БЕҲТАРИН ИНЪОМИ ОФАРИДГОР

21 октябр дар мамлакатамон чун Рӯзи забони давлатӣ қайд карда мешавад.

Ба сифати забони давлатӣ равнақ ёфтани  забони ӯзбекӣ ва боло рафтани нуфузи он ба касе сир нест. Вале ин, айни замон, маъное надорад, ки забони халқҳои дигаре, ки дар ин сарзамин умр  ба сар мебаранд, аз эътибор дур монда бошад. Дар моддаи 4-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон давлатӣ будани забони ӯзбекӣ сабт ёфта ва илова гардидааст, «Ҷумҳурии Ӯзбекистон эҳтиром ёфтани забон, урфу одат ва анъанаи тамоми миллат ва халқиятҳоеро, ки дар қаламраваш зиндагӣ мекунанд, таъмин менамояд, барои ривоҷ ёфтани онҳо шароит меофарад». 
Бале, дар Ӯзбекистон ҳамаи забонҳо мавриди эҳтиром ва эътибор. Бо забонҳои гуногун ба нашр расидани рӯзномаю маҷалла ва китобҳо, пахши гуфторҳои радио ва намоишҳои телевизионӣ далели ин фикр. Бо вуҷуди ҳамин ба тараққӣ ёфтани забони давлатӣ аҳамияти алоҳида дода мешавад, ки рушди он, айни замон, ба манфиати давлат, ба манфиати ҳама халқҳои ин кишвар  мебошад.
Табиист, ки ӯзбекӣ ба дили тоҷик-забонҳо бештар наздик. Аз қадим дар як сарзамин умр ба сар бурда, дар як мактаби илму эҷод таълим гирифта ва асарҳои дар шакл ва навъ гуногуни оламшумул офарида, ӯзбекон ва тоҷикон захира ва боигариҳои луғавии забони якдигарро, мисле, ба ҳам дидаанд. Зуллисонайнии шоиронамон, талмеҳ ва «ширу шакар»-ҳо дар майдони адаб ба ҳамаамон маълум. Имрӯз ҳам агар вакили миллати дигаре ба ӯзбекӣ салису равон сухан гӯяд ё чизе нависад, ба вай бо ҳайрат ва ё чашми ҳавас нигаристан мумкин, вале агар инро тоҷикзабон ба ҷо овард, гӯё ҳолати оддист.
Чанд даҳсола қабл ӯзбекию тоҷикӣ бо сабаб ва тақозои шароити таърихӣ аз эътибор дур монд. Хушбахтона, аз нимаи дуввуми солҳои ҳаштодуми қарни сипаришуда ҳаракатҳо барои муҳофизати забон ва тозагии он оғоз ёфта ва он  саъю кӯшишҳо самараи худ бахшиданд. Ҷараёни даст ёфтан ба истиқлолият гӯё бо ҷидду ҷаҳдҳо дар роҳи мақоми давлатӣ пайдо кардани забон вобастагии қавӣ пайдо кард.
Зиёиён, равшанфикру сиёсатмадорон мегуфтанд истиқлолият аз забон сар мешавад. Вале мубориза дар роҳи давлатӣ гардондани забони ӯзбекӣ осон накӯчид. Мураккабии давр тақозо сохт лоиҳаи қонуне, ки бо қарори Шӯрои Олӣ аз моҳи майи соли 1989 интишор ёфт, «Дар бораи забонҳои Ӯзбекистон» номида шавад. Ба ду забон: ӯзбекӣ ва русӣ дода шудани мақоми давлатӣ дар он лоиҳа пешниҳод шуда буд. Вале ҷомеаи васеъ талаби қатъӣ гузошт, ки фақат забони ӯзбекӣ ба чунин мақом сазовор аст. Лоиҳаҳои дуюм «Дар бораи забони давлатии Ӯзбекистон» таҳти сарпарастии Нахустин Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов таҳия ва эълон гашт. Лоиҳа дар муҳокимаи умумихалқӣ мукаммалии бештар касб намуд ва дар сессияи Шӯрои Олӣ аз 21 октябри соли 1989 ба сифати қонун қабул гардид.
Девони Вазирон (Шӯрои Вазирони онвақта) вазифадор карда шуд, оиди ба амал баровардани қонун «Дар бораи забон» ва татбиқ намудани нуктаҳои он Барномаи давлатӣ омода намояд. Барномаи давлатӣ оиди ба амал баровардани вазифаҳое, ки дар ҳуҷҷати болоӣ зикр ёфтаанд, таҳти  қарори 311-уми Шӯрои Вазирон аз 19 феврали соли  1990 қабул гардид. 
Забон ҳодисаи ҷамъиятист ва баробари ҷамъият пеш меравад, тараққӣ мекунад. Солҳои аввали истиқлолият дар мамлакатамон дигаргуниҳои азим ба амал омаданд. Давр тақозо намуд таҳрири нави қонун «Дар бораи забони давлатӣ» аз ҷониби Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул карда шавад.
Аз рӯи ба иҷро расондани қарори Олий Маҷлис аз 21 декабри соли 1995 Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти қарори 311-ум аз 10 сентябри соли 1996 Барномаи давлатии ба амал баровардани қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи забони давлатӣ»-ро тасдиқ намуд.
Қонуни пештара иборат аз 30 модда ва аз он 7 модда дар муддати муайян ба иҷро расида бошад, таҳрири нав 24 моддаро фаро гирифта, аз он танҳо 2 модда ба муддати муайян муқаррар карда шудааст.
Маълум, ки миллатҳои гуногун байни якдигар бо русӣ гуфтушунид мекунанд.
Дар моддаи якуми қонуни пештара забони русӣ ба сифати забони муомилаи байни миллатҳо муайян шуда бошад, дар таҳрири нав (моддаи 3-ум) зикр ёфта, ки: «Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд забони муомилаи байнимиллиро интихоб намоянд».
Саъю ҳаракатҳо дар ҷодаи таҳкими мавқеи забони ӯзбекӣ, васеъ истифоданамоии он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ вақтҳои охир бештар ҳис ва ба воқеан давлатишавии ин забон замина меофаранд. Ташкил карда шудани Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбек ба номи Алишери Навоӣ далели равшани пурзӯршавии эътибор нисбати забони давлатист.
Роҳбари давлатамон Шавкат Мирзиёев бобати ба ҳам даркушоии Ӯзбекистон ва ҷаҳон ташаббусҳои бузург нишон медиҳад. Барои дар миқёси байналхалқӣ баланд шудани обрӯ ва нуфузи забони ӯзбекӣ, солисан, ҳамдилӣ ва ҳамдигарфаҳмиҳо хеле муҳим.
Ба Ӯзбекистон назари дунё торафт нек ва миқдори даргоҳҳои илму таълим, ки дар онҳо омӯхтани забони ӯзбекӣ ба роҳ гузошта шудааст, торафт зиёд мешавад. Дурдонаҳои маънавие, ки дар ин сарзамин офарида шудаанд, ба забонҳои дунё тарҷума ва дар навбати худ, беҳтарин намунаҳо аз адабиёти ҷаҳон ба ӯзбекӣ баргардонида мешаванд. Ба омодасозии мутахассисон – донандагон ва донишмандони воқеии забони  ӯзбекӣ эътибор пурзӯр аст. Аз зинаи аввали дараҷаҳои таълим то боло забони ӯзбекӣ чун яке аз фанҳои асосӣ омӯзонида ва фарзандони мо бо хусусиятҳои нотакрори ин забон шинос мешаванд. Дар тарбияи авлоди баркамол, ба забон меҳрмонӣ ва дар рӯҳи эҳтиром ба он бавоярасонии насли ҷавон ҳаёт ва фаъолияти бузургмардони олами хирад, ки аз ҳамин сарзамин баромадаанд, намунаи ибрат. Хусусан, шоиру мутафаккирони бузург Алишер Навоӣ ва Муҳаммад Бобур дар эҷоди худ имкониятҳои васеи ин забон, нафосат ва балоғати онро намоиш додаанд.
Вақте сухан бобати аҳамияти забони давлатӣ, зарурияти баланд бардоштани нуфуз ва мустаҳкамсозии мавқеи он аст, ҳанӯз, мутаассифона, гуфта наметавонем нуктаҳои қонун «Дар бораи забон» пурра амалӣ мешаванд. Дар кӯчаҳо ба афиша, реклама ва эълонҳои калоне дучор меоем, ки бо кадоме аз забонҳои аврупоӣ навишта шудаанд. Кас беихтиёр ба фикр меравад, ки «ман дар куҷо, дар кадом мамлакат?» Намешавад, ки тарҷума ё шарҳи он калимаҳо бо ӯзбекӣ низ сабт ёбанд? Дигар, эълонҳое, ки бо ӯзбекианд, аз саҳву хатоҳои имловӣ холӣ не. Мантиқ низ начандон дуруст. Дар маводҳои чопӣ, хусусан, суханронии наттоқҳои радио ва телевизион ғализӣ ва номафҳумиҳо ба назар мерасанд, ки ин, дар навбати аввал, нишонаи беҳурматӣ нисбати забони давлатист.
Забон, ба қавли бузургон, инъоми беназири Офаридгор ба инсонҳост. Ҷавоҳирест, ки тӯли ҳазорсолаҳо дар муносибати байниякдигарии одамон сайқал ёфтааст. Зимнан, маҳз инсонҳое, ки маънавияташон паст аст, қадру қиммати забонро намедонанд. Аз захираи бойи луғавии он дуруст истифода намебаранд. Таҳи по чошупошхӯрии ҷавоҳир дар риоя накардан ба меъёр, қонун ва қоидаҳои забон ба зуҳур меояд. Ҳарф ва сухан бояд асл, ибораю ифодаҳо маънодор бошанд, забон чун марҷон аз дурдонаҳои бо ришта гузаронидашуда таркиб ёбад.

М. ШОДИЕВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: