Дар ин рӯзҳои гарм авҷи бемориҳои сироятӣ ба мисли бемориҳои домана, исҳоли хун, салманелёз ба чашм мерасад.
Сабаби хуруҷи бемориҳои дарунрав он аст, ки бактерияҳои чӯбчамикробҳои зараровар, стафилакок, стрептокок, диплакокҳои гирду атроф, ба организми одам ворид шуда, зарари худро мерасонанд ва ба бемориҳои шадиди меъдаю рӯда шахсро мубтало мекунанд.
Роҳҳои гузариши ин бемориҳо: алоқа бо бемор, ё ин ки бо шахси ҳомили ин беморӣ гирифтор шудан мумкин аст. Инчунин, ҳангоми истифода аз косаю табақи ашхосе, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, ба воситаи об ба организми одамони солим ворид мешавад.
Об дар кадом сурат сироят мекунад? Дар ҳолате ки оби лаби ҷӯю ҷӯйборҳоеро, ки аз назди ҳоҷатхонаҳо ва партовҳо ҷорӣ мешаванд, истифода мебаред, инчунин об ба воситаи пашшаҳо низ сироят мешавад. Дар вақти аз қубури зеризаминӣ дар сатил об гирифтан, бояд даҳонпӯши онро маҳкам кунем, то ки ба он пашшаҳо нашинанд. Боз ин бемориҳо дар натиҷаи риоя накардани гигиенаи шахсӣ пайдо мешаванд, яъне барангезандаи ин бемориҳо ба организм ворид шуда, зарари худро мерасонанд. Дар фасли гарми ҳаво барангезандаҳои бемориҳое, ки дар боло зикр кардем, дар гирду атроф зуд афзоиш меёбанд ва сабаби сар задани ин бемориҳо мешаванд. Ғизое, ки муҳлати истифодабариаш гузаштааст, низ метавонад сабаби пайдоиши ин гуна бемориҳо гардад.
Сабаби дарунравии кӯдакон дар чист? Сабабаш нодуруст ғизо додани кӯдакон мебошад, ба ҷои шири модар ба кӯдак хӯрокҳои серғизо ва сахт медиҳанд, ки ин ҳам ба бемории дарунрав оварда мерасонад, чунки кӯдакон барои ҳазм кардани ин гуна ғизо тайёр нестанд.
Аломатҳои беморӣ
Давраи ниҳоии бемории шадиди меъдаю рӯда аз якчанд соат то 3–6 шабонарӯз мебошад. Беморӣ ногаҳон сар мешавад – бо дамиши шикам, дарди шикам, беҳолӣ, баландшавии ҳарорати бадан, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва дарунравии зуд-зуд. Дар бемории салмонелёз ранги наҷосот сабзи сиёҳчатоб бо парда ва дар бемории исҳоли хунин бошад, бо парда ва хун, дар дигар бемориҳои дарунравӣ ва бемориҳои шадиди меъдаю рӯда наҷосот тез-тез, яъне 10-15 маротиба дар як шабонарӯз буда, зард ва тунук мегардад, фишори хун паст мешавад, набз зуд-зуд мезанад. Даҳон, лабон ва пӯсти бемор хушк мешавад, дар натиҷа ӯ ба оризаҳо гирифтор мешавад. Садамаи гиповалемӣ, яъне камшавии оби бадан пайхас карда мешавад. Дар вақти дарёфти ин гуна аломатҳо ҳатман доруи регидронро истифода баред ва ба шифокор муроҷиат намоед.
Пешгирӣ
Дар вақти пайдошавии ин гуна бемориҳо ҳатман беморро ба мутахассисон нишон дода, аз табобати дуруст истифода баред, зарфҳои хӯроки ӯро ҷудо кунед. Агар шифокор дар беморхона хобиданро тавсия диҳад, рад накарда, табобати статсионарӣ бояд гирифт. Тозагии худ ва гирду атрофи хонаатонро риоя кунед. Ҳама вақт дастонатонро бо собун шӯед. Аз оби ҷӯшонидашуда истифода баред, ҳоҷатхонаҳо ва ахлотпартовҳоро аз назди ҷӯйборҳо дур кунед, бо пашша мубориза баред, меваю сабзавотро шуста, баъд истифода баред, обҳои зарфро бо сарпӯш маҳкам нигоҳ доред. Ҳар шахс мувофиқи талаботи маркази санитарии эпидемиологӣ бояд дар 6-моҳ ё 1-сол як бор аз муоинаи тиббӣ гузарад.
Юсуфалӣ ГУЛОВ,
сардухтури бемориҳои
сироятии
ноҳияи Сариосиёи
вилояти Сурхондарё.