БЕПИСАНДИИ СОҲИБКОР БА ХУДАШ ФАНД ДОД

Муроҷиати сокини маҳаллаи Боғормоси ноҳияи Чуст Толибҷон Мирзоматов ба телефони боварии Федератсияи ҷамъияти ҳуқуқи истеъмолгарони Ӯзбекистон аз ҷониби мутахассисони ҷамъияти ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарони ноҳияи Чуст ҳарҷониба омӯхта шуд.

Муроҷиати сокини маҳаллаи Боғормоси ноҳияи Чуст Толибҷон Мирзоматов ба телефони боварии Федератсияи ҷамъияти ҳуқуқи истеъмолгарони Ӯзбекистон аз ҷониби мутахассисони ҷамъияти ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарони ноҳияи Чуст ҳарҷониба омӯхта шуд.

Тавре ки муаллифи ариза маълум кардааст, 27 декабри соли 2019 бо роҳбари корхонаи «Гранд профиллар», ки дар шаҳри Чуст воқеъ гардидааст, гуфтугӯ карда, бобати ба хонадонаш гузоштани дар ва тирезаи АКФА шартнома бастааст. Баҳои умумии шартнома 11 миллион сӯм буда, бояд фармоиш тӯли 20 рӯз иҷро мешуд. Вале роҳбари корхона Ф.С. ба хонадони мизоҷ қисмҳои асосии дару тирезаҳоро устувор карду 10 миллион сӯм гирифт. Бандҳои 4,3-и шартнома вайрон шуд. Бисёр корҳо нимкора монданд. Мизоҷ чанд бор муроҷиат кард, вале охири «имрӯзу пагоҳ»-и иҷрогар намудор нагашт. Аз байн 10 рӯз гузашта бошад ҳам, кор бо нимкорагии худ монд. Шаҳрванд Т.Мирзоматов маҷбур шуд ба телефони боварии Федератсияи ҷамъиятҳои ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон занг занад.
Роҳбари корхона Ф.С. нисбат ба талаби миҷоз нописандиашро тан гирифт, ваъда дод, ки кор дар давоми як моҳ иҷро мегардад, ба номи раиси федератсия забонхат ҳам навишт. Аммо дар ин муддат ҳам, ки кор иҷро нагашт, бо мақсади ҳалли қонунии муроҷиати истеъмолгар аз ҷониби ҷамъият ба суди байниноҳиявии Чуст оид ба рӯёнидани пул даъво ворид карда шуд. Суди байниноҳиявӣ оиди кори шаҳрвандии рақами 2-1603-2002/5379 қарор кард бинобар дар вақташ иҷро нашудани кор 2054612 сӯм ва 5 миллион сӯм пеня, ҷамъ 7054612 сӯм маблағ ба фоидаи Т.Мирзоматов рӯёнида шавад. Дар ниҳояти кор нописандии соҳибкор ба вай фанд дод.

Шоҳида ДАМИНОВА,
вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: