Боре фарроши идора Сафияойтӣ бемор шуда, ба кор наомад.
Бонувон хостанд барои беморбинӣ ба хонааш раванд. Аз ин мақсади занону духтарон мухбири рӯзнома Комил Ҷӯразода хабардор шуда гуфт:
– Ман ҳам ҳамроҳатон меравам!
– Ие, чӣ хел мешавад? – ҳайрон шуда пурсид Дилафрӯзи ҳамкорамон. – Байни занҳо барои як худатон ноқулай нест?
– Не, Сафияойтӣ бемор шудаанду ман наравам, виҷдонам азоб медиҳад. Илтимос, ман ҳам равам. Аз боғамон меваҳои тару тоза меорам.
Сафияойтӣ аз ташрифи меҳмонҳо хурсанд шуд. Маълум гардид, ки Комилака бо Сафияойтӣ ҳатто хеш будаанд.
Пас аз чанд муддат ҳуруфчини идора Лола Раҳимова бемор шуд. Ҳамкорон ба воситаи телефон аҳволпурсӣ карданд. Бонувон боз маслиҳат карда, рӯзи беморбиниро аниқ карданд.
– Лола, мо шуморо касалбинӣ рафтанӣ, – нохост ҳангоми гуфтугӯи телефонӣ Сафияойтии содда сирро фош кард...
Лолаойтӣ ба ман занг зада гуфт:
– Дилрабо, аз дидоратон хурсанд мешавам, шумоёнро пазмон шудаам. Фақат илтимос, мардҳо наоянд. Чунки шавҳарам бадрашк.
– Кай ба касалбинӣ мераветон? – мепурсид ҳар рӯз Комил Ҷӯразода. – Агар бе ман равед аз шумоён меранҷам. Бо Лола мо хоҳару додар. Аз солҳои аввали таъсиси рӯзнома ҳамроҳ кор кардаем.
Бонувон бисёр фикр карданд. Агар ба беморбинӣ аз Комилака пинҳонӣ раванд, Комилака меранҷад, агар Комилакаро ҳамроҳ баранд, дар оилаи Лолаойтӣ ҷанҷол мешавад. Чӣ бояд кард?
– Ба касалбинӣ намеравем! – гуфтам ин дафъа ба пурсиши Комил Ҷӯразода. – Агар Лолаойтӣ ба кор оянд, касалбиниро дар ҳамин ҷо ташкил мекунем!
– Чаро ба хонаашон намеравем? – пурсид Комилака.
– Комилака, ба хонаашон равем, мо дастовез тайёр мекунем, пул сарф мешавад, – фаҳмондам. – Лолаойтӣ ҳам меҳмоннавозӣ мекунанд. Хароҷот мешавад. Агар дар ошхонаи идора ташкил намоем, ҳар кас аз ҳисоби худаш хӯрок мехӯрад. Фақат маросимро аз рӯйи сенарияи махсус хотирмон мегузаронем. Кайфияти Лолаойтиро мебардорем.
Ин фикр ба Комилака маъқул афтод. Ӯ сиҳат шуда ба кор баромадани Лолаойтиро бесаброна интизор мешуд.
Он рӯз ҳам фаро расид. Ҳамкорон аз дари даромади идора Лолаойтиро бо хурсандӣ пешвоз гирифтанд. Вақти пешин ҳамаро ба маросими «касалбинӣ» таклиф намуданд. Дар атрофи миз ҳамкорон ҷамъ омаданд. Маросими «касалбинӣ»-ро Комил Ҷӯразода кушода, сухани аввалинро ба сармуҳаррири рӯзнома дод. Ҳар кас бо навбат сухан карда, ба Лолаойтӣ сиҳатии комил мехост ва дуо мекард, ки дигар бемор нашавад. Комилака бо латифаҳо ба давра хурсандӣ мебахшид. Ҳангоми даст ба дуо бардоштан низ Лолаойтиро дуо карданд.
– Дилрабо, раҳмат ба шумо! – дар охир хитоб кард ходим Ҷамшед Обидов. – Бо ташаббуси шумо дар ҳаётам бори аввал дар маросими «касалбинӣ» иштирок мекунам. Акнун донистам, ки ҳамин хел маросим ҳам будааст.
Дилрабо НАСИМӢ, вилояти САМАРҚАНД.