Дар доираи ба амал татбиқ намудани Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 баҳри дар соҳати байналхалқӣ ташаккул додани нуфузи мусбати мамлакат, таъмин намудани баҳои холисона ва ҳаққонии мавқеи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар рейтингҳои байналхалқӣ корҳои дақиқу мувофиқи мақсад амалӣ мешаванд.
Вале бо вуҷуди андешидани чораҳо мавқеи Ӯзбекистонро дар як қатор рейтинг ва индексҳои муҳими байналхалқӣ наметавон баланд арзёбӣ кард. Бахусус дар рейтинги ҳарсолаи «Пешбурди тиҷорат» (Doing Buisiness), ки аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ эълон мегардад, Ӯзбекистон мувофиқи натиҷаҳои соли 2018-ум дар мақоми 74-ум қарор дорад. Дар индекси ҳарсолаи Транспаренси байналхалқӣ (Transparency International), ки бино бар тамаъгарӣ эълон мегардад, Ӯзбекистон соли 2018-ум дар байни 180 давлат ҷойи 158-умро ишғол кардааст. Ҳамчунин дар рейтинги охирини созмони Freedom House, ки ба пойдории сиёсиву динӣ ва озодиҳои матбуоту қонунҳо баҳо медиҳад, Ӯзбекистон дар сафи давлатҳое қарор дорад, ки ба онҳо «Озод нест» гуфта баҳо додаанд.
Ҳарчанд хулосаи рейтингҳои гуногуни тамоми оҷонсиҳо як хел ва дақиқ нестанд, бо вуҷуди ин вазифаи мо бояд аз он иборат бошад, ки баҳри дар чунин рейтингҳо мавқеи баланд пайдо кардани кишварамон саъю кӯшиш кунем. Зеро нишондиҳандаҳои рейтингҳои мазкур барои ташаккул додани нуфузи байналхалқии Ӯзбекистон заминаҳои муҳим фароҳам меоваранд.
Бо назардошти ин мақсад дар самти мазкур аллакай корҳои бонизом оғоз ёфтаанд. Аз ҷумла нишондиҳандаҳои мақсадноки пешрафти инноватсионии мамлакат то соли 2030-юм тасдиқ гардид. Оҷонсиҳои байналхалқии рейтингӣ низ дар таҳлилҳои худ баъди ба сари ҳокимият омадани Шавкат Мирзиёев барои таъмин сохтани афзоиши иқтисодиёт оғоз ёфтани як қатор ислоҳоти иқтисодиву идоравиро қайд мекунанд.
Чунончи, бинобар натиҷаи соли 2018-ум оҷонсиҳои рейтинги байналхалқии Fitch ва Standart & Poor’s бори аввал дар рейтинги мустақили вомӣ ба Ӯзбекистон дараҷаи рейтинги пешомадаш устувори «ВВ-»-ро доданд.
Фармони Президенти мамлакати мо аз 7 марти соли 2019-ум «Дар бораи танзими чораҳои вобаста ба беҳтар кардани рейтинг ва индексҳои байналхалқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ба ҳамин мақсадҳо нигаронида шудааст. Мувофиқи фармон ҳоли ҳозир дар Ӯзбекистон барои дар соҳаҳои гуногуни мамлакат баланд бардоштани рейтинг ва индексҳои ҷомеаи ҷаҳон эътибори махсус дода мешавад. Зеро барои инкишоф додани иқтисодиёти мамлакат, барои ба зинаи нав бардоштани ҳамкорӣ бо тадбиркорони пешқадами тиҷорати хориҷиву ҷалб намудани эътибори сармоягузорон ва баҳри сазовор шудан ба эътимоди онҳо баланд гардидани чунин рейтингҳо дорои аҳамияти махсус мебошад. Беҳтар кардани мавқеи Ӯзбекистон дар рейтинг ва индексҳои байналхалқии иқтисодӣ ва сиёсиву ҳуқуқӣ ба беш аз пеш афзудани нуфузи кишвари мо дар арсаи байналхалқӣ хидмат хоҳад кард.
Мувофиқи фармони Президент барои ҳамоҳанг сохтани кор бо рейтинг ва индексҳои байналхалқӣ дар назди ҳукумати Ӯзбекистон комиссияи махсус таъсис дода мешавад. Ҳамчунин раёсати кор бо рейтинг ва индексҳои байналхалқӣ ташкил мегардад, вазифаи асосии он барои ба нишондиҳандаҳои мақсаднок расидани вазоратҳо ва идораҳои дахлдор муайян кардани самтҳои устувор ва ҳамоҳанг сохтани корҳои татбиқшуда ба шумор меравад.
Мувофиқи фармон барои беш аз пеш мустаҳкам кардани нуфузи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар байни ҷомеаи ҷаҳон бо мақсади беҳтар кардани мавқеи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҷамъ 15 рейтингҳои байналхалқӣ (Озодии иқтисодӣ, Рақобатбардории ҷаҳонӣ, «Doing вuisiness», рейтинги вомии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва тараққиёт, Устувории ҳуқуқ, Пазируфтани тамаъгарӣ, Камолоти инсон, Демократияи кишварҳои ҷаҳон, Матбуоти озод, Самарадории логистика, Инкишоф додани ҳокимияти электронӣ, Салоҳияти оморӣ, Рақобатбардории саноатӣ, Маҳдудияти ба тартибандозии сармояҳо, Инноватсияҳои ҷаҳонӣ, Индексҳои баҳогузорӣ ба сиёсати давлат ва идораҳо) вазорат ва идораҳои масъул муттаҳид карда мешаванд.
Ҳоли ҳозир вазорат ва идораҳои мазкур дар доираи вазифаҳое, ки дар фармон муайян шудаанд, як қатор корҳоро амалӣ менамоянд. Бахусус, баъд аз қабул шудани фармон таи шаш моҳи гузашта ба мониторинги бонизоми иҷрои Барномаи давлатӣ, ҳамчунин беҳтар кардани мавқеи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар рейтингҳои байналхалқӣ ва индикаторҳои махсуси таркибӣ, ҳамчунин ҷалб кардани сармояҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти миллӣ, фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоявӣ, бино бар самарабахш татбиқ сохтани чорабиниҳои вобаста ба рушди иҷтимоии ҳудудҳои мамлакат ба беш аз пеш афзудани фаровонҳолии аҳолӣ эътибори махсус дода мешавад.
Аз ҷумла, дар шабакаи Интернет портали ягонаи «Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар рейтингҳои байналхалқӣ» ташкил гардид, дар портали мазкур ҳисоботи солонаи рейтингҳои байналхалқӣ, ҳамчунин бо зикри омӯхтани ҳисоботҳо ва эълон кардани муддатҳои онҳо бинобар самтҳои зарурӣ беҳтар кардани вазъи корҳо тавсияҳои ташкилот ва коршиносони байналхалқӣ эълон карда мешаванд.
Бояд таъкид намуд, ки ҳоли ҳозир ташаккул додани низоми ягона ва мустақили баҳодиҳӣ ба ислоҳоте, ки дар кишвари мо амалӣ мешаванд, ҳамчунин беҳтар кардани мавқеи ҷумҳурӣ дар рейтингҳои байналхалқӣ вазифаи муҳим боқӣ мемонад. Иҷрои пурраи вазифаи мазкур имкон медиҳад, ки мавқеи Ӯзбекистон дар рейтинг ва индексҳои бонуфузи байналхалқӣ хеле баланд гардад. Мақоми муносиби худро дар рейтинг ва индексҳои байналхалқӣ дарёфтан бошад, асло як ҳадафи оддӣ нест. Барои мо ислоҳоте, ки дар ин самт амалӣ мешаванд, муҳим буда, онҳо дар ниҳояти кор барои таъмин сохтани ободонии кишвар ва беҳтар намудани фаровонҳолии халқ хидмат мекунанд.
Қодир ҶӮРАЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.