БЕМОРИЕ, КИ САБАБИ ОН БЕЭЪТИБОРӢ АСТ

Ба сабаби он, ки бемориҳои занбӯруғӣ сол аз сол авҷ мегиранд, олимони тиб асри XXI-ро асри мубориза бар зидди бемориҳои занбӯруғӣ номидаанд.

 Бемориҳои занбӯруғӣ аз бемориҳоеанд, ки паҳншавиашон осону табобаташ мушкил аст.
Инак, фикру мулоҳизаҳои мутахассисро оиди бемориҳои занбӯруғӣ, сабаби сар задан, оқибат ва пешгирии онҳо ба хонандагон пешниҳод менамоем.
Ин беморӣ яке аз мушкилиҳои соҳаи тиб ба шумор меравад.  То ҳол зиёда аз 5 ҳазор навъи ин беморӣ мушаххас гардидааст. Сабаби сирояти занбӯруғ дар шаҳр пойафзор бошад, дар деҳот ҷонваронанд. Манбаи асосии занбӯруғ асосан ҷонварони хонагӣ, бахусус пӯсти онҳо мебошад.
Касалӣ ба бачаҳо ҳангоми бозӣ бо саг ё гурбаи аз назорати тиббӣ нагузашта сироят мекунад. Аз ин рӯ, аз хурдтаракон бояд талаб карда шавад, ки ба қоидаҳои гигиена ҳамеша риоя кунанд. Занбӯруғ нисбат ба ҳавои хушку хунук, бештар дар намӣ ва ҳавои гарм «болу пар» мекушояд. Ҳаммомҳо манбаи ин касалӣ шуда метавонанд.
Таҷрибаҳо нишон доданд, ки занбӯруғҳои хушки 5-10 сол дар коғазхалта боқимонда, баъди ба пӯст афтидан, метавонанд касалиро азнав зинда созанд, ки онро таъсири дуру дарози нури офтоб нест карда метавонад.
Дар тиб навъи занбӯруғи панҷаи пой бештар ба назар мерасад. Бино ба маълумоти Кумитаи ҳифзи тандурустии ҷаҳон ин намуди занбӯруғ солҳои охир 3-4 маротиба зиёд шудааст, ки сабаби асосии он арақ кардан ва шикаст ёфтани пой мебошад. Аз ин рӯ, дар иқлими гарм пойафзори пӯшида ва ё танг тавсия дода намешавад.
Занбӯруғ дар натиҷаи хориши пой ба даст, аз он ба сар ва аъзои дигари бадан мегузарад. Он мӯйи сарро мерезонад, дар ҷойи рехтаи мӯй захмҳои фасоднок пайдо шуданашон аз эҳтимол дур нест. 
Маълум, ки варзишгоҳҳо асосан бо таҷҳизоти сунъӣ ҷиҳозонида мешаванд. Ашёҳои сунъӣ низ пойро арақ мекунонад. Дар чунин ҳолат ҷараёни гузаштани занбӯруғ ба пойи солим осон мегардад. Агар бемор ба дард, хориш ва ё варами пой беэътиноӣ кунад, бо гузашти вақт нохунҳои пойи ӯ низ осеб мебинанд, рангашон хира гашта, каҷу килеб мешаванд. Нохунҳо ба гӯшти пой даромада, захм пайдо мекунонанд. Пойафзори чунин бемор манбаи асосии паҳншавии занбӯруғ шуда метавонад. Пӯшидани пойафзори каси дигар, ҳатто баъд аз чанд сол, сабаби сирояти ин беморӣ мегардад.
Аз он ки панҷаҳои пояшон безеб аст, баъзе беморон дар рӯзҳои гарми тобистон низ пойафзори пӯшида мепӯшанд, ки ба авҷ гирифтани беморӣ замина мегузорад. Бемориҳои занбӯруғӣ табобати дуру дарозро талаб мекунанд. Солҳои пеш нохуни панҷаҳои осебдида бо роҳи ҷарроҳӣ гирифта мешуд ва баъзан боз чунин нохунҳо мебаромаданд. Ҳоло дар натиҷаи пешрафти соҳаи тиб ин беморӣ пурра муолиҷа карда мешавад. Аммо муолиҷа вақти дуру дароз ва маблағи зиёдро талаб мекунад.
Халқамон мақоли хубе дорад – «илоҷи воқеа – пеш аз вуқӯъ». Барои пешгирии бемории мазкур бояд ҳамеша ба қоидаи тозагӣ риоя карда шавад. Ба бемории мазкур ҳар қадар пештар ташхис гузошта шавад, табобати он низ ба зудӣ анҷом меёбад. Бемор дар баробари хориши панҷаҳои пойро ҳис кардан, бояд ба шифокор муроҷиат намояд. Пойафзор ва ҷуробро аз матои табиӣ интихоб намуда, сари чанд вақт ба офтобрӯя гузоштан лозим. Ин амал ба муолиҷаи ҳар чӣ зудтари бемориҳои занбӯруғӣ мусоидат менамояд.

Эгамбердӣ ЭШБОЕВ,
дерматовенеролог,
доктори илмҳои тиб, профессор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: