БЕҲБУДИШИНОСИРО БОЯД ВУСЪАТ ДОД

Ба муносибати 145-солагии Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ

Соле пеш, дар ҳамин гуна рӯзҳои моҳи январ, дар Самарқанд ду чорабинӣ доир ба ёдбуди пешвои ҳаракати ҷадидия, муборизи роҳи озодӣ ва истиқлоли миллӣ Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ сурат гирифта буд:  яке – ба муносибати муаррифии китоби дуҷилдаи «Танланган асарлар»-и Беҳбудӣ дар музейи «Хотираи шаҳидони табъид», дигаре – конфронси илмию педагогӣ баргузор шуд. Дар анҷоми конфронс намояндагони илму адаби Самарқанд, муаллимону шогирдон ва хешу ақрабо ба пояи нимтанаи Беҳбудӣ гул гузоштанд. Нимпайкараи ӯро дар ҳамон рӯзҳо аз бинои кӯҳнаи институт ба ҷойи муносиб – ҳавлии бинои нав кӯчонида буданд. 
Аввали моҳи май дар Самарқанд боз як чорабинии фарҳангӣ рӯй дод: дар даромадгоҳи яке аз биноҳои воқеъ дар кӯчаи Мирсаид Барака, ки солҳои 1913-1918 манзили зисту эҷоди Беҳбудӣ буд, маросими тантанавии кушодани лавҳаи ёдгорӣ баргузор гардид. Нотиқон изҳори ақида намуданд, ки ин манзил барои ташкил додани хона-музейи Беҳбудӣ ҷойи сазовор аст, зеро як давраи сермаҳсули фаъолияти адабиву ноширии ӯ дар ҳамин ҷо гузаштааст. Охири ҳамон моҳ дар музейи «Хотираи шаҳидони табъид»-и Тошканд бо иштироки олимони таърихнигор ва адабиётшинос конфоронси илмию-адабӣ баргузор гардид, ки ба омӯхтани моҳияти ҳаракати ҷадидия ва нақши Беҳбудӣ дар он бахшида шуда буд.
Рӯйдодҳое, ки зикр намудем, ёди Беҳбудиро аз нав зинда намуданд. Хуб медонем, ки дар тӯли даҳсолаҳо муносибат ба мероси Беҳбудӣ, ғояҳои милливу маърифатпарварии вай устувор ва некбинона набуд. Вобаста ба дигар шудани раҳнамуди идеологӣ муносибат ба Беҳбудӣ низ дигар мешуд ва эҳтиёткорона буд. Беҳбудиро дар рӯзи таваллудаш хоксорона ба ёд меоварданд: чанде аз ходимони Институти такмили ихтисоси муаллимони вилоят, ки номи Маҳмудхоҷа Беҳбудиро дорад ва боз се-чор нафар аз хешу табор ба пояи муҷассамааш гул мемонданд, бо чанд сухан ёд мекарданду халос.  
Ақаллан ба ҳамин тарз ҳам бошад, барои ёдоварӣ намудани Беҳбудӣ мо аз масъулони фарҳанги шаҳру вилоят, албатта, сипосгузорем. Баробари ин, бояд зикр кард, ки имрӯз дар ҷомеаи мо як насими тозаи маънавию фарҳангӣ вазида ва барои абадӣ гардонидани номи Беҳбудӣ низ шароити мусоид ба вуҷуд омада истодааст. Ва ҳамон масъулони фарҳанг акнун метавонанд ҷасорати маънавӣ пайдо намуда, дар миқёси шаҳру вилоят ва тамоми Ӯзбекистон доир ба омӯхтан ва тарғиб намудани афкори пешқадами Беҳбудӣ бисёр корҳои шоистаро ба сомон расонанд. Яке аз Беҳбудишиносони номдор, шодравон Бегалӣ Қосимов дар муқаддимаи «Осори мунтахаб»-и якҷилдаи Беҳбудӣ (Т., 2006) навишта буд: «Ҷамъу сара намудан ва ба нашр тайёр кардани асарҳои адиб шурӯъ шуд. Дар пеш кор бисёр аст». 
Ман ҳам мехоҳам чанд мулоҳизаву пешниҳоди худро дар ин мавзӯъ баён намоям:
Якум. Дар солҳои истиқлоли миллӣ олимон дар боби Беҳбудишиносӣ комёбиҳои назаррас ба даст оварданд. Як хусусияти хоси қисме аз асарҳои эшон дар он аст, ки тадқиқи зиндагӣ ва осори Беҳбудӣ дар ҳамбастагии қавӣ бо тадқиқи таърих ва моҳияти ҳаракати ҷадидия сурат мегирад. Муҳаққиқи дигари ҳаракати ҷадидия Дилором Алимова дар тадқиқоти арзандаи сеҷилдаи хеш – «История как история, история как наука» (дар китоби дуюм – «Феномен джадидизма», Т., 2009) ба ҳамин услуб кор бастааст. Аз муаллифони самарқандӣ Ҷӯрабой Яхшиликов ва Нилуфар Убайдуллоева («Жадидлар ва Беҳбудий», Т., 2004), Нигора Раббимова («Туркистонда жадидчилик ҳаракатининг ижтимоий илдизлари», Т., 2005) низ ҳамин услубро пайравӣ намудаанд.
Адабиёте, ки бевосита ба Беҳбудӣ бахшида шудааст, чандон калон нест. Дар байни пажӯҳишҳои Беҳбудишиносӣ ҳамон асарҳо ҷолиби диққатанд, ки дар шакли рисолаҳо ва дар таркиби китобҳои Беҳбудӣ ба табъ расидаанд. Рисолаҳои Дилором Алимова ва Дилбар Рашидова «Махмудходжа Бехбуди и его исторические воззрения» (Т., 1998), Ҳалим Саидов «Маърифат либосидаги озодлик» (Т., 2000), Наим Каримов «Маҳмудхӯжа Беҳбудий» (Т., 2011), очерки адабию таърихии Бегалӣ Қосимов «Адиби аввал...», шомили китоби ҳамин муаллиф — «Маслакдошлар» (Т., 1994), муқаддимаҳои муфассали таҳлилии Бегалӣ Қосимов – «Карвонбоши» ба нашри «Танланган асарлар»-и Беҳбудӣ (дар як ҷилд, Т., 2006), Сироҷиддин Аҳмад «Туркистон халқининг миллий қаҳрамони» ба нашри нави «Танланган асарлар»-и Беҳбудӣ (дар ду ҷилд, Т., 2018), рисолаи Шӯҳрат Ризоев «Жадид драмаси» дар маҷмӯаи ҳамноми драмаҳои адибони ҷадид (Т., 1997) аз ҳамин қабиланд.
Бояд гуфт, ки нашри дуҷилдаи Беҳбудӣ ба аҳли илму адаб, умуман алоқамандони мероси Беҳбудӣ, бешак хурсандӣ бахшид. Баробари ин, бо итминон гуфтанӣ ҳастем, ки агар беҳбудишиносон ҳимматро паст накарда, ҷустуҷӯҳоро давом диҳанд, комгориҳо дар пеш хоҳанд буд. Дар ҳамин нукта боз як мулоҳизаи худро баён карданӣ ҳастам: қатъи назар аз мавҷуд будани тадқиқотҳои хубу шавқовари хонданӣ, мо ҳоло ягон китоби ҷудогона ва мукаммали илмиву адабиро, ки тамоми паҳлуҳои зиндагии ин марди бузург ва қисматаш фоҷиавиро фарогир бошад, нахондаем. Аз таҷрибаи ноширони давраи шӯравӣ як мисол меорам: нашриёти «Молодая гвардия» дар силсилаи «Ҳаёти одамони шоиста» («ЖЗЛ») садҳо китоби илмию бадеиро ба табъ расонидааст, ки онҳо кайҳо маҳбуби хонандагон гардидаанд. Дар ҳамин силсила бахшида ба Ибни Сино, Берунӣ, Хайём, Айнӣ китобҳо нашр шудаанд. Умед мекунем, ки дар ояндаи наздик дар бораи Беҳбудӣ ҳам монографияи пурарзиши илмӣ ва ҳам китоби илмиву бадеӣ барои хонандаи умум эҷод карда мешавад. Бигузор, дар хонаи ҳар яки мо чунин китоб бошад.
Дуюм. Дар қатори садҳо суханварони Тӯронзамин Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ҳам адиби зуллисонайн ба шумор меравад. Вай донишманди хуби забонҳо буд, таълим медод, ки барои дар тараққиёт бо кишварҳои пешқадам ва аз ҷаҳолат раҳоёфта баробар шудан,  донистани чаҳор забон – туркӣ, форсӣ, арабӣ ва русӣ ҳатмӣ аст. Вобаста ба вазъи истифодаи забонҳо дар Туркистон, худ ба забонҳои тоҷикӣ-форсӣ ва туркӣ-ӯзбекӣ озодона эҷод мекард. Таъкиди ин нуктаро мо зарур мешуморем ба он ҷиҳат, ки Беҳбудӣ, бино ба фикри муҳаққиқон, аз чаҳор як қисми осораш, хусусан, мақолаҳояшро дар рӯзномаи «Самарқанд» ва маҷаллаи «Оина» ба тоҷикӣ иншо намудааст. Ин ҷо ба ду чиз бояд эътибор дод: аввалан, фақат аз чаҳор як ҳиссаи осори Беҳбудиро тоҷикӣ шуморидани муҳаққиқон баҳсовар аст; сониян, таассуф мекунем, ки на ба якҷилдаву на ба дуҷилдаи мунтахаботи Беҳбудӣ аз таълифоти тоҷикиаш чизе дохил нашудааст. Ба ҳамин асос ва ба мақсади ба хонандагони тоҷик пешниҳод намудани мероси илмию адабии Беҳбудӣ, нашр намудани таълифоти ба тоҷикӣ иншошудаи адибро зарур мешуморем. Ва агар ин кор дар ҳамдастии муҳаққиқони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба амал ояд, нуран аъло нур мешуд. 
Сеюм. Ба сифати як шахсияти бузурги таърихӣ симои Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ҳам сазовори таҷассум кардан дар асарҳои адабиёт ва санъат мебошад. Аҷаб ин, ки дар давоми даҳсолаҳо муносибати болонишинон ба Беҳбудӣ чӣ хеле мубҳаму нопойдор буд, эҷодкорон ҳам дар масъалаи Беҳбудӣ хомӯшу бепарво мемонданд. Дар ҳар сурат ҷасуроне пайдо мешуданд, ки ин «девори бегонагӣ»-ро рахна мекарданд. Коргардони синамои тоҷик, муаллифи филмҳои интеллектуалӣ Бақо Содиқов  дар «Ӯзбекфилм» дар бораи ҷадидон силсилафилми «Фидоиён» (2003)-ро офарид. Вале аз чӣ сабаб бошад, ки намоиши васеи филм боздошта шуд. Азбаски дар маркази филм симои Беҳбудӣ  қарор дорад, ҳоло номи филмро «Маҳмудхӯжа Беҳбудий» мондаанд, аммо намоиши он (аз рӯйи ваъда дар телеканали «Ӯзбекистон тарихи») маълум нест, ки кай барпо мешавад.
Соли 2001 театри вилоятии ба номи Ҳ. Олимҷони Самарқанд песаи драматург Бурҳон Исломов «Беҳбудӣ»-ро ба саҳна гузошт. Жанри асарашро драматург «фоҷиаи оптимистӣ» номида буд ва он моҳияти он чиро, ки тамошогар  бояд дар саҳна медид, дуруст ифода мекард. Офарандагони спектакл – коргардони тоҷикистонӣ Шавкат Халилов, мусаввири шодравон Даврон Сафоев, иҷрокунандаи нақши Беҳбудӣ – Баҳрулло Раҳимов ва дигар ҳама шарикони ҳамкор бо ҷӯшу хурӯши эҷодӣ кор карданд. Аммо баъди чанд намоиш спектакл аз барномаи театр гум шуд. Ҳоло, ки мавридаш омадааст, бояд театр ин спектаклро аз нав барқарор намояд. Дар саҳнаи театре, ки Беҳбудӣ зиёда аз сад сол муқаддам барои ба вуҷуд овардани он мубориза мебурд, чеҳраи инсониву дили пуршӯри ӯ бояд бардавом таҷассум ёбад.
Дар адабиёти бадеии Самарқанд ҳам дар мавзӯи Беҳбудӣ як падидаи тозае ба назар расид: Нусрат Раҳмат бо номи «Ҷадид» романе навишт ва тавассути Интернет онро ба хонандагон пешниҳод намуд. Ман ҳам онро хонда баромадам. Роман таассуроти хуб гузошт. Алҳол ду чизро бурди эҷодии нависанда мешуморам: яке – дар банду баст ва равиши амалиёти роман манбаъи ҳуҷҷатӣ – «Хотираҳои сафар»-и Беҳбудӣ ва тахайюли бадеии худи адиб, ки ҷузъи  муҳими ҳама гуна ҷараёни эҷодӣ аст, пайваста бо ҳам ва ҷолиби диққат омадааст. Дигаре – адиб номи асарашро беҳуда «Ҷадид» нагузоштааст. Дар фаслҳои охири роман Нусрат Раҳмат бо як эҳтироси бадеиву публитсистӣ ҳамон инсонҳоро ҷадид мегӯяд, ки мақсади шикастани кӯҳнаву сохтани навро доштанд ва аз ҳамин назар ҷамъияти имрӯзаи мо ба Беҳбудӣ барин муборизони навсоз эҳтиёҷманд аст. 
Мавзӯи Беҳбудӣ майдони фарохеро мемонад, ки санъаткорон – чӣ нависандагон, чӣ филмсозону ходимони театр метавонанд ҷасурона ба он дароянд ва эҷод намоянд. Чуноне мегӯянд, майдон аз далер аст.
Чаҳорум. Барои фаромӯш нашудан ва дар дили халқ ҳамеша зинда мондани номи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ  ба анҷом расонидани як теъдод корҳоро лозим мешуморем. Пеш аз ҳама, дар маҳалли таваллуди Беҳбудӣ – деҳаи Бахшитеппаи наздикии Самарқанд ва манзили иқомати ӯ дар гузари Ёминии  шаҳри Самарқанд гузоштани лавҳаҳои ёдгориро фармудаи илоҳӣ донем, хуб мешуд. Умед мекунем, ки фикри дар манзили Беҳбудӣ, воқеъ дар кӯчаи Мирсаид Баракаи шаҳр, ташкил намудани хона-музейи адиб гапи хушку холӣ набуда, дар ҳақиқат ҳам амалӣ хоҳад шуд. Дар заминаи ҳамин хона-музей, агар он сохта шавад, созмон додани Маркази тадқиқоти мероси Беҳбудӣ кори бағоят хайрандешона хоҳад буд. Дар ҳамин марказ гузаронидани тадбирҳои ёдбуд – Рӯзи Беҳбудӣ (19 январ), Солонаи Беҳбудӣ, конфронсҳои илмӣ, тақдимоти китобҳо доир ба ҳаёт ва фаъолияти адиби мутафаккир, вохӯриҳои эҷодӣ бо адибони ватаниву хориҷӣ ва амсоли ин, ба ақидаи мо, ба вусъати беҳбудишиносӣ мусоидат хоҳанд намуд. Дар заминаи маводи ҳамин гуна тадбирҳо ақаллан дар ҳар се сол як бор нашр кардани маҷмӯаи илмиву адабии «Солонаи Беҳбудӣ»-ро кори хайр мешуморем.
Панҷум. Сулолаи Беҳбудиҳо аз сулолаҳои машҳуру маъруфи Самарқанд буда, таърихи қариб дусадсола дорад. Падари Маҳмудхоҷа – Беҳбудхоҷа, мансуб ба авлоди Аҳмади Яссавӣ, бо имом-хатибӣ машғул будааст. Маҳмудхоҷа ҳам аз пайи падар рафта, то ба дараҷаи муфтӣ расидааст, аммо ин ба тафаккуру маърифати дунёвии ӯ халал нарасонидааст. Фарзанди калони Маҳмудхоҷа – Масъудхон анъанаҳои падарро давом дода, солҳои тӯлонӣ дар Душанбе дар боби таҳриру тарҷума фаъолият доштааст. Писари миёна – Мақсудхон дар айёми ҷавониаш вафот кардааст. Писари хурдӣ – Матлубхон ба ҷанг рафта, бедарак шудааст. Наберагони Маҳмудхоҷа (фарзандони Масъудхон) ҳама дар даврони шӯравӣ хидматҳои шоиста намудаанд: Шавкатхон – афсари қӯшун, баъди ба истеъфо баромадан – роҳбари идораҳои маданият, Мидҳатхон – тарҷумон ва адиб, Надимхон – забоншинос, Назирхон – корманди хоҷагӣ, аз аберагон: Сарватхон – ҳунарпешаи сирк, Шоҳруххон – корманди масъули комсомол ва ҳизб ва дигарон. Ҳоло  наберагону аберагон (насли шашум) давомдиҳандаи сулола мебошанд. 
Мақсад аз ин тафсилот фақат як пешниҳод аст:  мо лозим медонем, ки ба ғайр аз зиндагӣ ва фаъолияти Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, таърихи сулолаи Беҳбудиҳо ҳам бояд амиқ  омӯхта шавад ва дар бораи намояндагони шоиставу некноми ин сулола китобе иборат аз очеркҳои таърихию адабӣ мураттаб ва нашр карда шавад. Чунин китоб барои авлоди нави Беҳбудиҳо боиси ифтихор аз мансубият ба ин сулола хоҳад буд.
Ба ҷойи хулоса. 7-уми январи соли равон рӯзномаи вилоятии Самарқанд – «Зарафшон» муроҷиати беҳбудишинос Ҳалим Саидро ба номи ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ба муносибати 145-солагии рӯзи таваллуди Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар шакли мақола чоп кард. Мақола  якуним саҳифаи рӯзномаро пурра банд кардааст. Чоп шудани чунин мақоларо, ки ҳарорати баланди публитсистӣ дошт ва муаллифи он аз рӯйи адолату ҳақиқат қадршиносӣ намудани Беҳбудиро талаб мекард, ман ҳодисаи фавқулодда мешуморам. Зеро дар ҳаёти маънавии Самарқанд чунин воқеаро пеш мушоҳида накарда будам. Афкори бедори муаллиф чунон муассир буд, ки ҳокими вилоят ба қисмати Беҳбудӣ бетараф буда наметавонист: бо амри ӯ барои васеъ қайд намудани ҷашни адиб ва мутафаккир дар вилоят Ҳафтаи Беҳбудӣ эълон карда шуд. Чуноне як сиёсатмадори замони бозсозӣ гуфта буд, «ях об шуд».

Ато АҲРОРОВ,
номзади илмҳои санъатшиносӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: