БЕҲБУДИИ ТИББӢ ДАР ДИЁРИ ИБНИ СИНО

Тани сиҳҳату хотири ҷамъ беҳтарин дуои мардуми мост.

Тани сиҳҳату хотири ҷамъ беҳтарин дуои мардуми мост.
Пойдории  саломатию хотирҷамъӣ имконият медиҳад, ки нияту нақшаҳои инсон ҷомаи амал пӯшанд. Аз ин рӯ ғамхории давлат нисбати ҳифзи тандурустии аҳолии мамлакат беш аз пеш афзудааст.
Суҳбати мо бо сардори садорати ҳифзи тандурустии ҳокимияти вилояти Бухоро Илҳом Нарзиев дар атрофи ҳамин масъала буд.
– Илҳом Исломович, дар низоми соҳа – ҳифзи саломатии аҳолӣ ва сифати хидматрасонии тиббӣ чӣ гуна дигаргуниҳо рух медиҳанд?
– Ин дигаргунӣ – ислоҳоти соҳа, хусусан, дар се соли охир беназир аст. Муҳимтараш бобати ба мардум расонидани хидмати босифати тиббӣ марҳалаи нав оғоз ёфт ва дар ин бора қадамҳои устувор гузошта шуданд. Бо мақсади такмил додани соҳа ва ноил шудан ба ризояти мардум бештар аз 180 фармон, қарор, ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳукумат қабул гардиданд. Бо мақсади рушди соҳа аз ҳисоби буҷа беш аз 12,1 триллион сӯм маблағ ҷудо гардид. Дар натиҷа эътимоди одамон ба соҳаи тиб афзуд. Вилоят зиёда аз 1,9 миллион аҳолӣ дорад, дар соҳаи тиб низ дигаргуниҳои назаррас ба чашм мерасанд. Ҳоло дар ин ҷо беш аз 250 муассисаи муолиҷавию профилактикӣ ва ёридиҳанда ба аҳолӣ хидмати ихтисосии тиббӣ мерасонанд. Бо мақсади дастрас шудани нахустин хизмати тиббӣ ба аҳолӣ 70 поликлиникаи оилавӣ, ҳамин қадар шуъбаҳои «ёрии таъҷилӣ», инчунин зиёда аз 200 дорухонаи иҷтимоӣ ташкил карда шуданд. Айни замон 93 бунгоҳи тиббии  деҳот фаъолият доранд.
Солҳои охир дар натиҷаи соҳиби реанимобилҳои «Дамас», «Тойота» ва «Ҳундай» гардидани низоми ёрии таъҷилии вилоят шумораи умумии автомобилҳои он ба 154 адад расид. Миқдори умумии истгоҳ ва шуъбаҳои ёрии таъҷилии тиббӣ аз 110-то зиёд шуд. Ҳамин тариқ ҷараёни саривақт расидани ёрии таъҷилии тиббӣ ба даъватҳо беҳтар гардид. Дар низом масъалаи норасоии духтурон вуҷуд надорад.
– Дар соҳаи ҳифзи тандурустии вилоят мавқеи сектори хусусӣ чӣ гуна аст?
– Имрӯз ба соҳа эътибор беш аз пеш афзудааст. Чор сол муқаддам дар вилоят миқдори муассисаҳои тиббии хусусӣ ба сесадто намерасид. Соли гузашта миқдори онҳо ба 430-то расид. Имсол боз 40 муассисаи нав ба кор медарояд.
– Ҳамкориҳои тиббии вилоят бо мамлакатҳои хориҷӣ то чӣ андоза беҳтар мегардад?
– Албатта. Дар асоси ин ҳамкориҳо ҷалби сармояҳои хориҷӣ дар низоми тандурустии вилоят боиси беҳбудиҳо мешавад. Хусусан, ба фаъолият оғоз намудани беморхонаи муштараки ӯзбекистонию кореягии «Бухоро – Хичман» воқеаи муҳим гардид. Ин муассиса, ки 140 нафар ходимро бо кор таъмин кардааст, дорои 90 ҷойи муолиҷа мебошад. Дар беморхона шикастабандию ортопедия, нейроҷарроҳӣ, реаблитатсия, беморҳои асаб, дарунию эндокринологӣ табобат мешаванд. Дар натиҷаи ҳамкориҳо бо як қатор ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Тибтехника» ба кор даромад. Татбиқ ёфтани ин лоиҳа имкон дод, ки шаш намуди таҷҳизоти тиббӣ дар худи ҳамин ҷо истеҳсол шаванд.
Алоқаҳоямон бобати таҷрибаивазкунии кадрҳо низ сол  то сол вусъат меёбад. Такмили ихтисоси духтурон дар мамлакатҳои хориҷӣ соли гузашта нисбат ба соли 2018 ду баробар афзуд. Аз ҷумла соли 2019 ба вилоятамон аз кишварҳои хориҷӣ 200 нафар мутахассисҳои баландмалака омада, дар беш аз 350 машғулияту машварат ва амалиёти ҷарроҳӣ иштирок карданд.
– Дар вилоят вобаста ба соҳа ташкил ёфтани ҳудудҳои намунавӣ чӣ аҳамият дорад?
– Бо мақсади созмон додани ҳудудҳои намунавии тиббии вилоятӣ ноҳияи Вобканд ва шаҳри Когон интихоб шуда буданд. Бо ин мақсад муассисаҳои тиббии ин ҳудудҳо аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ бо таҷҳизоти зарурӣ ва маблағи кофӣ таъмин гардиданд. Ин аллакай самараи худро медиҳад. Ба туфайли он робитаҳои байниҳамдигарии ёрии аввалини тиббию санитарӣ, ёрии таъҷилии тиббӣ ва ёрии ихтисосонидашудаи тиббӣ беҳтар гардида, раванди яклухтии тиббӣ такмил меёбад. Дар низоми ёрии нахустини тиббию санитарӣ мубодилаи ахбори электронӣ бартарӣ пайдо мекунад. Бо мақсади табъи дил ба роҳ мондани фаъолияти ин ҳудудҳо ҷараёни корҳои ташкилӣ идома доранд.
– Соли ҷорӣ чӣ гуна кору вазифаҳо иҷро мешаванд?
– Васеъ ҷорӣ намудани низоми «Ҳифзи тандурустии электронӣ», такмил додани раванди молиявии соҳа, ислоҳ  намудани қолабҳои музддиҳӣ ба кормандони тиб мувофиқи самараи ниҳоии меҳнаташон, чорабиниҳо бобати коҳиш додани фавти модару кӯдак, қавитар гардондани алоқаи байниҳамдигарии низомҳои ёрии аввалин, таъҷилӣ ва ихтисосонидашудаи тиббӣ, пешгирӣ кардани маризиҳои сироятнакунанда, татбиқ намудани тарзи зиндагии солим ва ғайра аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими имсолаи мо ба шумор мераванд.

Суҳбаторо 
А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: