БЕҲ АЗ САНОИ ОЛАМ ДЕҲҚОН АСТ...

Замониддин барвақт хест ва сӯи саҳро шитофт.

Замониддин барвақт хест ва сӯи саҳро шитофт. Вай хост донад, ки замини дирӯз шодоб кардаашон чи тавр нашъунамо меёбад. Ба сари замини якунимгектарӣ омаду манзараи дилфиребро дида, хурсанд шуд. Аён буд, ки замини дирӯз обхӯрда “нерӯ” гирифтааст.
“Беҳуда “Обу ободӣ”, “Об – манбаи ҳаёт” намегуфтаанд бузургонамон”,–  аз дил гузарон Замониддин. 
 Баъди тамошои ин манзараи зебо вай ба  боғи хоҷагиаш назар дӯхт. Ниҳолҳои себ, шафтолу, зардолу, олу, гелосу олуча ғарқи мева буданд.  
Замониддин Мамасидиқов, ки ҳамагӣ 3 гектар замин дорад. Вай мувофиқи шартномааш бо хоҷагии ҷамоавии «Ҳушёр» дар ин замин гандум, картошка, пиёз, ҷуворимакка ва маҳсулоти дигари полизӣ парвариш менамояд. 
Иҷорачӣ З. Мамасидиқов зимни суҳбат гуфт, ки хусусан пухтани олуи шаҳдбори боғашро ҳамаи занони деҳа бесаброна интизорӣ мекашанд. 
– Онҳо аз ин  мева шарбату мураббо тайёр мекунанд. Шарбаташро то танги тирамоҳ ва мураббояшро то фарорасии баҳор истеъмол мекунанд,– мегӯяд ӯ.
Дарвоқеъ, таъми олуҳо ширин буд. Маълум шуд, ки шарбату мураббои ин олуро ҳар кас нӯши ҷон кунад, забону ҷисмаш роҳат мебарад. Табиати софу беғубор, муҳити аз нигоҳи экологӣ тоза боиси он шудаанд, ки меваву картошкаи Сӯхро дар ҳамаи кунҷу канори ҷумҳуриамон таърифу тавсифкунон истеъмол мекунанд.
Як қисми замини корами Замониддин лалмӣ буда, дар он тирамоҳ тухми ғалла мекорад. Ғалла танҳо бо оби барфу борон нашъунамо меёбад. Имсол низ аз ин майдон 35 сентнерӣ ҳосили ғаллаи хушсифат ба даст овард. Як қисми онро барои ҷуброни ҳақи шартнома ба хирмани хоҷагии ҷамоавии “Ҳушёр” супурд. Қисмати боқимондаашро ба хонааш бурд.
– То давраи ҳосилҷамъкунӣ ин гандумро орд карда, бо аъзои хонаводаам мехӯрем. Медонед, ки нони орди гандуми таҳҷоӣ чӣ қадар ширину хуштаъм аст, – изҳор кард Замониддин ва баъд буридаи нони дасташро ба оби равони поёни замин тар карда ба даҳон андохт.
Ногуфта намонад, ки киштазорҳои зиёди хоҷагии ҷамоавии “Ҳушёр” тавассути оби насосҳо обёрӣ мегардад. Аммо баъзе қисмати заминҳои лалмӣ имкони бо ин об обёрӣ карданро надоранд ва оби барфу борон кифоят мекунад, ки то пухтану мавсими дарав кишти ғалла аз об танқисӣ накашад.
Дар давоми суҳбат Замониддин Мамасиддиқов гуфт, ки баъзан боришоти зиёди борони баҳорӣ ба киштазори онҳо зарар мерасонад. Чунки номусоидии обу ҳаво ва боришоти пай дар пай сабаб мегардад, ки як қисми ҳосил аз даст равад. 
– Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда камарро маҳкам баста меҳнат мекунем. Бо хости Худованд ҳамааш ба хубӣ меанҷомад. Ҳам мо сер мешавему ҳам халқро сер мекунем,– мегӯяд иҷорачӣ.
Бобову падарон устоди зиндагӣ ва муаллими маънавии ҳар яки мо ба шумор мераванд. Модарон бошанд, фаришта ва нуру зиёи хонадони  моянд. Падари Замониддин – Қулфиддин Мамасидиқов ҳам устоди зиндагии ӯст, ба фарзанди худ  асрори кишоварзиро омӯзонидааст.  Қисми зиёди фаъолияти меҳнатиашро ин марди наҷиб ба хоҷагии қишлоқ сарф намудааст. Ҳоло нафақахӯр асту давлати пирӣ меронад.
Ҳанӯз дар замони худ Носири Хусрави Қубодиёнӣ деҳқонро васфу ситоиш карда гуфта буд:
Беҳ аз санои олам 
деҳқон аст,
Ки ваҳшу тайрро 
роҳатрасон аст.
Аз он ки табиати кӯҳистони Сӯх нисбат ба ҳамвории водии Фарғона тақрибан ба 20-25 рӯз фарқ мекунад, дар ин минтақаи дурдасти вилояти Фарғона деҳқонон ба кишту парвариши ҳосил нисбат ба кишоварзони минтақаҳои дигар дертар машғул мешаванд. 
Албатта, пешравӣ, тараққиёти ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат, фаровонии ҳаёти мардуми мо ба  пешрафти соҳаи кишоварзӣ низ робитаи ногусастанӣ дорад. Дар пурбаракат шудани хони мардум сокини деҳаи Қизилқиёқи ноҳияи Сӯх Замониддин Мамасидиқов бо меҳнати хоксоронаи худу аъзои хонаводааш саҳм мегузорад. 

Мӯъмин МАҲМАДИЕВ.
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: