Дигаргуниҳои куллие, ки солҳои охир дар Ӯзбекистони азиз рух медиҳанд, ҳар як шаҳрванди ин мулки озоду ободро шод мекунанд.
Дар ҳама соҳаҳои ҷамъият ислоҳоти назаррас амалӣ мешаванд. Тағйироти мусбати соҳаи дӯстии халқҳо, имкониятҳои зиёд барои ҳамаи халқу миллатҳои маскуни Ӯзбекистон дили пурмеҳри соҳибони забон ва қавму миллатҳоро ба ҷунбиш оварданд.
Онро дар мисоли рӯзгори маънавиву маърифатии тоҷикони Ӯзбекистон низ равшан дидан ва мушоҳида кардан мумкин аст. Бидуни муболиға, маҳз туфайли сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат ва қарору фармонҳои одилонаи ҳукумат пиряхҳои ба сангистон мубаддалгаштаи дӯстии халқҳои ду мамлакат – Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз партави хуршеди дӯстӣ об шуданд. Пас аз кушода шудани роҳҳо ва сарҳадҳо дар ҳаёти тоҷикони Ӯзбекистон, аз ҷумла Самарқанд низ падидаҳои хуш амалӣ гаштанд. Ба узвияти Иттифоқи нависандагон ва Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон пазируфта шудани гурӯҳе аз соҳибқаламони тоҷики Ӯзбекистон, чопи китобҳои эҷодкорони тоҷик ва тоҷикзабони самарқандӣ, таъсис ёфтани шӯрои тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, гузаронидани ҷашнвораи адибон, қад кашидани муҷассамаҳои Одамушшуаро Рӯдакӣ ва Ҳаким Фирдавсӣ дар Самарқанд ва ғайра маҳсул ва натиҷаи ана ҳамин иқдомҳои нек мебошанд. Чунин навидҳои шодибахшро аз ҳаёти милливу фарҳангии тоҷикони Самарқанд метавон идома дод. Суоле ҳаққонӣ бармеояд: Дар роҳи густариши фарҳангу арзишҳои миллӣ пуштибони мо чист? Бе ҳеҷ шакку шубҳа метавон гуфт, ки ин пуштбон Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст, ки ҳифзу ҳимояи моро бар дӯш дорад. Таҳрири нави Қомуси бахти мо, ки раъйпурсиаш 30-юми апрели соли ҷорӣ баргузор мегардад, имкон медиҳад, ки аз он бо тамоми бобу моддаҳои инсонпарвариаш ҷонибдорӣ кунем.
Ман рӯзи раъйпурсӣ аз аввалинҳо барои Конститутсияи ояндасозам овоз медиҳам ва шумо – рӯзномахонони азизро низ ба ин иқдом даъват мекунам. Бефарқ набошем, зеро бетарафӣ бешарафист!
Акбарҷон МАҲМУДОВ,
раиси Маркази милливу фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони Самарқанд.