БЕПАДАР

(Ҳикмати рӯзгор)

(Ҳикмати рӯзгор)

Намедонам,  шумораи  бепадарон  дар  рӯйи замин  чанд фоизро  ташкил  медиҳанд,  аммо  дар кӯчаи  худ  аниқ  медонам,  ки  тақрибан бист фоизи  бачаҳо  бепадаранд. Дар  гузашта  ба  бепадарон бо чашми бад  нигоҳ  мекарданд, онҳоро сарзаниш,  маломат,  таъна  мезаданд.  Бисёриҳо бепадарии  худро  пинҳон  мекарданд ва  ё  ягон  тағо  ё  амаки  худро  чун падар интихоб  мекарданд, ки аз чашми  бади мардум худро ҳифз намоянд.
Дар  хамсоягӣ  дӯсте  доштам  бо  номи  Мақсуд.  Ман  бепадар  будани  ӯро  дар  аввал  дарк  накардам,  зеро  хеле  ҳам  боулфат,  хушмуомила  ва  хушдил  буд, аз аломати  бепадарии  худ чизе  ҳам  нишон  намедод.  Рӯзе  дар  байни  мо  суҳбат  самимӣ  шудан  гирифт  ва  аз  таърифу  тавсифи  падарон  гап  мерафт. Ӯ  каме  ошуфтахотир  шуда,  баъд  гуфт: «Ман  бепадарии  худро  ҳанӯз  дар  давраи  мактабхонӣ  эҳсос  кардаам.  Меҳр,  лутф  ва  парастории  падарӣ  барои  ман  эҳсосоти  бегона  ва даркнашаванда  буданд.  Баъзан  тааҷҷуб  мекардам,  ки ҳамсинфонам  дар  хусуси  ваъдаҳои  падаронаш:  агар  аъло  хонӣ  велик, смартфон, компутер, то ҳатто мошин  мехарам, мегуфтаанд.
Дар ёд дорам,  ки  шабе  падарамро дар  либоси  ҳарбӣ  дар  хоб  дидам,  ки  ба ман  панҷ  долларро  дароз  карда  гуфт,  ки  дар  мактаб  барои  худ  яхмос  бихарам.  Саҳарӣ аз  хоб  хестам  ва  аз  модарам ин панҷ доллари падарам дар хоб додаро  талаб  кардам.  Модарам  ҳайрон  шуда,  гуфт: – Ҷонакам,  мо  доллар  надорем,  дар куҷо диди  ин  панҷ  долларро? – Падарам  ба ман  дод, – гуфтам  дар  ҷавоб. 
– Азизам, — баъди чанд сонияе, модарам бо чашмони  ашколуд  гуфт: – Падарат дар  Русия ба  кор  рафтааст  ва ҳанӯз пул нафиристодааст.  Дар рӯзҳои наздик  агар  пул фиристад,  ман,  албатта, бароят  барои  харидани  яхмос  ин  панҷ  долларро  медиҳам. 
Дар  наздикии  хонаамон  марди  тақрибан  миёнсоле зиндагӣ  мекард. Ӯ дар ҷанги  Афғонистон  пойи  чапашро дар зери  таркиши  мина  аз  даст  дода, бо ёрдами  пойи  чӯбин мегашт.  Аз чӣ сабаб  бошад,  ки  нисбати  ман  лутфу  меҳри  зиёд  зоҳир  мекард. Аз хонданиҳоям  пурсон  мешуд,  аз муносибати муаллимон  ба  ман  савол  медод, аз чизҳои  дӯстдоштаам бозхост мекард  ва ғайра.  Баъзан  аз  муҳорибаҳои  ҷангии  худ  бо  муҷоҳидин  дар Афғонистон  ҳикоят  мекард. Шояд  нисбати модари  бешавҳарам руҷӯъ  пайдо  карда бошад,  фикр  кардам  ман.  Намедонам,  модарам  ӯро  дӯст  медошт ё на,  барои ман  асрори  пӯшида буд.  Фақат  ҳаминро медонам,  ки  рӯзе  дар  вақти ба мактаб рафтанам, модарам  ногаҳон  номи  ӯро  гирифта,  гуфт,  ки  «Амаки  Нодир  барои  хуб хонданат  бароят  як велосипеди калон харидааст». Маро  ҳаяҷон  чунон  фаро  гирифт,  ки  худро  дар зини  велосипед тасаввур кардам. Модарам  аз хурсандии ман мутаассир  шуда,  каме онсӯтар  рафта,  ашконашро  пок  мекард.  Дарк кардам,  ки  модарам  на  барои  худ  ҳамсар, балки  бароям  падар  меҷуст... 

Ҳ. ҚУРБОНМАМАДОВ,
ш.ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: