БЕШ АЗ ҲАЗОР НАФАР БОНУВОН СОҲИБИ КОР ШУДАНД

Дар деҳаи кӯҳсори Сангардаки ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё маҷмӯаи дӯзандагиву трикотажии «Сангардак чеварлари» ба истифода супурда шуд.

Дар тадбире, ки намояндагони ташкилотҳои давлативу ҷамоатӣ, нурониҳо, эҷодкорону зиёиён, занону духтарон ва ҷавонон ширкат карданд, таъкид гардид, ки дар мамлакатамон ба куллан тағйир додани инфрасохтори деҳоти дурдаст, баланд бардоштани тарзи зисти аҳолӣ, бо кор таъмин кардани одамони деҳот, хусусан, бонувону ҷавонон эътибори алоҳида дода мешавад.
Дар ин ҷараён корҳое, ки дар доираи банди панҷуми 5 ташаббуси муҳим, ки аз ҷониби Президенти мо пеш бурда мешавад, амалӣ мегарданд, ба ҳамин гуна мақсадҳои нек хидмат мекунанд.
Маҷмӯаи дӯзандагиву трикотажии «Сангардак чеварлари», ки аз ҷониби ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзпахтасаноат» бо мақсади бо шуғл таъмин кардани бонувони деҳаи Сангардак, ки аз маркази ноҳия қариб 60 км дур ҷойгир шудааст ва беш аз даҳ нуқтаи аҳолии атрофи он бунёд гардидааст, на танҳо ба бонувоне, ки соҳиби кор шудаанд, балки ба авлоди куҳансол хурсандӣ мебахшад.
–Аз сабаби он ки дар деҳаи кӯҳсори мо кор нест, умри мисли гули мо дар хона гузашт,– мегӯяд кампираки сангардакӣ Б.Тиллоева. – Барои он ки гирифтахотир нашавем, барои парвариши дарахтони мевадори боғ кӯмак мерасондем. Сохта шудани чунин корхонаҳои замонавиро орзу мекардем. Дар муддати кӯтоҳ сохта ба истифода супурда шудани маҷмӯа ба деҳаи мо қиёфаи нав дода бошад, дар ин ҷо аз бо кори доимӣ таъмин шудани бонувонамон боз ҳам бештар хушнуд шудем. Ду келинам, духтарам ва набераам дар ҳамин гуна корхонаи замонавии боҳашамат ба кор шурӯъ карданд. Имрӯз барои онҳоро бо ҷойи нави корӣ муборакбод кардан омада, сехҳоро тамошо кардам. Дар ин гуна ҷой кор кардан ҳатто ба хоби мо намояндагони авлоди куҳансол надаромадааст. Дар корхона, ки бо дастгоҳҳои хориҷӣ ҷиҳозонида шудааст, ҳама корҳо бо усули замонавӣ идора карда мешавад. Инҳоро дида хурсанд шудам, ки орзуву умеди якумраи мо дар ҳаёти фарзандонамон рӯйи об мебарояд. Умри роҳбари давлати мо дароз бод, ки ба бонувони деҳот ин гуна ғамхорӣ мекунанд. 
Маҷмӯаи дорои конструксияи сабук бо дастгоҳҳои дӯзандагиву трикотажии замонавии хориҷӣ ҷиҳозонида шудааст. Сехҳои васеи равшан, ошхона, хонаҳои тиббӣ, шустушӯ ва зарурии дигар барпо карда шудаанд. Дар ин ҷо барои кор кардани беш аз ҳазор нафар бонувон ҳама шароит фароҳам оварда шудааст. Дар зинаи нахусти он 300 нафар занону духтарон дар як баст пӯшоки тайёр истеҳсол мекунанд. Бо зиёд шудани супоришҳо дӯзандаҳои иловагӣ қабул гардида, дар ду баст ба кор шурӯъ мекунанд. Духтарони ҷавоне, ки аз нуқтаҳои аҳолии атрофи деҳаи Сангардак ба маҷмӯа омадаанд, бо ифтихори алоҳида дастгоҳҳои замонавиро идора мекунанд.
–Ман аз деҳаи Гавҳарбулоқ ҳастам,– мегӯяд дӯзанда М. Ҳасанова. – Соли гузашта коллеҷро хатм карда, бинобар соҳаи компутер соҳиби ихтисос гардида будам. Лекин аз сабаби он ки дар деҳаи кӯҳистони мо, ки аз маркази ноҳия дур аст, бинобар соҳаи мазкур кор нест, дар хона будам. Дар деҳаи ҳамсоя сохта шудани чунин корхонаи навро шунида омадам. Қабул карданд. Аз устоён идора кардани мошинаи дӯзандагии компутеркунондашударо зуд ёд гирифтам. Акнун дар он  бемалол пӯшоки дилхоҳро дӯхта метавонам. Айни замон барои коргарон корҷома медӯзем.
Дар маросими тантанавии ифтитоҳи маҷмӯаи замонавӣ суруду оҳангҳо ба иштирокдорони чорабинӣ рӯҳияи идона бахшид.
Дар чорабинӣ мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Т.Худойберганов иштирок кард.

Холмуъмин МАМАТРАЙИМОВ, 
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: