БЕҲТАР ЗИ КИТОБ ДАР ҶАҲОН ЁРЕ НЕСТ

«Фестивали китоб», ки дар кишвари мо ташкили он ҳукми анъанаро касб намудааст, ин бор дар вилояти Фарғона баргузор гардид ва дар байни оммаи васеи китобхонон шӯҳрати калон пайдо кард.

Дар он 650 ҳазор донишомӯзони мактабҳои таҳсилоти миёна ширкат варзиданд. 

 

Дар маросими нахустини ҷоизасупорӣ донишомӯзи синфи 8-уми  мактаби рақами 19-уми ноҳияи Риштон Мадина Раҳимҷонова аз рӯи номинатсияи «Талабае, ки аз ҳама бештар китоб мутолиа кардааст» ғолиб дониста шуд. Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилояти Фарғона ва Китобхонаи бачагонаи вилоят ӯро бо туҳфаҳои хотиравӣ ва бастаи китобҳои бадеӣ сарфароз намуданд. 
Донишомӯзи мактаби таҳсилоти умумии рақами 16-уми ноҳияи Риштон Гулноза Солиҷонова низ аз хурдӣ ба мутолиаи китобҳои бадеӣ шавқи зиёд пайдо кардааст. Вай ҳанӯз зимни таҳсил дар синфи ҳаштуми ин мактаб ба ҳайси иштирокчии озмуни «Китобхони фаъол»-и ноҳия муаррифӣ гардидааст. Баъд ӯро ба озмуни мактаби эҷодкорони ҷавони ба номи Эркин Воҳидов, воқеъ дар шаҳри Марғелон, даъват кардаанд ва Гулноза  ҷои 1-уми озмунро ба даст овардааст.
Ҳоло дар хазинаи китобхонаи шахсиаш бештар аз 100 китоби бадеӣ гирдоварӣ шудааст, ки аз озмунҳои гуногун ба вай тақдим намудаанд. 
– Вақте маро ба «Фестивали китоб» даъват карданд, талоши зиёд ба харҷ додам, ки байни ҳамтоёнам пирӯз шавам. Хушбахтона, ба ин мақсади наҷибам расидам ва дипломи дараҷаи 1-ро ба даст овардам. Дар ин фестивал ғайр аз савғоҳои дигар бо туҳфаи бароям беҳтарин – бастаи китобҳои бадеӣ маро сарфароз гардониданд, – мегӯяд бо ифтихор Гулноза Солиҷонова. 
 Вай дар назди худ мақсад гузоштааст, ки китобхонаи шахсии худро ифтитоҳ намояд ва ҳарчи бештар ҷавонони ноҳияро ба мутолиаи китоб ҷалб кунад.
– Беҳуда Мавлоно Абдураҳмонӣ Ҷомӣ нафармудааст:
Беҳтар зи китоб дар ҷаҳон 
ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре 
нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре 
нест, 
– мегӯяд Гулноза. 
Ногуфта намонад, ки дар ноҳияи мо сафи китобхонҳо сол аз сол аз ҳисоби чунин ҷавонону наврасони фаъолу закӣ меафзояд. Ҳоло китобхонаи марказии ноҳия, китобхонаи «Маркази дӯстии тоҷикону ӯзбекон» ва китобхонае, ки бо саъй ва эҳтимоми блогнависи шинохтаи риштонӣ Дилшод Болтабоев дар маркази ноҳия таъсис ёфтааст, дар ихтиёри ин шефтагони каломи бадеъ қарор гирифтаанд. Рӯзмарра дар ин масканҳои донишу маърифат ва зиё даҳҳо ҷавононро дучор шудан мумкин аст, ки вақти холии худро маҳз бо мутолиаи китоб мегузаронанд.  

Дилором ДАДАБОЕВА,
мудири бахши ноҳиявии
Маркази маънавият ва 
маърифати ҷумҳурӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: