Бо ҳокими ноҳия Расулҷон Ҷӯраев дар арафаи Соли нав суҳбат кардам.
Бо ҳокими ноҳия Расулҷон Ҷӯраев дар арафаи Соли нав суҳбат кардам. Суҳбати мо баъди нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки барои як гурӯҳ журналистон ва блогнависони нашрияҳои марказӣ ва маҳаллӣ, садову симо ва шабакаҳои иҷтимоӣ созмон дода шуда буд. Иштирокчиёни он дар сафари матбуотӣ ё пресс-тур ширкат мекарданд ва бо раванди бунёдкориҳое ошно мешуданд, ки дар ноҳияи Бешариқ ба вуқӯъ мепайванданд.
Расулҷон Ҷӯраев фарди хеле ботамкин ва фурӯтан намуд. Вай ба саволҳоям бо тамкин ҷавоб медод. Баъзан хоҳиш мекард, ки саволамро барояш ташреҳ кунам. Дар оғози ҳамин суҳбатамон тавонистам ба як қатор саволҳои зиёди худ ҷавоб пайдо кунам ва ба масъалаҳо равшанӣ андозам.
Вай аз муваффақиятҳои соли сипаришаванда чанд нуктаро таъкид кард. Гуфт, ки дар тӯли як сол чанд корхонаи нави хусусиву муштарак арзи вуҷуд намуд ва теъдоди зиёди одамони бекорро ба кор таъмин кард. Ноҳия дар чаҳор соли охир ба пешрафтҳои бузург ноил шуд.
– Далел ин аст, ки барои соҳибкорон шароити мусоид фароҳам оварда шуд, то ки онҳо ба кори дилхоҳи худ машғул шаванд. Албатта, аксарияти соҳибкорон шахсоне маҳсуб меёбанд, ки собиқаи хуби корӣ доранд ва то рӯй овардан ба соҳибкорӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ноҳия пурмаҳсул заҳмат кашидаанд, – гуфт ӯ.
Ногуфта намонад, ки ноҳияи Бешариқ бо ноҳияҳои Ӯзбекистон ва Фурқати вилоят, ҳамчунин бо ноҳияҳои Конибодом ва Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон марзҳои муштарак дорад. Аз ин лиҳоз мардуми он аз фазилатҳои хуби ҳамсоядорӣ бархурдоранд ва бо мардуми кишвари ҳамҷавори Тоҷикистон дар фазои дӯстиву рафоқат кору зиндагӣ мекунанд.
– Ноҳияи мо соли 1926 ташкил шудааст. Майдони умумии он 780 километри мурабаъро фаро хондааст. Бешариқ 62 ҷамоати шаҳрвандони маҳалларо муттаҳид намудааст. Яке аз вазифаҳои муҳим дар ин рӯзҳо коҳиши камбизоатӣ дар миёни аҳолии ноҳия мебошад. Барои иҷрои ин кори пурмасъулият тамоми нерӯро сафарбар намудаем, – изҳор кард Расулҷон Каримович.
Ба таъкиди ӯ чун соири шаҳрҳо ва ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ ҷонишинони ӯ барои саривақт иҷро кардани нақшаҳо ва анҷоми чорабиниҳое, ки ҳокимияти ноҳия барномарезӣ кардааст, талоши зиёд ба харҷ медиҳанд.
– Солҳои охир арзи вуҷуд намудани якчанд корхона ва ба фаъолият оғоз намудани он вазъи иқтисодии ноҳияамонро хеле боло бурд. Ба ин шумори корхонаҳо ҷамъиятҳои саҳҳомии масъулияташон маҳдуди “Бешариқ текстил”, “Ясин қурилиш моллари”, “Водий наслли парранда”, “Sherwood Desing» мисолҳои равшан шуда метавонанд, – иброз дошт Расулҷон Ҷӯраев.
Ҷамъияти саҳҳомии “Бешариқ текстил” соли 1981 ба сифати филиали комбинати бофандагии Фарғона таъсис ёфтааст. Ин корхона танҳо баъди тантанаи истиқлолияти кишвар беш аз пеш фаъолтар гардид ва ҳоло ба яке аз корхонаҳои асосии бо шуғл таъмин кардани аҳолӣ табдил ёфтааст.
– Соли 1998 корхона баъди бозсозии куллӣ ба корхонаи муштараки Ӯзбекистону Британия табдил ёфт ва “Бешариқ текстил” унвон гирифт. Ҳамон солҳо теъдоди коргарони корхона сесаду панҷоҳ нафарро ташкил мекард. Аммо дар айни ҳол шумораи коргарони он аз ҳафтсад нафар бештар мебошад, – тазаккур дод Ҷӯраев.
Маълум шуд, ки “Бешариқ текстил” солона як ҳазору дусад тонна пунбаро мавриди коркард қарор медиҳад ва аз ҳисоби содироти маҳсулот даромади калон ба даст меорад. Солҳои аввал он калоба содир мекард. Аммо бо фарох намудани домани фаъолият муваффақ шуд, ки маҳсулоти тайёрро низ ба хориҷи кишвар содир намояд. Ин маҳсулот либосҳои кӯдакон ва занонаро ташкил медиҳанд.
Маҳсулоти корхона тавассути дастгоҳҳое истеҳсол мешаванд, ки дар Олмон, Италия, Хитой ва ИМА тавлид шудаанд. Ин дастгоҳҳо дар рӯзҳои наздик хародирӣ шуда ва имкон фароҳам меоваранд, ки сифат ва миқдори маҳсулоти корхона ба даҳ фоиз, ҳамчунин коркарди ҳаҷми наху калобаи он ба ду тонна афзоиш ёбад. Аз ин ҳисоб боз дусад ҷои нави кор фароҳам оварда мешавад ва коргарон дар се баст машғули кор хоҳанд шуд. Дар айни замон корхонаи муштараки “Бешариқ текстил” шаст фоизи маҳсулоти худро содир менамояд.
Ногуфта намонад, ки ашёи хоми корхонаро пахтае ташкил мекунад, ки бо меҳнати кишоварзони ноҳия ба даст омадааст. Коркарди он метавонад намуди зиёди маҳсулоти мавриди ниёзи мардумро ба вуҷуд орад. Кори сехҳои корхонаро дар чаҳор марҳила ба роҳ мондаанд, ки аз ресандагӣ, рангмолӣ, бофандагӣ ва дӯзандагӣ иборатанд. Ин усули ҷоришудаи кор дар мавриди иҷрои ҳамаи ӯҳдадориҳои корхона, ки дар назди давлат ба дӯш гирифтаанд, комилан мусоидат менамояд. Маҳсулоти хом ё нах аз ин корхона маҳсулоти тайёр шуда мебарояд. Он барои содирот хеле мувофиқ мебошад.
– Дар ноҳияамон ба асоси панҷ тамоюли устувори стратегияи ҳаракат, ки ривоҷ додани Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021-ро мадди назар дорад, тамоми кор ташкил карда шудааст. Талошҳоямон ба он равона шудаанд, ки дар баробари ривоҷи кишоварзӣ ва зироат, ба истеҳсоли маҳсулоти саноат корҳоямонро ихтисос диҳем, – гуфт ҳокими ноҳия Расулҷон Ҷӯраев.
Танҳо дар сехи дӯзандагии корхонаи муштараки “Бешариқ текстил” сесад нафар занон машғули дӯхтани либосҳо мебошанд, ки асосан барои содирот ихтисос дода шудаанд. Онҳо ин либосҳоро дар мошинҳои дӯзандагии тамғаи “Juki”-и истеҳсоли Ҷопон медӯзанд.
Дар пайи он Расулҷон Ҷӯраев афзуд:
– Ноҳияи мо барои бо тухми мурғ таъмин кардани аҳолии вилоят низ саҳми калон мегузорад. Корхонаи паррандапарварии кластери “Водий наслли парранда” дар ин ҷода пешоҳанг аст. Соҳибкори ботаҷриба Боҳирҷон Турдиалиев соли 1991, баъди ду моҳи эълон шудани истиқлолияти кишварамон, дар ҳавлиаш ба парвариши дусад парранда шурӯъ намудааст. Ҳоло теъдоди паррандаҳои корхонаи ӯ ба дуним ҳазор расидааст.
Тавре ки ҳокими ноҳия боз ишора кард, дар корхонаи “Водий наслли парранда” 150 нафар ба кор фаро хонда шудаанд. Коргарони корхонаро асосан занону духтарон ва ҷавонон ташкил мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ин корхона фаъолияташро беш аз пеш васеъ хоҳад кард. Барои ин аз заминҳои бекорхобидаи дашт 500 гектар замин ҷудо карда шудааст. Дар он ҷо сӣ нафар ба кор банд шудаанд ва корҳои омодагириро вусъат мебахшанд.
Дар ноҳияи Бешариқ барои ба кор ҷалб намудани занону духтарон ва ҷавонон аҳамияти махсус дода мешавад. Тавре ки Расулҷон Ҷӯраев гуфт, ба ин иқдоми онҳо таҳти роҳбарии сарвари давлат 8 октябри соли 2020 баргузории видеоселектор сабаб гардид. Анҷоми як идда корҳои қаблан аз мадди назар дур дар ин рӯзҳо хеле бо суръат пеш мераванд.
– Бар асоси суханронии Шавкат Мирзиёев дар ҳамон видеоселектор мо қарори ҳокимияти ноҳияро содир кардем. Мувофиқи он гурӯҳи хоси корӣ таъсис додем, ки ташаккул додани “Дафтари занҳо” ва “Дафтари ҷавонон”-ро таҳти иҷро қарор дод. Аъзои ин гурӯҳҳо аз ҳашт нафарӣ иборат буда, дар маҷмӯъ 496 нафарро ташкил намуд. Онҳо аз нимаи дуюми моҳи октябр рӯйхатгирии аҳолиро шурӯъ намуданд, ки аз шумори камбизоати аҳолӣ маҳсуб меёбанд ва ба кӯмакҳои молиявиву маънавӣ ниёз доранд, – ёдовар шуд ҳокими ноҳия.
– Раванди чунин кори доманфарохи аъзои гурӯҳҳои корӣ маълум кард, ки 30 ҳазору 593 хонавода таҳқиқ гардидаву 82 ҳазору 84 нафар занону духтарон ва ҷавонписарон ба ин феҳраст дохил карда шуданд. Ҳамаи онҳо сокинони қаламрави чаҳор сектор мебошанд ва аксарият аллакай ба корҳои доимӣ ва мавсимӣ фаро гирифта шуданд.
– Дар соли нав низ нақшаҳои шумо зиёданд?
– Бале. Мо тамоми нерӯро ба он сафарбар хоҳем кард, ки Соли навро бо дастовезҳо ва сарбаландӣ истиқбол намоем. Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми мардуми кишвари азизро дар ин рӯзҳои фараҳбахш бо фарорасии Соли нави 2021 табрик мегӯям. Бовар мекунонам, ки теъдоди муштариёни рӯзномаи “Овози тоҷик” дар ноҳияи мо барои соли нав ба чанд карат афзоиш хоҳад ёфт, – гуфт дар хотимаи суҳбат Расулҷон Ҷӯраев.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
“Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.