯем, Вазорати кишоварзӣ, ҳамчун як ташкилоти хизматрасонӣ ба ташкилотҳои хусусии агросанот дар интихоби намудҳои зироат ва тухмиҳо, мубориза бо зараррасонҳо, кӯмаки молиявӣ ва дарёфти бозорҳои маҳсулот кор пеш барад.
Дар ин бобат бо коршиносон ба кор шурӯъ намудем. Масалан, тибқи созишномаҳои аввалин бо ширкати «Бостон консалтинг групп» мо харитаи ҷуғрофии ҳар як ноҳияро тибқи шароити табииву иқлим ва хок ҷойгирсозии оптималии боғу токзори интенсивӣ ва сабзавоту полизиҳо таҳия намудем. Илова бар ин, мо мақсад дорем, ки дар бозори хориҷӣ бо маҳсулоти ватанӣ мавқеи мустаҳкам дошта бошем. Имрӯзҳо мо консепсияеро омода карда истодаем, ки ба саволи дар бозорҳои хориҷӣ чӣ гуна мева ва сабзавотҳоро фурӯхта метавонем, ҷавоб медиҳад. Мо аввал ин консепсияро дар хоҷагиҳои фермерӣ ва кластерҳои нав ҷорӣ хоҳем кард.
— Дигаргунсозиҳои соҳаи кишоварзӣ ва татбиқи лоиҳаҳои пешомаднок ба деҳқонон ва мардум чӣ гуна фоида меорад?
— Пеш аз ҳама, даромади аҳолӣ, ки аз кишти замин мегиранд, афзоиш хоҳад ёфт. Шароити фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои бозорӣ фароҳам оварда мешавад. Ин маънои онро дорад, ки муҳити рақобат ташаккул хоҳад ёфт. Имкониятҳои парвариши зироатҳои хушсифат ва серхаридор васеъ мегардад.
Дар бозори дохилӣ талаботи аҳолӣ қонеъ гардонда мешаванд, ҳаҷми истеҳсол афзоиш хоҳад ёфт, ки ба туфайли он сатҳи инфлятсия ва арзиши аслии маҳсулот коҳиш меёбад.
— Дар маҷлисе, ки 4 феврали соли равон таҳти роҳбарии Президент баргузор гардид, тадбирҳо оид ба муайян намудани вазъи ҳуқуқии кластерҳо ва ҷорӣ намудани механизмҳои ба роҳ мондани муносибати бевосита бо фермерҳо муайян карда шуданд. Лутфан, дар бораи кор дар ин самт нақл мекардед.
— Дар ҷамъомад Президент бисёр вазифаҳои марбут ба соҳаро муайян намуд. Ҳадафи фароҳам овардани низоми нави таъмини рақобат ва диверсификатсияи маҳсулот гузошта шуд. Талаби дигари замон ташкили кластерҳо дар боғдорӣ мебошад.
Чанд моҳ пеш бо ташаббуси сарвари давлат гурӯҳҳои корӣ оид ба омӯхтани вазъ дар маҳалҳо таъсис дода шуданд. Якҷоя бо онҳо мо бо содиркунандагони мева ва сабзавот, намояндагони корхонаҳои азнавкоркард, ки анборҳои яхдон доранд, гуфтушунид кардем. Раванди диверсификатсияро танҳо давлат гузаронда наметавонад. Пас аз гузаштан ба иқтисоди бозаргонӣ, онро бояд корхонаҳои молтайёркунӣ ва азнавкоркарди маҳсулот амалӣ кунанд.
Аз ин рӯ, барои дар асоси низоми нав мо беш аз 150 харидор ва корхонаи коркардро интихоб кардем. Дар соли 2020 ҳамроҳи онҳо мо ба тариқи таҷриба ба харид, азнавкоркард ва содироти маҳсулот машғул мешавем. Ҳамзамон, як қатор вазорату идораҳо дар ҷудо кардани маблағи гардон, омӯзиши бозори хориҷӣ ва содирот кӯмак хоҳанд расонд. Умедворем, ки дар охири сол дар асоси натиҷаҳои корҳои анҷомдода мо ин низомро дар тамоми ҷумҳурӣ ҷорӣ хоҳем кард.
Солҳои охир дар кишвар ба рушди боғдорӣ таваҷҷӯҳи зиёд дода мешавад. Боғҳои интенсивӣ доман густурданд, гармхонаҳои муосир сохта шуданд, анборҳои яхдонӣ, марказҳои логистикӣ, коркарди амиқ, андозакунӣ, ба навъ ҷудокунӣ ва бандубасти маҳсулот ба кор дароварда шуда, системаи обёрӣ такмил ёфт. Аммо, ҳамаи ин танҳо 30-40 фоизро ташкил медиҳад, зеро ҳамкорӣ байни деҳқонон, фермерҳо ва ташкилотҳои азнавкоркард барқарор нашудааст.
Бо шарофати диққати роҳбари давлат ҳоло байни кластерҳо ва фермерҳо муносибатҳои шартномавӣ барқарор карда мешаванд. Кластерҳо бояд хоҷагиҳои фермерии ба онҳо вогузоршударо бо тухмиҳои баландсифат, ниҳолҳо, масолеҳи сӯзишворию равғанкунӣ, нуриҳои минералӣ таъмин намоянд, то ки хоҷагиҳо имконияти рӯёндани маҳсулоти баландсифат, ба содирот нигаронидашударо дошта, корҳои саривақтии кишоварзиро бо ҷалби мутахассисони таҷрибадор анҷом диҳанд. Дар натиҷаи ин гуна чорабиниҳо маҳсулоти тайёр серхаридор хоҳад гардид.
Татбиқи ислоҳоти мазкур дар соҳаи кишоварзии кишвар имкон медиҳад, ки сатҳи зиндагии мардум баланд бардошта, ба соҳа васеъ ҷорӣ кардани механизмҳои бозорӣ таъмин карда шавад.
Мусоҳиб,
А. МУСОЕВ,
мухбири ӮзА.