БЕШ АЗ 700 МУАММО ДАР ҶОЯШ ҲАЛЛУ ФАСЛ ШУД

Дар иҷлосияи навбатии Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Ширини вилояти Сирдарё натиҷаҳои мониторинге, ки Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба омӯзиши аҳволи иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо баргузор кард ва мушкилоте, ки аҳолиро ба ташвиш меоваранд, баррасӣ шуданд.

Аъзои гурӯҳ ба маҳаллаҳои шаҳри Ширин сафар карда, бо сокинон мулоқот карданд. Ҳангоми санҷиш бобати аз байн бардоштани баъзе мушкилот дар маҳалҳо чораҳо андешида, муаммоҳое, ки омӯзиши иловагиро тақозо доранд, муҳокима ва барои пешниҳод ба идораҳои дахлдор таклифҳо тайёр карда шуданд.
Дар иҷлосия ба чунин вазифаҳо, аз ҷумла бо шуғл таъмин кардани аҳолӣ, истифодаи самаранок аз бино ва иншооти холӣ, ҳамчунин аҳволи хидматрасонии коммуналӣ ва тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ба низом андохтани тӯй ва тантанаҳои оилавӣ эътибори махсус дода шуд. 
Вобаста ба масъалаи бо шуғл фарогирии аҳолии шаҳри Ширин ахбори иҷрокунандаи вазифаи муовини вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ Н. Ёқубов шунида шуд. Муовини аввали ҳокими шаҳр И. Қӯзибоев дар бораи ташкил шудани ҷойҳои нави корӣ ҳисобот дод.
Тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ 494 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шуд. Аз 493 нафар аҳолие, ки ба маркази кӯмакрасонӣ барои шуғл муроҷиат кардаанд, 247 нафарашон бо кор таъмин гардиданд, ба 2 нафар шаҳрванд кӯмакпулӣ барои бекорӣ таъин шудааст. Барои ҷойҳои озоди кории 17 корхона ва ташкилот, ки ба шахсони ғайри қобили меҳнат, ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзманд ва ба ҷустуҷуйи кор ноқобил пешбинӣ шудаанд, 73 нафар шаҳрванд ҷойгир гардиданд. 246 нафар шаҳрвандони бекор ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб карда шуданд.
Бо вуҷуди чорабинӣ ва баргузор кардани бозори ҷойҳои корӣ на ҳамаи сокинони шаҳр бо кор таъминанд. Имкониятҳои мавҷуда барои бо шуғл фарогирӣ пурра истифода намешаванд. Аз ҷумла, татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоявӣ дар пойгоҳи биноҳои холӣ, иншооти нотамом ва қитъаҳои истифоданашавандаи замин барои ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ аҳамияти махсус доранд.
Дар иҷлосия мувофиқи барномаи давлатии кӯмакрасонӣ барои бо шуғл фарогирии аҳолӣ ба зиммаи роҳбарони чаҳор сектор ва ташкилоти масъул бинобар фароҳам овардани боз 124 ҷойи нави корӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.
Таъкид шуд, ки кори тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон 95 фоиз иҷро шудааст. Ба роҳбари шуъбаи хидматрасонии манзиливу коммуналии шаҳр Х. Бердиёров супориш дода шуд, ки хидматрасониро бинобар таъминоти оби ошомиданӣ, гармкунӣ ва канализатсия беҳтар кунад, кори тайёр кардани хонаҳои бисёрошёнаи шаҳрро ба мавсими тирамоҳу зимистон то 1 ноябри соли равон анҷом диҳад. 
Ошкор гардид, ки дар шаҳр 39 бинои холӣ, иншооти сохтмонашон нотамом ва майдонҳои истифоданашавандаи замин мавҷуданд. Аз онҳо 2-тоаш иншооти моликияти давлатӣ, 16-тоаш иншооти саҳми давлатӣ ва 21 иншоот азони мулкдорони хусусӣ мебошанд. 
Ба созмонҳои масъул супурда шуд, ки бобати бо шартҳои имтиёзнок ба сармоягузорони воқеӣ пешниҳод кардани иншооти холӣ ва истифоданашавандаи моликияти давлатӣ ва қитъаҳои замин  ташкил кардани корхонаҳои нави истеҳсолӣ таъҷилан чораҳои нишонадорро кор карда бароянд.
Бинобар натиҷаи омӯзише, ки аз ҷониби Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, 1154 мушкилот ошкор шуд. Мушкилоти аз ҳама бештар ба соҳаҳои бо шуғл фарогирӣ, сектори бонк, нигаҳдории тандурустӣ, таъмири роҳҳои дохилӣ, хидматрасонии кадастрӣ, таъминоти оби ошомиданӣ, гази табиӣ ва энергияи электр дахл доранд. Зиёда аз 700 мушкилот дар маҳал ҳаллу фасл шуданд.
Дар назди роҳбарони чаҳор сектори шаҳр вазифа гузошта шуд, ки якҷо бо ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо «харитаи амалиёт»-и ҳаллу фасли мушкилоти аз ҷониби гурӯҳи корӣ ошкоршударо кор карда бароянд.
Доир ба масъалаҳои дар иҷлосия муҳокима гардида, қарори дахлдор қабул шуд. 
Дар иҷлосия Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Н. Исмоилов иштирок кард.

Абдуҷалол ҚАЮМОВ, 
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: