БЕҲТАРИН КАС КАСЕ БУВАД...

Инсон дар давоми умри худ бо хислатҳои инсонпарварона ва корҳои некаш дар байни мардум маҳбубият пайдо мекунад.

Инсон дар давоми умри худ бо хислатҳои инсонпарварона ва корҳои некаш дар байни мардум маҳбубият пайдо мекунад. Яке аз чунин инсонҳои накӯкор Карим Тошқулов мебошад. Карим Тошқулов зодаи ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё буда, Институти санъати Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъди хатми донишкада фаъолияти худро ҳамчун директори Хонаи маданияти ноҳия оғоз намудааст. Дертар бори роҳбарии мактаби мусиқӣ ва санъати рақами 5-умро бар дӯш дошт.  
К. Тошқулов дар давоми фаъолияташ саъю кӯшиш мекард, ки донишу маҳорати худро ба шогирдонаш омӯзонад. Дар ҳаёт шахси хоксор, одӣ ва самимӣ буда, осори ниёгонро ба худ дарси ибрат медонад. Аз асарҳои таълифнамудааш эҳтиром ба аҷдоди бузург, урфу одат, арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ, тараннуми зодгоҳ эҳсос мегардад. Муаллим мутакаббиру суханчин ва молпарастонро бад мебинад, вале бо ҳама муросову мадоро мекунад. Ин байтҳои бобои бузургаш Абдураҳмони Ҷомӣ шиор ва мароми зиндагии ӯянд: 
Эй, ки пурсӣ, 
ки беҳтарин кас кист,
Гӯям аз қавли 
беҳтарини касон.
Беҳтарин кас касе 
бувад, ки зи халқ,
Беш бошад ба халқ 
 нафърасон.
– Вақти кору фаъолият дар мактаби мусиқӣ, дастпарварони таълимгоҳ дар озмунҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ҷойҳои аввалро ба даст даровардаанд. Тибқи талаби замон бинои нави мактаби мусиқӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ ва асбобҳои мусиқӣ муҷаҳҳаз гардид. Насли ҷавон бояд донад, ки аҷдоди ӯ урфу одат, арзишҳои миллӣ ва санъату мусиқии нодир дорад, – мегӯяд Тошқулов. 
Маҷмӯаҳои шеърии ӯ бо номҳои «Мадҳи Ватан», «Оҳангҳои дил», «Кишвари биҳиштосо», «Орзуи дил» ба дасти хонандагон расидаанд. Тошқулов муаллифи китоби таърихию этнографии «Деҳқонободи бостонӣ ва ҷавон» низ мебошад.
Ба наздикӣ хонандагон китоби нави ӯро бо номи «Диёри обод», ки шеърҳои ӯзбекию тоҷикиашро дар бар мегирад, дастрас намуданд. Нақши марказҳои фарҳангии миллӣ дар эҳёи урфу одат, анъана, арзишҳои миллӣ, ривоҷу равнақи забони модарӣ назаррас аст. Тоҷикони Деҳқонобод низ хостанд чунин як марказ дошта бошанд. Ба ин мақсад гурӯҳи корӣ ташкил карда шуд. Дар ҷамъомаде, ки зиёиён, аҳли маориф ва фаъолони ноҳия соли 2019 баргузор намуданд, бо як овоз Карим Тошқуловро раиси Маркази маданӣ-миллии тоҷикони ноҳия интихоб намуданд. 
Тӯли ду сол маркази мазкур таҳти роҳбарии ин марди ташкилотчӣ ва чашмикордон хеле корҳоро анҷом дод. Дар чорабиниҳое, ки бо иштироки марказҳои миллӣ баргузор мешуданд, борҳо либосу таомҳои миллии тоҷикӣ ба намоиш гузошта шудаанд. 
Худ ва фарзандонаш, ки аз ҳунармандони касбианд, ҳар як чорабинии фарҳангиро бо савту сурудҳои дилнишини тоҷикӣ шукӯҳи тоза мебахшанд. 
Карим Тошқулов хуб медонад, ки мактабҳои тоҷикӣ ба китобу дастурҳои хониш ва кадрҳои педагогӣ ниёз доранд. Агар аҳли маориф, омӯзгорон ва падару модарон аз як гиребон сар бароранд, ин масъалаҳо ҳалли худро меёбанд.
Соли 2020 дар ҳаёти Карим Тошқулов, ки моҳи январи соли равон по ба зинаи 70-уми умр мегузорад, ҳодисаи фаромӯшнопазир рӯй дод. Ӯро ба узвияти Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон қабул карданд.
Ӯ бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии таълими халқ» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон» тақдир шудааст.  
   
Дар акс: Карим Тошқулов (аз чап якум) дар ҳалқаи фаъолони маркази фарҳангӣ.              

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори
 «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: