БЕМОРИИ ОНКОЛОГӢ «ҶАВОН»-ТАР МЕГАРДАД

Дар Тошканд бобати роҳҳои пешгирӣ ва муолиҷаи одамони мубталои бемориҳои онкологӣ анҷуман баргузор шуд.

 Гуфта шуд, чизи асосие, ки бояд дар пешгирии бемориҳои онкологӣ анҷом дод, гузаронидани муоинаи профилактикӣ дар байни аҳолӣ мебошад. Зеро бемориҳои онкологӣ имрӯз ба насли нисбатан ҷавонтар таҳдид намудааст, ҳатто дар байни занҳо теъдоди мубталоёни ин гуна бемориҳо афзоиш меёбад.

Ин конфронс таҳти унвони «Дастовардҳои  MIOT CHRISTIE дар соҳаи онкология» барпо шуд. Гуфта мешавад, Бунеди Christie NHS табобатеро пешниҳод мекунад, ки ҳеҷ як беморхонаи дигари ҷаҳон дар робита ба табобати саратон таъмин карда наметавонад.
Дар конфронс ба ҳайси яке аз сабабҳои пайдоиши ин беморӣ моддаҳои кантсерогении саратон зикр гардид. Ба гуфтаи мутахассисон дар ғизо ва нӯшокиҳое, ки мардуми мо истеъмол мекунанд, инчунин дар ҳавои нафасгиранда бисёр кантсерогенҳои заҳролуд мавҷуданд. 
Ба ақидаи онҳо бемориҳои гуногуни вирусӣ ва бактериявӣ низ метавонанд ба рушди баъзе намудҳои бемориҳои онкологӣ ё саратон оварда расонанд. 
Стресс ё фишори равонӣ яке аз сабабҳои дигари пайдоиши бемориҳои саратон мебошад. Дар баробари ин, бефаъолиятӣ, хӯрдану хоб рафтан ва аз ҳад зиёд фарбеҳшавии инсон низ метавонанд боиси пайдо шудани беморӣ гардад. 
– Дарвоқеъ, бемориҳои онкологӣ чун дар тамоми ҷаҳон дар кишвари мо низ сол то сол зиёд мешаванд. Ҳамасола дар саросари ҷаҳон дасткам бист миллион беморон ба қайд гирифта мешаванд. Бояд чораҷӯӣ намуд, ки пеши роҳи паҳншавии ин бемории хавфнок гирифта шавад. Барои ин дар байни аҳолӣ фарҳанги саломатиро бештар бояд тарғибу ташвиқ намуд, – гуфт мудири кафедраи онкологияи Академияи тиббии Тошканд, шифокори шуъбаи кимё-терапияи ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи онкология ва радиологияи илмию амалӣ, доктори фалсафа оиди фанҳои тиб  Дилбар Алмуродова.
Дар конфронс аз Тоҷикистони ҳамҷавор 52 нафар мутахассисони соҳаҳои гуногуни тиб ширкат варзиданд. Онҳо дар конфронс  ба диққати иштирокчиёни он панҷ маърӯзаи илмӣ тақдим намуданд.
– Дар маърӯзаҳои мутахассисони мо маҳз роҳҳои пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои онкологӣ дар замони муосир матраҳ гардиданд, – изҳор кард муовини директори Муассисаи давлатии Маркази илмии саратоншиносии Тоҷикистон Акбар Муродов.
Дар конфронс боз як омили муҳим қайд карда шуд. Шумораи аҳолии ҷаҳон сол то сол зиёд шуда, дарозии умри аҳолӣ низ меафзояд. Масалан, соли 1975 аҳолии кураи замин 4 миллиард нафар буд, ҳоло ин рақам ба 8 миллиард наздик шудааст, яъне ду баробар афзудааст. Бо зиёдшавии теъдоди аҳолии олам теъдоди беморони онкологӣ низ рӯ ба афзоиш хоҳад овард. Аммо мизони ба бемориҳои саратонӣ гирифтор шудани одамон  ҳаргиз нишонаи он нест, ки тиб дар ҳамон кишвар рушд наменамояд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: