Беш аз 150 ширкат ва корхона маҳсулоти худро дар ду намоишгоҳи байналхалқӣ пешниҳод мекунанд

Дар маҷмӯи миллии намоишгоҳии «Ӯзэкспомарказ» ду намоишгоҳи байналхалқӣ – саноати бофандагӣ ва мӯд, ҳамчунин саноати мебелсозиву коркарди чӯб кори худро оғоз кард.

Дар маҷмӯи миллии намоишгоҳии «Ӯзэкспомарказ» ду намоишгоҳи байналхалқӣ – саноати бофандагӣ ва мӯд, ҳамчунин саноати мебелсозиву коркарди чӯб кори худро оғоз кард.
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ғайрат Фозилов, раиси иттиҳодияи «Ӯзтӯқимачиликсаноат» Илҳом Ҳайдаров, раиси Палатаи савдову саноати Ӯзбекистон Адҳам Икромов, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Туркия дар кишвари мо Олган Бекар ва шахсони дигаре, ки дар маросими кушоиши намоишгоҳҳо ба сухан баромаданд, қайд намуданд, ки саноати бофандагии Ӯзбекистон яке аз пешқадамони соҳа бинобар ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва содироти маҳсулот мегардад, дар ин маврид баргузор кардани намоишгоҳҳои байналхалқӣ аҳамияти амалӣ касб менамоянд.
Дар намоишгоҳе, ки якҷо бо Ширкати байналхалқии намоишгоҳии «Iteca Exhibitions», Ширкати байналхалқии намоишгоҳии Авроосиё «ИСА», иттиҳодияи «Ӯзтӯқимачиликсаноат», Оҷонсии оид ба реклама ва маркетинги маҳсулоти бофандагӣ баргузор мегардад, тақрибан 100 ширкат ва корхонаҳои Ӯзбекистон, Белорус, Ҷумҳурии Куриё, Русия, Тоҷикистон ва Туркия маҳсулоти худро намоиш медиҳанд.
Шарикони расмии лоиҳа Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ, ҳамчунин Палатаи савдову саноати Ӯзбекистон ба шумор мераванд.
– Намоишгоҳ тамоми номгӯйи маҳсулоти саноати бофандагӣ ва сабук, аз ашёи хом, риштаҳо то матои тайёр, аксессуарҳо, мавод барои маҳсулоти бофандагиро дар бар мегиранд, – мегӯяд директори генералии Ширкати байналхалқии намоишгоҳии «Iteca Exhibitions» Нигора Ҳасанова.
Зиёда аз 90 фоизи иштирокдорон истеҳсолгарони маҳаллии маҳсулоти тайёри бофандагӣ ва дӯзандагӣ ба шумор мераванд.
Намоишгоҳи байналхалқии саноати мебелсозӣ ва коркарди чӯби Ӯзбекистон имсол бори ҳафтум гузаронида мешавад. Эълон гардид, ки дар он беш аз 70 ширкати 12 мамлакат иштирок мекунанд. Дар байни онҳо корхонаҳои Ӯзбекистон, Австрия, Олмон, Италия, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Словения, Туркия ҳастанд.   
Дар кишвари мо тақрибан 5300 корхонаи оид ба истеҳсоли мебел, тахтахиштҳои лайс, маводи маҷмӯӣ ва коркарди чӯб амал мекунад. Дар онҳо зиёда аз 300 ҳазор нафар бо кор таъмин шудаанд. Аз ҳама муҳимаш, 90 фоизи бозори истеъмоли мамлакатро маҳсулоти маҳаллии мебел таъмин менамояд.
Кори намоишгоҳ то 29 май идома меёбад.

Насиба ЗИЁДУЛЛОЕВА,
хабарнигори ӮзА.
Суратҳои ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: