БЕҲ АЗ САННОИ ОЛАМ ДЕҲҚОН АСТ...

«Овози тоҷик» чанд сол боз дар вилояти Сирдарё, ки хонандагон, ҳаводорону ҳавохоҳони худро дорад, хабарнигори хосса надошт.

Инак ба қарибӣ журналисти собиқадор ва боиқтидор Тӯхтамиш Боқиев дар вилоят ҳамчун хабарнигори махсус ба кор оғоз намуд. Мо ба ӯ дар ин вазифаи масъул барори кору эҷод орзу намуда, аввалин навиштаашро ба сифати ходими рӯзнома эълон мекунем ва «давоми нек роҳатро» мегӯем.
 Идораи «Овози тоҷик».
Боз як тобистон ба ҳукми таърих гузашт. Тирамоҳи  заррин тахтнишини табиат шуд. Тирамоҳ баробари фасли пурсаховату неъматрез будан барои деҳқону соҳибкорон фасли озмоиш ҳам ҳаст. Дар ин фасл меҳнати яксолаи  деҳқони хокпош, бахусус пахтакорон  ҷамъбаст мегардад. Масъулияти фасли тирамоҳ барои деҳқон на камтар аз масъулияти баҳору тобистон аст. Зеро дар ин фасл деҳқонро лозим меояд, ки маҳсули заҳмати яксолааш – ҳосили пухтарасидаи пахтаро дар муддати кӯтоҳ ҷамъоварӣ намояд.
Замонҳое буданд, ки шиори “Имрӯз ҳама пахтакор” дастболо буд. Мактаббачагон, донишҷӯёни донишкадаҳо, коргару хизматчиёни корхона ва ташкилот бечунучаро ба ғунучини пахта ҷалб карда мешуданд. Аз сафарбарии умумӣ, аз сиёсати ба ном «мавсими зарбдори ғунучини пахта» ҷойи гурез набуд... Ҳоло боиси хушнудиву шукргузорист, ки он рӯзҳо ба афсонаи аламовар табдил ёфтаанд... Ду сол боз таҳти роҳбарии хирадмандонаи ҳукумати ҷумҳуриамон меҳнати маҷбурӣ  дар сар то сари давлатамон аз байн рафтааст. Мактаббачагону толибилмон машғули таҳсиланд, муаллимону духтурон... хуллас ҳама бо вазифа ва касбу кори худ машғул асту пахта ҳам дар замин намемонад. Яъне, муаммое вуҷуд надорад, ки ҳалнопазир бошад.
Қарори 30 августи соли ҷорӣ таҳти рақами 703 қабулкардаи Девони Вазирони Ҷумҳурии  Ӯзбекистон оид ба муташаккилона ташкил намудани ҷамъоварии ҳосили пахта боз як қатор муаммоҳои ин соҳаро ҳаллу  фасл намуд. Дар вилояти Сирдарё низ чун дар саросари ҷумҳуриамон аз рӯйи ин қарори таърихӣ чорабиниҳои амиқ андешида шуда, дар ҳамаи ноҳия ва хоҷагиҳои фермерӣ  ҷорӣ гардид.
Соли равон дар вилояти Сирдарё 3618 фермер дар 77 ҳазор гектар майдон пахта кошта парвариш намуданд. Аз рӯйи нақша деҳқонони вилоят имсол бояд ба давлат 194 ҳазор тонна ашёи хоми пахта фурӯшанд. Мувофиқи чораву тадбирҳои аз тарафи ҳокимияти вилоят андешидашуда дар миқёси вилоят 1015 адад отряди корӣ ташкил  карда шуд. Ба ин  отрядҳо шахсоне сарварӣ мекунанд,ки дар байни мардум обрӯву эътибор ва қобилияти ташкилотчигӣ доранд. Яъне, “Сад сарро як сарвар” гуфтагӣ барин ин сарварон сиёсати имрӯзаи ҳукумати  ҷумҳуриро ба халқ талқин мекунанд, аҳолиро мувофиқи қонунҳои имрӯза ба ғунучини пахта ҷалб намуда, ба ин ҷараён сару сарвар мешаванд. Онҳо ҳамчунин ӯҳдадоранд, ки ба пахтачинӣ ҷалб гардидани ноболиғонро пешгирӣ кунанд.  
Пешбинӣ шудааст, ки ба мавсими ҷамъоварии пахта  142 ҳазор нафар чинакчӣ иштирок менамоянд, ки 101 ҳазор нафари онҳо сокинони вилоят мебошанд. Ин нишондиҳанда 28 фоизи аҳолии қобили меҳнати вилоятро ташкил мекунад. Аз дигар вилоятҳо овардани бештар аз 40 ҳазор нафар ҳашарчӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Дар мавсими ғунучини ҳосили пахта мувофиқи нақша 598 мошини пахтачинӣ иштирок намуда, 45 ҳазор тонна пахта тавассути онҳо чида мешавад.
Дар вилоят барои бо маҳсулоти хӯрокворӣ таъмин намудани ҳашарчиён захираи озуқаворӣ иборат аз 128 тонна гӯшт, 94 тонна равғани растанӣ, орд барои 6392 дона нон, 226 тонна шакар, 85 тонна макарон, 85 тонна биринҷ, 639 тонна картошка, 128 тонна сабзӣ ва 320 тонна пиёз ба вуҷуд оварда шуд. Ба мақсади бунёди шароити муътадили корӣ 284 ҳазор дона пешдомани пахтачинӣ, 1420-то тарозу, 1420 дег, 2841-то самовор, 1420 дона зарфи обнигоҳдорӣ тайёр карда шудааст.     
Дар давоми мавсим 232 автобус, 96 микроавтобус ва 317 адад автомобили  “Дамас” барои аз манзил ба манзил бурда овардани ҳашарчиён омода карда шудааст. 
Музди меҳнати иштирокчиёни мавсим мувофиқи қарори 703-юми Девони Вазирони ҷумҳурӣ пардохта шуда, ба ҳар як отряд ходими бонки тиҷоратӣ вобаста карда хоҳад шуд.  Барои истироҳат ва бо ҷойи хоб таъмин намудани ҳашарчиён низ ҳамаҷониба тайёрӣ дида мешавад.
Дар вилоят барои пешгирӣ кардани меҳнати маҷбурӣ низ чорабиниҳо андешида шудаанд. Бино ба ин чорабиниҳо дар ноҳияҳо, мактабҳо, коллеҷу литсейҳо ва дигар муассисаҳо семинарҳо гузаронида мешаванд. Имсол ҳатто истифода бурдани объектҳои иҷтимоӣ барои ҷойи хоби ҳашарчиён низ манъ аст. Ҳамаи хабарҳо, аз ҷумла хабарҳои анонимӣ (хуфиёна) низ бобати қонунвайронкунӣ аз тарафи мақомоти масъул ҷиддан санҷида хоҳанд шуд. 
Халқи вилояти Сирдарё тирамоҳи имсоларо бо мамнунияту рӯҳи болида пешвоз гирифт. Аз байн рафтани меҳнати иҷборӣ, зиёд шудани музди меҳнати чинакчиён муносибати одамонро нисбат ба меҳнат, алалхусус нисбат ба ҷамъоварии пахта куллан дигар кардааст. Ғамхорӣ ба инсони меҳнаткаш, ба таври муносиб қадр карда шудани меҳнат меҳру муҳаббати халқро нисбат ба Ватани маҳбубамон торафт афзуда, ҳисси ифтихори миллиро дар дилу шуури онҳо мустаҳкамтар мекунад.   
                                          
Тӯхтамиши  БОҚӢ,   
хабарнигори “Овози тоҷик” дар вилояти  Сирдарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: