Дар роҳи таҳким бахшидани саломатии репродуктивии аҳолӣ, хусусан, ҳарҷониба солим ба воя расондани ҷавонон, дар мамлакатамон корҳои муҳим ба амал бароварда мешаванд.
Инро дар мисоли беморхонаи бисёрсоҳаи бачагонаи шаҳр низ дидан мумкин.
Дар ифтитоҳи муассисаи нави тиббӣ иҷрокунандаи вазифаи вазири ҳифзи тандурустӣ Асилбек Худоёров, муовинҳои ҳокими шаҳр Дурдона Раҳимова ва Шаҳноза Султонова, масъулини Раёсати ҳифзи тандурустии шаҳр, иттиҳодияҳои тиббии ноҳия ва дигарон ширкат варзиданд.
Дар ин марказ, ки дорои 500 кат мебошад, ба кӯдакон ҳама гуна хидматрасонии босифати тиббӣ расонида мешавад. Хонаҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, дастгоҳҳои ташхисӣ муҷаҳҳаз буда, бо ходимони зарурӣ таъмин гаштааст.
Аз ҷумла, дар муассиса шуъбаҳои отоларингология, травматология ва ортопедия, соматика, нефрология ва гемодиализ, неврология, тавонбахшӣ, ёрии паллиативӣ, гастроэнтерология, бемориҳои сироятӣ, реаниматсия ва ташхису лаборатория мавҷуд аст.
Шуъбаи ташхиси марказ, ҳамчунин бо таҷҳизоти муосири тиббӣ аз қабили томографи магнитӣ-резонансӣ (МРТ), томографияи компютерии мултиспиралӣ (МКТ), рентгени рақамӣ, дастгоҳи ташхиси ултрасадо (УТТ) муҷаҳҳаз мебошад.
Дар ин беморхона, бо мақсади расонидани ёрии зарурӣ ба беморони ниёзманди ёрии таъҷилӣ, утоқҳои «Ёрии таъҷилӣ» мавҷуданд.
Матн ва сурати
Д. ШУҲРАТЗОД.