БЕҲБУДӢ ВА «ПАДАРКУШ»-И Ӯ

Оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодию илмии Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, ки айни замон арбоби ҷамоатӣ низ ҳисоб меёфт, дар ВАО маводи ҷолиб ба нашр мерасанд.

Оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодию илмии Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, ки айни замон арбоби ҷамоатӣ низ ҳисоб меёфт, дар ВАО маводи ҷолиб ба нашр мерасанд. Ӯву Аҳмади Дониш дар атрофи худ Абдулқодири Шакурӣ, Муҳаммадшарифи Сӯфизода, Абдурауфи Фитрат, Исматулло Раҳматуллозода, Саид Аҳмади Васлӣ, Хоҷа Муин барин маърифатпарварони сарсупорро муттаҳид сохта, оммаро ба илму маориф ҷалб ва баҳри тарғибу ташвиқи ҳаёти нав, пурқувваттар шудани ҳаёти ҷадидӣ ҷидду ҷаҳд сохта, баробари ба мактабҳои усули нав китобҳои дарсию таълимӣ навиштан дар «Хуршед», «Туҷҷор», «Таҷаллӣ» барин нашрҳои даврӣ бо мақолаҳое, ки характери публитсистию даъваткунанда доштанд, баромадҳо менамуданд. 145-солагии М.Беҳбудӣ, ки таҷлил мегардад, месазад дар борааш бисёр навишт, ба тарафҳои торики зиндагинома ва фаъолияташ то имкон будан равшанӣ андохт.
Чӣ қадар фидоӣ буданд маърифатпарвароне чун Шакурию Беҳбудӣ: А.Шакурӣ ҳавлии худ воқеъ дар маҳаллаи Раҷабаминро ба ихтиёри мактаб супурд. Чун толибилмон зиёд шуданду мактабхона тангӣ кард, Беҳбудӣ ҳавлии дар шаҳри куҳнабудаашро барои мактаб доду худаш ба ҷои дигар кӯч баст.
Манзили бобоии роқими ин сатрҳо низ замонҳое ба ихтиёри мактаби нав гузошта шуда будааст. Бале, бисёр меҳмонхонаҳои шахсони доро ба мактабхона табдил дода шуданд. Вале ихтиёрӣ не, маҷбурӣ. Манзили бобои ман ва дигар бойҳо зӯран кашида гирифта шуда, ба мактабхона гардонда шуда буданд. Аммо Шакурию Беҳбудӣ барин бузургворон дар ҳавлии худ ихтиёрӣ мактаб ташкил карданд, ба толибони илм дарс доданд, китобҳое навиштанд, ки ба тарғиби фанҳои дунёвӣ-табиӣ равона карда шуда буданд. Аз ҷумла, М.Беҳбудӣ китобҳои дарсӣ ва дастурамалҳое таълиф сохт аз қабили «Мухтасари ҷуғрофияи умумӣ», «Мухтасари ҷуғрофияи русӣ», «Китоб-ул-атфол», «Мухтасари таърихи ислом».
Ҳаёт тақозо мекард маърифатпарварони фидоӣ фаъолияти ноширӣ-журналистӣ низ ба роҳ гузоранд. Саҳифаҳои рӯзномаи «Самарқанд» ва маҷаллаи «Оина» бо маводи мавзӯъҳои таълимии  Беҳбудӣ рангин ва хонданӣ мебаромаданд.
Дунё талабӣ азми сафар бояд кард, уқбо талабӣ, оҳи саҳар бояд кард, гуфтааст шоире. Аммо ниёҳои бузурги мо танҳо барои тиҷорат ва ҷамъ кардани дороӣ не, барои илм омӯхтан ва васеъсозии доираи ҷаҳонбинию тафаккур низ ба сайру сафарҳо мебаромаданд. Минҷумла ташнаи илме чун Беҳбудӣ дар ҳамон шароити душвор ба Арабистон, Миср, Туркия барин кишварҳои Шарқи Наздик сафар кард. Аз Қазон, Петербург, Маскав ва Уфа барин шаҳрҳои Русия дидан намуд. Сафарҳо ба тафаккур ва фаъолияти илмию эҷодиаш таъсири нек гузоштанд, ҳарчанд пуразоб буданд. Дар Русия бо Исмоили Гаспарӣ аз наздик шинос шуд, ғояҳои ӯро оиди ҷадидизм ва усулҳои тозаи таълиму тарбия дар шароити нави таърихии Осиёи Марказӣ идома бахшид.
Маълум, ки афкори иҷтимоию сиёсии ҷадидон, ки ҷонибдори озодӣ ва мактабу маорифи тарзи нав буданд, ба аморати Бухоро ва зимомдорони давр маъқул набуд. Сохти феодалии мавҷударо онҳо сахт ба зери танқид мегирифтанд. Амир Олимхону дарбориён, хусусан, Беҳбудиро душмани ашаддии худ меҳисобиданд. Тозафикрҳо, аз ҷумла, Беҳбудӣ созишкорӣ бо буржуазияи русро низ намеписандиданд. Беҳбудӣ аз зимомдорони рус талаб мекард андози улпон бекор карда шавад. Ин буд Беҳбудии шуҷоъ ва озодфикрро натанҳо дар доираи генерал-губернатори Туркистон, ҳатто дар боргоҳи подшоҳи рус хуб мешинохтанд ва аз вай хавф мебурданд.
Беҳбудӣ инқилоби Октябрро қабул кард ё накард?
Аввал қабул накард. Баъдан дар ҷаҳонбиниаш тағйирот ба амал омаданд ва ба хидмати инқилоб пардохт. Аммо ба илму маърифати бобоӣ ва дини мубини ислом ҳамеша эҳтиром мегузошт. Дар ҳар гуна шароит ба ояту ҳадисҳо такя ва ба ҳар фармудаи ин ҳуҷҷатҳо амал месохт, айни замон манфиати халқи оддӣ ва заҳматиро ҳимоя намуда, мардумро ба омӯхтани илму дониш даъват менамуд.
М.Беҳбудӣ чун арбоби ҷамъиятӣ дар солҳои аввали инқилоб чӣ корҳоро ба амал баровард? Шодравон Раҳим Муқимов (доктори илмҳои филологӣ) дар мақолааш «Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ – маърифатпарвари бузург», аз ҷумла, нигошта: «Комиссари корҳои маориф М.Беҳбудӣ дар Самарқанд дар кори васеъ намудани шохаҳои мактабӣ, омӯхтани нақшаҳои таълиму тарбия, офаридани дастуру китобҳои дарсӣ, кушодани курсҳои муаллимӣ фаъолона иштирок мекард. Аз ҷумла, барои мактабҳои ибтидоӣ китоби дарсии «Ҳисоби нав»-ро навишта нашр кунонид. Соли 1918 ба Тошканд омада, бо роҳбарони ҳизб ва ташкилотҳои шӯравӣ вохӯрд, бобати омодасозии як қатор қонун ва ҳуҷҷатҳои муҳим ҳамкорӣ намуд».
Беҳбудиро, ки бо мақсади шиносоӣ ба ҳаёти мактабу маориф дар маҳалҳо аз Самарқанд азми Қашқадарё карда буд, дар Шаҳрисабз сарбозони амир дастгир карданд ва ӯро пинҳонӣ ба Қаршӣ оварданд. Бо фармони бекии Қаршӣ Тағойбек Беҳбудӣ қатл гардид. Ин моҳи марти соли 1919 ба вуқӯъ омад.
С.Айнӣ навиштааст: «Номи шоири ҷафокаш Беҳбудӣ дар Шарқи мусулмонӣ бо эҳтиром ба забон оварда мешавад, чунки ӯ байни 20 сол бо тафаккур ва қадру қимати инсониаш тамоми мавҷудотро ба мубориза дар роҳи ҳаёти озод, нуру маърифат даъват карда омад».
Беҳбудӣ воқеан фақеҳи комил буд, бо омӯзиши таърих ва назарияи ислом низ ҷиддан машғул гашт, арабиро омӯхта, соли 1899 ба Ҳаҷ рафт, дар он ҷо муфтӣ унвон гирифт...
Аз сафарҳо чӣ меовард. Китоб, албатта. Китобҳои зиёд ғун кард, ҳазорҳо китобҳояшро ба китобхонаи мактабҳои усули нав ҳадя намуд.
Солҳои 1912-1913 дар Самарқанд асос гузоштан ба нашрҳои «Самарқанд» ва «Оина» барояш осон накӯчид. Даҳрӣ ва раҳнамои ҷадидҳо гуфта, ҷонибаш чӣ қадар санг партофтанд.
Дар манбаъҳо қайд шуда, ки Беҳбудӣ бо форсӣ-тоҷикӣ ва ӯзбекӣ бештар аз дусад мақола навишта ва дар «Тӯрон», «Садои Туркистон», «Вақт», «Тоза ҳаёт», «Ҳуррият» ва ғайраҳо чоп кунондааст.
М.Беҳбудӣ ба сифати драматург песаи «Падаркуш ё худ ҳоли бачаи нахонда»-ро навишт ва дар адабиёти ӯзбеку тоҷик ба сифати аввалин драманавис эътироф гашт.
Иштирокдорони «Падаркуш» бой, домулло, зиёӣ, пристав ва ғайраҳо. Писари бой Тошмурод эркатулфор калон шуда, ҳамеша аз падараш барои сайругашти шабона пул талаб мекунад. Баъде падар хоҳиши писари маишатбоз ва ба роҳи фаҳшдаромадаро рад кард, муносибат байни онҳо тезутунд гашт. Ҷӯраҳои бадгард Тошмуродро аз роҳ заданд ва маслиҳат доданд роҳи ягонаи пулситонӣ ҳуҷум бо аслиҳа ва кушодани говсандуқ.
Дар вақташ домулло ба бой маслиҳат дода буд бачаашро хононад, агар нахонд ҷоҳил ва ноқобил ба воя расидани фарзанд аз эҳтимол дур нест. Аммо бой ба маслиҳат гӯш накард, ҳатто аз домулло ранҷид ва гуфт, ки «хондагиҳо ба куҷо расиданд?» То куҷо расидан ва ба ҷаҳолат печидану ба манзили падар шабехун задани бачаи нахондаро мисле худи ҳаёт нишон дод.
Бойро писараш Тошмурод не, ҷӯраи ӯ Тангриқул ба қатл расонд. Вале драма «Падаркуш» ном гирифт. Зеро маҳз писари ноқобил ба фоҷиаеро, ки ба сари падар омад, сабаб гардида буд. Дар песа хулқи ношоистаи Лиза ном фоҳиша, ки мардҳои шабгардро ба худ мекашид ва барои як шаб 15 рубл талаб мекард, фош карда шудааст. Ҳол он ки бой барои хидматгузори даргоҳи худ дар як моҳ ҳамагӣ 7 рубл медод.
Драмаи дидактикии «Падаркуш», ки ибратнома аз маишати Туркистон тавзеҳ ёфта ва аз 3 пардаю 4 манзара (намоиш) таркиб ёфтааст, соли 1913 аз сензураи русӣ гузашт ва бори аввал дар «Хонаи халқ»-и Самарқанд бо забони русӣ намоиш дода шуд. Баъдтар труппаҳои халқӣ онро дар Бухоро, Каттақӯрғон ва Қӯқанд низ ба тамошобинон пешкаш карданд. Анъанаи драманависиро бошад, сонитар А.Фитрат («Абулфайзхон», «Восеъ»), Ҳамза Ҳакимзода («Ҳаёти заҳролуд»), Хоҷа Муин («Мактаби куҳна – мактаби нав») ва дигарон давом намуданд.
Назар ба таъкиди профессор Р.Муқимов маҳз «Падаркуш», ки бори аввал дар асоси асари драманависи маҳаллӣ саҳнавӣ гашт, «якумин асари театри миллии ӯзбек ва тоҷик ба ҳисоб меравад».
Барои чӣ якумин асари театри миллии ҳам тоҷик ва ҳам ӯзбек?
Барои он ки «Падаркуш» ҳанӯз соли 1911 бо забони тоҷикӣ навишта шуда буд. Соли 1912 муаллиф онро ба ӯзбекӣ баргардонд ва дар саҳифаҳои «Турон» чоп кунонд. 
Асар дар шакли китоб 100 сол қабл аз ин аз ҷониби «Нашриёти Беҳбудия»-и Самарқанд ба табъ расида буд.
Ба наздикӣ бо фармони Президентамон М. Беҳбудӣ бо ордени «Буюк хизматлари учун» мукофотонида шуд.
М.ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: