Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Алихонтӯра Соғунӣ»-и ноҳияи Учтепаи пойтахт дорои бинои алоҳида набуд.
Мактаби миёнаи рақами 296-уми ҳамин ҳудуд барои фаъолияти маҳалла ду хонаро ҷудо карда буд. Ба сабаби набудани шароити мусоид ҷамъомад ва чорабиниҳои маҳалла табъи дил гузаронида намешуд, қабули аҳолӣ низ мушкилӣ дошт, корафтодагон соатҳо дар паси дар навбат мепоиданд.
Бо ташаббуси Шӯрои ноҳиявии мувофиқсозии фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрвандони ноҳияи Учтепа дар майдони холии шафати боғчаи бачагона бинои нав сохта шуд ва ба ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи номбурда супурда шуд.
– Дар баргузор намудани чорабинӣ, суҳбат бо аҳолӣ, кор бо ҷавонон мушкилӣ мекашидем. Хушбахтона, соҳиби бинои алоҳида шудем. Барои самарабахшии кор, албатта, шароити хуб лозим аст, – гуфт ҳангоми суҳбат раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи мазкур Аҳмадҷон Исмоилов.
Ҳақиқатан ҳам, бинои нави бо тамоми қулайиҳо муҷаҳҳаз ба маҳалла намои тоза бахшидааст. Аллакай дар ҳудуди он корҳои бунёдкорӣ: барпо намудани боғ, шинондани ниҳолу дарахтон оғоз ёфтааст. Барои модару кӯдак, куҳансолон, кор бо занону духтарон хонаҳои алоҳида ҷудо карда шудаанд. Вақте мо вориди хонаи раис шудем, ҷамъомади аввалини маҳалла дар бинои нав баргузор мешуд. Дар он фаъолони маҳаллаҳои ҳамсояи «Баҳористон», «Қизил Шарқ», «Катта қанӣ» низ ҳузур доштанд.
– Дербоз дар чунин бинои нави замонавӣ кор карданро орзу мекардем,– ба суҳбат ҳамроҳ шуд мутахассис доир ба масъалаҳои дину маърифат ва маънавию ахлоқии ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи номбурда Муаттар Йӯлдошева. – Маҳалла кӯмакрасон ва маслиҳатчии ҳар як оила мебошад. Ҳолатҳое мешаванд, ки аз мо оилаи духтардорҳоро пурсида, арӯси муносиб интихоб мекунанд. Дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонон фаҳмондани тарзи ҳаёти солим, оиладорӣ, тарбияи кӯдак ва дигар мушкилиҳои занону духтаронро бояд ҷоннок намоем. Бо фаъолони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои атроф ва ноҳияҳои дигар дар мулоқот шуда, доири нақшаи кор ва мушкилиҳои дигар бояд мубодилаи таҷриба кунем.
Ба қарибӣ дар яке аз чорабинии ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Чилонзор»-и ноҳияи Чилонзор иштирок кардем. Дар он иштирокдорон доири муаммоҳои имрӯза, бепарвоӣ, лоқайдии баъзе ҷавонон ба оила ва хусусан аз рӯйи ҳодисаи мудҳише, ки дар маҳаллаи «Бахт»-и шаҳраки Даштободи ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах рӯй додааст, фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд ва таъкид намуданд, ки ҳамеша бояд огоҳ бошем.
... Модари ҷавон Муродҷони 10 моҳаро ба гаҳвора баста, барои он ки хунук нахӯрад, печкаи электрикии дастисохтро ба гаҳвора наздиктар мегузорад. Ва худ аз пайи корҳои рӯзгор мешавад. Ҳавлӣ мерӯбад, таги молҳоро тоза мекунад ва онҳоро ба чарогоҳ мебарад. Дар роҳ ҳамсоязан ба ӯ ҳамроҳ мешавад. Табиист, ки занҳо якҷоя шаванд, суҳбаташон қӯр мегирад. «Муродҷонам шикамаш сер бошад, ду-се соат ором хоб мекунад»,– мегуфт раҳораҳ ҷавонзан ба ҳамроҳаш.
Вақте ӯ ба ҳавлияш наздик шуд, мардуми бисёре ҷамъ омада буданд, мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ низ аллакай ҳозир буданд. Ҷавонзан филфавр ба хона даромад, ӯ Муродҷонашро меҷуст, аммо кӯдаки даҳмоҳа қурбони беэътиборӣ шуда буд...
Мисоли дигар, аз як деҳаи ноҳияи Сайҳунободи Сирдарё ҷавоне барои кор ба кишвари дигар меравад. Ҷавонзан бо ду нафар фарзанд танҳо мемонад. Баъд аз як соли муҳоҷират ҷавон ба деҳа бармегардад. Зану фарзандон ӯро бо хушнудӣ қабул мекунанд. Баъди ду-се рӯз ҷавон зану бачаҳояшро барои харидани либосу чизҳои зарурӣ ба бозор мефиристад. Зан телефонро дар хона фаромӯш мекунад. Ҳамин вақт ба телефони ӯ паёмак меояд ва ҷавон онро мехонад: «Азизам, ин бегоҳ туро дар ваъдагоҳ интизор мешавам...» Зан аз бозор бармегардад, ҷавон чун ҳарвақта ба ӯ муносибати хуб карда, бегоҳӣ ба ваъдагоҳ меравад. Бо ҷавони паёмакфиристода вомехӯрад...
Ҷавон зану фарзандашро ба хонаи падар бурда мемонад ва баъди судравиҳои зиёд онҳо аз ҳамдигар ҷудо мешаванд.
Ё ин ки акси ин ҳолатро мушоҳида мекунем. Ҷавони муҳоҷир дар кишварҳои дур зану бачаҳояшро фаромӯш карда, аз домани сабукпое медорад...,– гуфт дар поёни суҳбат Муаттарапа.
Барои пешгирии чунин ҳодисаҳои нохуш корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳиро на танҳо ҷамоати шаҳрвандон, нозирони профилактика, балки фаъолон, пурдидаҳо, ҷамоаи мактаб, падару модарон бояд ҷоннок гардонанд. Оиди тарбияи фарзанд, муқаддас будани оила, шарму ҳаё ва ба номи «модар» доғ наовардан бояд зуд-зуд суҳбатҳо баргузор намоянд.
Мақоли «қарс аз ду даст» беҳуда гуфта нашудааст. Дар ҷое, ки ҳамҷиҳатӣ, якдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ ҳукмрон бошад, ҳамсояву ҳаммаҳалла аз ҳоли якдигар хабардор бошанд, дар он ҷо кӯдакон дар гаҳвора хотирҷамъ хоб мекунанд, оилаҳои ҷавон пароканда намешаванд.
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».