«БЕҲТАРИН МАКТАБЕ, КИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶИРО МЕОМӮЗОНАД»

Дар Бухоро марҳилаи вилоятии озмуни «Беҳтарин мактабе, ки забонҳои хориҷӣ меомӯзонад», ки барои соҳибшавӣ ба ҷоизаи Президенти ҷумҳурӣ эълон гардидааст, ҷамъбаст шуд.

Маросими тантанавии тақдирнамоии ғолибони ин озмун дар мактаби таҳсилоти умумии 43-юми шаҳри Бухоро сурат гирифт. Дар давоми тадбир ҷамоаҳои 13-то мактаби вилоят дар ҷараёни тест ва корҳои хаттӣ иштирок намуда, дониши худро аз санҷиш гузарониданд. Сатҳи забони хориҷидонии ҷамоаҳо бо низоми баҳогузории 100 холӣ муайян карда шуд. Бинобар ҷамъбасти ниҳоӣ мактаби рақами якуми ихтисосонидашудаи давлатии таълими ҳамагонии ноҳияи Бухоро ба натиҷаи баландтарин ноил гардида, ҳуқуқи дар марҳилаи ҷумҳуриявии озмун иштироккуниро соҳиб шуд. Ҷамоаи мактаби таҳсилоти умумии рақами 1-уми ноҳияи Қаравулбозор соҳиби ҷои дуюм, ҷамоаи таълимгоҳи таҳсилоти умумии рақами 9-уми шаҳри Когон сазовори ҷои сеюм гардиданд. Ҳамин тариқ, ҷамоаҳои мактабҳои ғолиб – соҳиби ҷои якум бо 250 млн. сӯм, сазовори ҷои дуюм бо 200 млн. сӯм, муносиби ҷои сеюм бо 150 мил. сӯм ваучер ва ифтихорномаҳо тақдир ёфтанд.

 

 

ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ 
ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

Дар мактаби ихтисосонидашудаи ноҳияи Когони вилояти Бухоро марҳилаи ҷумҳуриявии озмуни фанҳои асосӣ: физика, кимиё, биология поён ёфт. Дар ҷараёни санҷиш 9 нафар ғолибони озмун муайян гардиданд. Дар охири тадбир маросими ҳавасмандгардонии ғолибон ба амал омад.

Ба онҳо диплом ва ваучерҳоро сардори садорати таълими томактабию мактабии вилоят Фаррух Қурбонов ва масъулони вазорат супориданд. Талабагони ғолиб мувофиқи қарори Девони Вазирон соҳиби мукофотҳои пулӣ ва имтиёзи дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ мешаванд. Инчунин, омӯзгорони онҳо низ соҳиби мукофоти якдафъаинаи пулӣ (ҷои якум 16,5 млн сӯм, ҷои дуюм 11,55 млн сӯм ва ҷои сеюм 9,9 млн сӯм) мегарданд.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: