Беш аз 50 нафар ҷон бохтаву 150 бино тахриб шуд. Дар 10 вилояти Туркия заминларзаи шадид рух дод

Бар асари заминларзаи шадид дар Туркия беш аз 50 нафар ба ҳалокат расида, наздики 150 биноҳои истиқоматӣ хароб шудаанд. Дар ин бора хабаргузории туркии “TRT Haber” иттилоъ медиҳад.

Сулаймон Сойлу, вазири корҳои дохилии Туркия гуфтааст, вилоятҳои аз заминларза осебдида Қаҳрамонмараш, Хатай, Газиантеп, Осмониё, Малатия, Адиёман, Адана, Диёрбоқир, Килис ва Шанлиурфа мебошанд.

“Аз бисёр ҷойҳо хабарҳо меоянд. Гурӯҳҳои ҷустуҷӯ ва наҷот ба минтақа эъзом шудаанд. Аввалин кори мо ҷустуҷӯ ва наҷот аст. Дастаҳо дар ҳолати омодабош ҳастанд, ҳушдори дараҷаи 4 эълон шудааст. Он ҳамчунин кумакҳои байналмилалиро дар бар мегирад”, - гуфтааст Сулаймон Сойлу.

Ӯ афзудааст, “дар баъзе чойҳо роҳбандии ҷиддӣ ба амал омадааст” ва аз шаҳрвандон хостааст, ки “барои гурӯҳҳои ҷустуҷӯ ва наҷоти ёрии таъҷилӣ роҳҳоро боз созанд”.

Ба гуфтаи манбаъ, заминларзаи 7,4 дараҷаӣ соати 04:17 дар вилояти Қаҳрамонмараш рух дода, боиси харобии як қатор шаҳрҳо гардид.

Ба гуфтаи волии вилояти Малатия Ҳулуси Шоҳин, дар ин минтақа аллакай 23 нафар қурбонии заминларза ва 420 нафари дигар захмӣ шудаанд. Дар ин баробар, 140 бино ҳам фурӯ рафтааст.

Ҳамин тавр, дар Диёрбакир 6 нафари дигар ҷон бохта ва 79 тани дигар захмӣ шудаанд. Дар ҳамин ҳол, дар музофоти Шанлиурфе 18 нафар кушта, 67 нафари дигар захмӣ гардидаанд.

Дар Османия ҳам 5 нафар кушта, 34 бино хароб гардидааст.

Ба гуфтаи мақомоти Туркия, заминларза бо 32 пасларза ҳамроҳ шуда, қавитаринаш 6,6 дараҷа будааст.

Бино ба иттилоъи маркази сейсмологии Аврупо-Баҳри Миёназамин, ин заминларза ба шиддати 7,5 дараҷа рух додааст.

“Баъдан се заминларзаи дигар бо шиддати аз 6,4 то 6,6 балл ба қайд гирифта шудааст”, - менависад манбаъ.

Шиддати заминларза дар давлати ҳамсояи Сурия низ эҳсос шуда, чанд шаҳри ин кишварро такон додааст.

Бар асари он дар Сурия низ беш аз 40 ба ҳалокат расидаанд. Вазорати тандурустии ин кишвар аз ҷон бохтани 42 нафар ва захмӣ шудани ҳудуди 200 нафар дар вилоятҳои Ҳалаб, Ҳама ва Латакия хабар медиҳад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: