БЕСАВОДӢ АЗ БЕКОРӢ ПАЙДО МЕШАВАД

Алъон дар муқобили ихтироъҳои асри иттилоотӣ як қатор кишварҳои дунё дар ташвиш мебошанд.

Ба интернет дода шуда, ба мутолиаи китоб фурсат ёфта натавонистани ҷавонон, ҳатто дар ин бобат фикр накардани онҳо, воқеан, нигаронкунанда аст. Дар пешгирӣ кардани ин ҳолат таҷрибаи пешқадами давлатҳои тараққикарда ба кор омаданаш мумкин.
Дар солҳои ҳаштодуми асри гузашта қисми зиёди аҳолии давлатҳои Аврупо ва Амрико ба мушкиле дучор омад, ки онро «бесаводии функсионалӣ» меномиданд. Ин чӣ аст? Навъе ЮНЕСКО таъкид месозад, ин мафҳум нисбати шахсоне кор фармуда мешавад, ки малакаи навишт ва мутолиаро то дараҷае гум кардаанд. Бо мақсади пешгирӣ сохтани ин вазъ соли 1990 бо ташаббуси ЮНЕСКО Соли байналхалқии саводнокӣ эълон шуда буд. Зеро қисмате аз мамлакатҳои дунё ин ҳолати ташвишомезро аз сар мегузаронд. Аз ҷумла, дар ибтидои солҳои 90-ум аз чаҳор як қисми аҳолии Канада бесаводи функсионалӣ шуморида шуд. Дар Фаронса соли 1996 ба 20 фоизи аҳолии қобили меҳнат ин гуна ташхис гузошта шуда буд. Назар ба фикри олимони фаронсавӣ, одамҳое,ки бесаводи функсионалианд, назар ба пояҳои иқтисодии мамлакат ба рушди фарҳангию маънавӣ бештар осеб мерасонанд. Ин қабил шахсон бинобар дар мактаб саводи хуб набаровардан, аз муассисаҳои фарҳангӣ истифода накардан, китоб нахондан ва сабабҳои дигар пайдо мешаванд. Ин қабил одамон ба китобхонӣ ё вақт намеёбанд ё хоҳиши китобхонӣ надоранд. Ва ё чунин меҳисобанд, ки аз мутолиа суде нест. Китобхонӣ ба назарашон бисёр машаққат менамояд.
Дар миёнаи солҳои ҳаштодум байни ҷомеаи васеъ масъалаи «инқирози мутолиа» миёни бачаҳо ва наврасон низ мавриди муҳокима қарор гирифта буд. 
Бобати пурмазмун гузаронидани вақти холии бачаҳо телевизион ва ВАО-и Олмон (интернети ҳозира)  пешсафиро ба даст гирифт. Китобхонӣ ба дараҷаи дувум фуромад, аниқ гашт, ки ҳар савумин наврас бесаводи функсионалист. Дар Фаронса аз ду толибилм як нафараш муаллифи «Се мушкетдор»-ро гуфта натавонистааст. Дар Англия низ пастшавии дараҷаи китобхонӣ ҳис мегашт. Мутолиа дар нимаи дувуми солҳои навадуми асри ХХ  дар Аврупои Шарқӣ ва Полша, айни вақт, ба мушкилот дучор гашт.
Дар солҳои ҳаштодум бошад, маълум гашт 17 фоизи ҷавонон дар ИМА ба инқирози чаласаводӣ мубтало шудаанд. Сабаби асосии инро аз зиёд шудани миқдори телеканалҳо донистанд. Хусусан, байни хонандагони синни калони мактабӣ ин нишондиҳанда боло рафт. Ба олами виртуалӣ наврасон вобаста шуда, то 18 соат онҳо вақти худро дар муқобили Интернет мегузарондагӣ шуданд.
Аз ҷиҳати рӯҳӣ тобеӣ ба Интернет ба гиёҳвандӣ баробар дониста шуд. Назар ба тадқиқотҳои гуногун, ҳоло 10 фоизи аз Интернет истифодакунандагон ба ин гурӯҳ шомил буда, онҳо бемори рӯҳӣ ҳисобида мешаванд. Рӯҳшиносони рус ҷамъ 4-5 фоизи мизоҷони Интернетро узви ҳамин гурӯҳи хавфнок шумориданд.
Дар қисме аз кишварҳои рушдёфтаи Шарқ низ ин гуна ҳолат ба мушоҳида расид. Соли 1990 дар Ҷопон насли ҷавонро «тэрбико», яне «бачаҳои насли телевизион» номиданд. Чунки онҳо вақти зиёди худро дар муқобили оинаи нилгун мегузаронданд.
Дар бист-сӣ соли охир дар бисёр мамлакатҳо дастгирии китобхонӣ ба масъалаи долузарб табдил ёфт. Дар Русия дастури миллӣ барои солҳои 2007-2020 қабул гашт. Дар вазъе, ки назар ба меъёрҳои ЮНЕСКО ҳар 1000 нафар ба ҳисоби миёна ба 250 дона адабиёти нав бояд таъмин гардад, ин нишондиҳанда дар Русия аз 100-150 дона китоб нагузашт. Сабаби ин ҳолатро дар пастшавии дараҷаи зиндагӣ дар шароити иқтисоди бозаргонӣ, душвориҳои давраи гузариш дидаанд. Воқеан, дар ибтидои солҳои дуҳазорум дастрассозии адабиётҳои нав хеле суст гашт, китобхонаҳо бе адабиёти нав монданд ва ҳатто баста шуданд. Баробари ҳамин бо номи «матбуоти зард» нашрҳои «ҳангоматалаб» паҳн шуданд, чопхонаҳо бо савияҳои гуногун арзи ҳастӣ карданд, телеканалҳои кабелӣ пайдо шуданд. Дар даҳ-понздаҳ соли охир бошад, сохтори Интернет васеъ доман густурд, телефонҳои мобилии русуми охирин ба воситаи муҳими вақтхушии ҷавонон табдил ёфтанд. Ин ҳолат хусусан дар ҷойҳои мо боиси ташвишу нигаронӣ гардид. Аз китоб ва мутолиа дур шудан ба чӣ гуна оқибатҳо меоварад?   
Назар ба фикри олимони Ғарб, бесаводии функсионалӣ, пеш аз ҳама, аз бекорӣ пайдо мешавад. Ҳамин низ маълум, бачае, ки бисёр китоб хонд ва дар мактаб таълими хуб гирифт, ба осонӣ роҳи худро пайдо мекунад. Аз тадқиқотҳо бармеояд, ки дӯстдорони китоб аз дигарон бо рушди зеҳнӣ ҷудо шуда меистанд. Онҳо дар масъалаи муайян мустақилона фикр мекунанд, неку бадро фарқ карда метавонанд, ба лаёқати қабул кардани қарор моликанд, хотираи мустаҳкам доранд, нутқашон ривоҷёфта аст, хотираашон мустаҳкам мебошад, бо дигарон тез забон ёфта метавонанд.
Олимони Ғарб дар ақидаеанд, тоифае, ки «бесаводи функсионалӣ» ҳисоб меёбад, ба иқтисодиёти мамлакат  зарари калон мерасонад. Акнун фикр кунем дар бораи фарзандоне, ки дар оилаи «бесавод» ба воя расидаанд. 
Бобати бартарафсозии инқирози мутолиа кишварҳои рушдёфта як қатор чораву тадбирҳо меандешанд. Омӯзиши онҳо аз фоида холӣ нест.
Чунончи, дар Фаронса барои ҳалли мушкилот дар масъалаи китобхонӣ ҳукумат ғамхорӣ зоҳир намуда, дар ҳузури Вазорати маданият садорат оиди кор бо китоб ва мутолиа ташкил карда шудааст. Барои кушодани роҳи васеъ ба китоб китобхонаҳои нав сохта мешаванд. Вазъи китобхонаҳои оммавӣ беҳтар шудааст. Барои аҳолие, ки имкони ба китобхона рафтан надорад, ҳудудҳои иловагӣ ташкил ва китобхонӣ тарғиб карда мешавад. Барои ин гузаронидани чорабиниҳои ғайрианъанавӣ низ хеле судбахш. Масалан, ба метро ё дигар нақлиёти ҷамоатӣ часпонидани беҳтарин порчаҳо аз адабиёти бадеӣ. Китоб хонда додан дар беморхонаҳо ва боғчаҳои бачагона. Хулоса, вақте ҷавонон ё шахсони синну соли гуногун ба китобхона намераванд, «китобхона ба назди онҳо меояд». Яке аз ташаббускорони ин ҳаракат Марк Роже солҳои дароз дар байни аҳолӣ гашта, ба бачаҳо китоб хонда додааст. Дар Фаронса ҳамчунин ташкилотҳои гуногун дар масъалаи мутолиа аз наздик ҳамкорӣ намудаанд, ки инро «китобхонаи бедевор» низ меноманд.
Бобати бартарафсозии инқирози китобхонӣ аз ҷониби Маркази китоб дар таркиби Китобхонаи Конгресси ИМА фаъолияти истиқболнок пеш бурда ва он «Соли китобхонҳои ҷавон», «Миллати китобхонҳоро меофарем», «Китоб олами навро мекушояд» барин барномаҳоро таҳия кардааст. Дар Олмон Бунёди мутолиаи немис ташкил ёфтааст, ки он ба китобхонӣ дар оила аҳамияти алоҳида менигаронад. Соли 1997 дар Британиёи Кабир Соли мутолиаи миллӣ эълон гардида буд...
Мамлакати мо низ тӯли даҳсолаҳо «инқирози мутолиа»-ро аз сар гузаронд ва бо ташаббуси роҳбари давлат барои ҳалли мушкилот дар ин самт чораҳо андешид ва қарори махсус қабул гашт. Аз ҷумла, Агентии кор бо ҷавонон вазифадор шудааст ба гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Китобхони ҷавон»  сарубар гардад. Чорабинӣ ба анъана табдил ёфта, торафт фарогир мешавад.
Ба наздикӣ озмуни навбатии «Китобхони ҷавон» ҷамъбаст ва ғолибон дар се тоифаи синнусолӣ, аз ҷумла онҳое, ки ҷойи аввалро гирифтаанд, ба туҳфаи Президент – автомобили Spark сазовор дониста шуданд.  Бо вуҷуди ҳамин хуб мешуд дар масъалаи боз ҳам афзун гардондани сафи дӯстдорони мутолиа роҳҳои нави ҷалбсозӣ ба китобхониро ҷустуҷӯ созем, дар ин самт ба доираи ҳамкориҳо вусъати тоза бахшем, аз таҷрибаи пешқадами кишварҳои рушдёфта, ки бобати китобхонӣ ва ҷалби ҳарчи васеи омма ба мутолиа комёб шудаанд, истифода намоем.

Ҳумоюн АКБАРОВ, 
узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: