БЕМАСЪУЛИЯТӢ КУЛФАТ МЕОВАРАД

Солҳои охир дар сартосари мамлакат ҳодисаҳои нохуш ва ҳатто фавти одамон вобаста ба газ ва бӯйи он зуд-зуд мушоҳида мегардад.

Ба хусус афзудани миқдори фавти шаҳрвандон ташвишовар аст. Сабаби афзудани ин қабил ҳодисаҳои нохуш аз ба талаботи замон ҷавоб надодани таҷҳизоти техникист ё мо то ҳол тарзи дурусти истифода аз ин таҷҳизотро намедонем?..  Бо вуҷуди дар ҳар мавсими тирамоҳу зимистон дар мамлакат ба роҳ монда шудани чорабиниҳои тарғиботиву профилактикӣ, машқҳои таълимӣ ва семинарҳо таҳти мавзӯъҳои «Моҳонаи истифодабарии бехавф аз газ», «Истифодаи дуруст аз газ – кафолати бехавфии мо» ва ғайра ин муаммо боқӣ мемонад. Ҳамарӯза дар шабакаҳои телевизионӣ видеонаворҳо оид ба рафтор ва ҳаракати шаҳрвандон ҳангоми сар задани ҳодисаҳои нохуши вобаста ба газ намоиш дода мешаванд. Бояд мо баъди тамошои онҳо андеша кунем, нисбат ба чунин ҳодисаҳои нохуш бефарқ набошем. 
Бинобар таъкиди мутахассисони соҳа, бӯйи газ (СО) беранг ва дорои омехтаи заҳрдор буда, дар натиҷаи пурра насӯхтани гази табиӣ, сӯзишворӣ, ангишт, лахчаи ҳезум ҳосил мегардад. Дар таркиби дуд 3 фоиз, дар таркиби гази носӯхта 13 фоиз, дар таркиби газҳои тарканда бошад, 50-60 фоиз бӯй вуҷуд дорад. Он ба организми инсон тавассути узвҳои нафас таъсир мерасонад. Ин газ нисбат ба гемоглобин ва оксиген 300 маротиба бештар омехтаи пурқувват – карбоксигемоглобин ҳосил мекунад. Дар таркиби ҳавои нафасгиранда пайдо шудани 0,1 фоиз бӯйи газ боиси марги одам шуданаш мумкин аст. 
Мувофиқи маълумоти Вазорати вазъиятҳои фавқулодда аз 1 ноябри соли 2018-ум қарори махсуси Девони Вазирон қабул гардида буд. Мувофиқи он бобати ба миқёси васеи аҳолӣ фаҳмонидани қоидаҳои истифодаи бехавфи газ ва пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуш, ки аз истифодабарии нодурусти он сар мезананд, ба ташкилотҳои масъул супоришҳо дода шуданд. Ғайр аз ин, аз ҷумлаи роҳбарони вазорат ва идораҳои ваколатдор таҳти роҳбарии муовини аввали Сарвазир А.Раматов комиссия созмон дода шудааст, ки алҳол корҳои васеъмиқёсро амалӣ менамояд. Аъзои комиссия бобати риоя кардан ба талаботи бехатарии тарзи истифодабарӣ аз маҳсулоти сӯзишворӣ ва сохтори гармидиҳӣ, ҳамчунин пешгирӣ кардани ҳодисаҳои нохуш дар манзилҳои истиқоматии аҳолӣ корҳои зиёдро иҷро мекунанд.   
– Ҳангоми истифода аз плитаи газ, дудбаро бояд дар ҳолати хуб ва нағз кор кунад, – мегӯяд инспектори калони шуъбаи бехатарӣ аз сӯхтори шаҳри Янгийӯли вилояти Тошканд Мирзоалӣ Ибодуллоев. – Аз моҳи ноябри соли 2018 то имрӯз дар ҳудуди шаҳри Янгийӯл бинобар пешгирӣ аз заҳролудшавӣ бо газ тақрибан 13 ҳазор манзили истиқоматӣ ва биноҳои бисёрошёнаи аҳолӣ аз назорат гузаронда шуданд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксар аз рӯи одат ба як ҷиҳати муҳим беэътибор мебошанд. Пеш аз мавсими гармидиҳӣ аҳолӣ бояд газ ва асбобу таҷҳизоти газӣ, дудбаро ва мӯриҳоро аз назорати мутахассисони соҳа гузаронанд. Ба фикрам, агар аҳолӣ ва ходимони ташкилотҳои масъул масъулиятро ҳис намуда, ҳамкориро ба роҳ монанд, мувофиқи мақсад мешавад.  
Бинобар ақидаи мутахассисони соҳа сабабҳои асосие, ки ба заҳролудшавӣ аз бӯйи газ мусоидат мекунанд, ин аз вайрон шудани қоидаҳои истифодабарӣ аз бухориҳои гармидиҳӣ, дудбарои носоз, кӯҳнагии дастгоҳҳои гармидеҳ, дар ҳолати кушод беназорат гузоштани таҷҳизоти гази маишӣ, ба мақсади гарм кардани хонаҳо истифода бурдан аз дастгоҳҳои гази маишӣ ва ғайра мебошанд. 
Хоболудӣ, чарх задани сар, дарди сар, азхудравӣ, сиёҳӣ задани чашм, паст шудани қобилияти шунавоӣ, нафасгирӣ, сурфа, табларза аз аломатҳое мебошанд, ки бинобар заҳролудшавӣ аз бӯйи газ сар мезананд. Мутахассисон таъкид менамоянд, ки ҳангоми сар задани чунин ҳодисаҳо ҷабрдидагон бояд зуд аз макони газдор ба ҳавои тоза бароварда шаванд, ҳавои тоза, кушодани дару тиреза мувофиқи мақсад аст.  
Бояд гуфт, ки чанде қабл дар мамлакат истеҳсоли дастгоҳи огоҳикунанда аз бӯйи газ ба роҳ монда шуд. Бинобар таъкиди мутахассисони соҳа ин дастгоҳ ба сифати воситаи иловагии кӯмакрасонӣ ва пешгирӣ кардани ҳодисаҳои нохуши заҳролудшавӣ эътибори алоҳида дорад. 
– Истеҳсоли дастгоҳи HOME-GS, яъне воситаи кӯмакрасони огоҳикунандаи газ алҳол дар вилояти Намангон ба роҳ монда шудааст ва ҳамчун воситаи ҳимоя ба манзилҳои истиқоматии аҳолӣ васл карда мешавад, – мегӯяд директори ҶММ «Хавфсиз қулай ҳаёт»-и шаҳри Янгийӯли вилояти Тошканд Ҷаҳонгир Тӯйчиев. – Дастгоҳ сабук ва мӯҷаз аст. Аз ин рӯ, васл кардани он ба сохтори махсуси гармидиҳии хона душворӣ эҷод намекунад. Он аз пайдо шудани хавфи газ, бӯйи он ва гази пропан хабар медиҳад ва онро худаш аз шабака ҷудо мекунад. Ғайр аз ин, ҳангоми пайдо шудани бӯйи газ, агар дар хона касе набошад, дастгоҳ бе иштироки инсон газро аз шабака ҷудо ва хавфро бартараф мекунад. Дастгоҳи дигаре низ истеҳсол карда мешавад, ки вай махсус барои автомобилҳоест, ки бо газ ҳаракат мекунанд ва ронандагонро аз хавф ва бӯйи газ огоҳ менамояд. 

М.МИРМАҲМАДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: