БЕМОРИИ ДИАБЕТИ ҚАНД ЧӢ ГУНА НИШОНАҲО ДОРАД?

14 ноябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза бо диабети қанд дониста мешавад. Тибқи таҳлилҳои коршиносон, дар ҷаҳон гирифторони бемории диабети қанд сол ба сол меафзояд.

Ба андешаи мутахассисон, диабет гурӯҳи бемориҳои метаболикӣ (мубодилаҳои моддаҳо) мебошад, ки ба он баландшавии қанди хун хос буда, дар натиҷа иллати тарашшуҳи нисбӣ ё мутлақи инсулин ба амал меояд. Дар натиҷа тағйирёбии мубодилаи моддаҳо дар ғадуд ба амал омада, он сабаби вайроншавии вазифаи раг ва торҳои асаб мегардад.

Бемории диабети қанд ду навъ мешавад: диабети қанди навъи 1 — беморие, ки бар асари он ғадуди зери меъда аз худ инсулин ҷудо намекунад ва дар натиҷаи ин ба бадани бемор доруи инсулин гузарондан зарур меояд. Диабети қанди навъи 2 — беморие, ки бар асари он ғадуди зери меъда аз худ кам инсулин ҷудо мекунад ва ин беморро водор месозад, ки барои кам шудани миқдори қанди хунаш дору истеъмол намояд ё бо таъйиноти духтур ба баданаш доруи инсулин гузаронад.

Дар ҷаҳон гирифторшавии инсонҳо ба навъи якуми ин беморӣ тақрибан 10 фоизро ташкил медиҳад. Беш аз 90 фоизи беморон гирифтори навъи дуюми он мебошанд.

Навъи дуюми ин беморӣ чунин хусусият дорад, ки инсон гирифтори бемории диабети қанд буданашро танҳо давоми 4 ё 7 сол- баъди муайян шудани оризаҳо ва ташхис мефаҳмад.

Ба гурӯҳи диабети қанди ба инсулин вобаста асосан кӯдакони навзод ва наврасону ҷавонони то 30-35-сола гирифтор мешаванд. Чунки бетаҳуҷайраи ғадуди зери меъдаи ин гуна беморон  инсулин ҳосил намекунад ё ҳосилнокиашон хеле кам аст, ки  миқдори муайяни қандро ба ҳуҷайраҳо расонида наметавонад. Дар ин ҳолат қанди хун зиёд мешавад. Аз ин лиҳоз онҳо ба инсулин вобаста мешаванд. Бетаҳуҷайраи ғадуди зери меъдаи беморони диабети қанде, ки  ба инсулин вобаста нестанд,  инсулин ҳосил менамояд, аммо дар чунин беморон инсулин вазифаи худро иҷро карда наметавонад. Ба ин гурӯҳ шахсони аз 40-45-сола боло гирифтор мешаванд.

Омилҳои гирифтор шудан ба бемории диабети қанд хеле зиёд мебошанд. Ин беморӣ ирсӣ низ мебошад. Яъне бемории диабети қанд- ин бемории генетикие аст, ки аз насл ба насл мегузарад. Омилҳои дигар ҳолатҳои зиёди стресс, қабули аз меъёр зиёди хӯрок ва камҳаракатӣ мебошанд.

Нишонаҳои аввалини беморӣ- хушк шудани даҳон, ташнагӣ–яъне талабот ба обнӯшӣ зиёд шуда, пешоб низ меафзояд. Нишонаҳои дигар-нозук шудан ва афтидани дандонҳо, дер шифо ёфтани захмҳо ва ғайра мебошанд. Бояд дар хотир дошт, ки бемории диабети қанди навъи дуюм метавонад бе аломат пайдо шавад. Аз ин хотир шахсони аз 40-сола боло бояд камаш соле як ё ду маротиба аз санҷиши қанди хун гузаранд.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ҳар инсон бояд тарзи ҳаёти солимро пеш баранд. Яъне бояд ба варзиш машғул шуда, меваю сабзавотро бештар истеъмол намуд. Сайру гашт дар ҳавои тоза низ хеле муфид аст. Инчунин бояд аз хӯрокҳои зудтайёр ва ё таоми дуюм худдорӣ кард.

Табибон мегӯянд, ки диабети қанд бемории табобатшаванда буда, вале пурра нест намешавад. Бемории диабети қанд мисли бемории баландшавии фишори хун ва баланд шудани чарбуҳои хун табобати доимӣ талаб мекунад. Дар ҳолати сари вақт табобат шудан ҷараёни беморӣ метавонад сабук гузарад ва оризаҳои беморӣ камтар шаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: