БЕШ АЗ НИМ АСР БО РӮЗНОМА

55 сол пеш хонандагони синфҳои болоӣ ва дар арафаи хатмкунии мактаби миёнаи ба номи Садриддин Айнии деҳаи Чодак будему баробари омӯзиши фанҳо, бо газета ва журналҳои китобхонаи мактабамон низ шинос мешудем, аз ҷумла бо «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ҳам.

Омӯзгори фанҳои таърих ва ҷамъиятшиносӣ, директори мактабамон Турсунбой Қӯшматов (рӯҳашон шод бод) ба ин рӯзнома аз ҳаёти деҳа ва тадбирҳои таълимгоҳ хабару мақолаҳо менавиштанд, мо онҳоро бо ҳавас мутолиа мекардем. 
То ҳол дар ёд дорам, соли хатмкунии мо хабарнигори «Ҳақиқати Ӯзбекистон» дар вилояти Фарғона Каримҷон Муҳиддинов буданд, баъзан  доир ба чорабиниҳои мактабу навигариҳои Чодак дар газета маълумот дода, бо мо ҳам вохӯриҳо мегузаронданд. Соли 1971 мо мактаби даҳсоларо  хатм намуда, барои таҳсилу кор ба техникум, мактабҳои олӣ ва хоҷагии халқ равон шудем. Ман донишҷӯйи факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тошканд шудам, ҳар таътил ба деҳа омада, дар китобхонаҳои мактабу қишлоқ китоб, журнал ва газета, аз ҷумла, «Ҳақиқати Ӯзбекистон»-ро варақ мезадам, мехондам.
Сонитар ҳавас ба амал табдил ёфт. Аз нимаи дуюми солҳои 80-уми асри сипаришуда дар рӯзнома аз навгонӣ ва корҳои дар ноҳия анҷомёфта хабару мақолаҳо менавиштагӣ шудам. Аз шуъбаҳои маданият ва хоҷагии қишлоқи рӯзнома мактубҳо меомаданд. Дар онҳо доир ба навиштаҳоям маслиҳатҳо медоданд. Ман ба онҳо амал мекардам ва ба комёбиҳо сазовор мешудам.
Баъд аз истиқлолияти Ватанамон газета номи, аслии худ «Овози тоҷик»-ро гирифт. Ман онро боз бо завқу шавқ ба мутолиакунӣ даромадам. Мақолаҳои устодон, олимони адабиётшиносро доир ба ҳаёт ва фаъолияти адибони тоҷик Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Боқӣ Раҳимзода, Лоиқ Шералӣ ва дигарон бо қаноатмандӣ мутолиа менамудам.
Дар байни солҳои 2000-2017 бо нашри хабару мақолаҳо аз ҳар соҳа  фаъолтар шудам. Дар ин миён бо мухбири газета дар вилояти Намангон, Худораҳматӣ Анвар Муродов, ки ба ноҳияи мо зуд-зуд барои ошно шудан бо навгонӣ, бунёдкориҳо ва масъалаи обуна меомад, шинос шудам. Бо ӯ гоҳ-гоҳ вохӯрда,  ҳамсуҳбат мешудам.
Дар ёд дорам, ки дар яке аз шумораҳои онвақтаи газета оид ба тоҷикони Чин мақолае хонда, аз вуҷуд доштани ҳаммиллатон дар он ҷо ҳам ба ҳайрат афтодам ва ҳам шод гашта, таассуроти худро дар ин бобат ба рӯзнома навишта фиристодам.    
27 июни соли 2012 бахшида ба Рӯзи матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ мақолаи Шоҳқаҳҳори Муҳаббатзод «Ҳиммати попиён» бо сураташ дар «Овози тоҷик» чоп гардид. Дар он доир ба  саҳифаи тоҷикии рӯзномаи ноҳиявии «Поп тонги», сифату мазмуни  он фикрҳои хуб гуфта шудааст.
Солҳои 2012 – 2013 дар «Овози тоҷик» мақолаҳои ман таҳти унвони «Муъҷизаҳои табиат», мавзуъҳои «Бойчечакҳои сабзи канори кӯл», «Оби сеҳрноки «Чур-чурмомо», аз ҷумла, «Ҳифзу ҳимояи пиронсолон», «Нафақахӯрону ногироён мамнунанд», «Дар оғӯши «Офтобча»  ва ғайраҳо чоп гардиданд, ки аз ин ман хеле шод шудам.
Алҳол ба синни 70 қадам мондам, «Овози тоҷик» то ҳол ҳамроҳи ман аст. Зимистони соли равон, вақте ба сафари хориҷа рафтам, рӯзнома ҳамроҳам буд.
Ба қарибӣ нашрия садсола мешавад, ман аҳли  эҷод ва тамоми  газетахононро бо фарорасии ин ҷашни бузург аз таҳти дил муборакбод мекунам.
Умед дорам, ки рӯзномаи дӯстдоштаамон – «Овози тоҷик» минбаъд низ бо сифату сермазмунтар чоп гардида, ба хонандагон завқу шавқ ва рӯҳбаландӣ мебахшад. 
    
Шуҳрат ИНЪОМОВ, 
журналисти собиқадор. 
Ноҳияи Попи вилояти НАМАНГОН.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: