БЕҲТАРИН МАҲСУЛОТИ ФУРӮХТАШУДА АЗ МАЙДОНҲОИ АСОСИИ БИРЖА ҶОЙ МЕГИРАНД

Дар мамлакатамон ба ҷорӣ кардани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионии замонавӣ, ба рушди муҳити рақобати солим ва афзоиши дараҷаи шаффофият дар савдои биржа корҳои васеъмиқёс ба амал татбиқ мегарданд.

Зеро биржа, дар ҷойи таъин, вақти пешакӣ муайяншуда ва қоидаҳои дарамал ба ташкил ва баргузор намудани савдои кушод ва оммавии маҳсулоти биржа шароити мусоид фароҳам меоварад.
Савдо дар биржа рақобатро ташаккул дода, барои соҳибкорон бозорҳои навро мекушояд, “иқтисоди пинҳонӣ” ва коррупсияро барҳам медиҳад. 
Рақобат барои ҳама ва дар ҳама ҷой лозим аст. Агар рақобат набошад, саъю кӯшиш ва тараққиёт низ намешавад. Баробари рушди рақобат тарзи зиндагонии аҳолӣ низ рӯй ба беҳбудӣ меоварад.
Дар натиҷаи ислоҳоте, ки дар соҳа се соли охир дар мамлакатамон амалӣ мегарданд, гардиши савдои биржа ду баробар зиёд шуда, ба 90 триллион сӯм расид, шумораи маҳсулоти фурӯхташуда 3 баробар зиёд гардид. Баробари ҳамин, дар хориҷа 20 майдончаи савдои биржаи ашёи хоми Ӯзбекистон ташкил шуда, моҳи чаҳоруми соли ҷорӣ тариқи онҳо ба миқдори 170 миллион доллар маҳсулот ба фурӯш рафт.
Дар ҷамъомади видеоселекторие, ки ба наздикӣ таҳти сарварии Президентамон бахшида ба масъалаи васеъ гардондани савдои ашёи хоми биржа ва иштироки корхонаҳои маҳаллӣ дар он баргузор шуд, ин масъала муҳокима гардида, дар назди мутасаддиён вазифаҳои муайян гузошта шуд.
Дар ҷамъомад андешаҳо оиди дар савдо зиёд будани “миёнаравҳо” дар солҳои пеш, соли гузашта аз ҳисоби савдои озоду кушоди биржа барилова 8 триллион сӯм даромад гирифтани корхонаҳои бузург иброз дошта шуд.
Аммо, ба ин нигоҳ накарда, дар ташкили корҳои савдои биржа ва васеъ гардондани иштироки соҳибкорони маҳаллӣ дар он то ҳол камбудиҳо ба назар мерасанд. Бахусус, 85 фоизи савдои биржаро 45 навъ маҳсулоти баланди ликвиддор ташкил медиҳад. Маҳсулоти бофандагӣ, абрешим, чарм ва кабел, бахусус, нишондиҳандаи корхонаҳои вилоятҳои Сирдарё, Андиҷон ва Сурхондарё дар савдои биржа паст мебошад. 
Дар ҷамъомад зарурияти фаъолгардонии ноҳияҳо бобати гузоштани маҳсулоти маҳаллӣ дар савдои биржа, аз 1-уми июл тариқи савдои биржа ба фурӯш баровардани 500 ҳазор тонна гандум таъкид гардид, вазифа гузошта шуд, ки дар ташкили ин ҷараён, фермер ва боркашонро бояд аз рӯйихат гузаронида, ба онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
Аз фермерҳое, ки гандумро ба биржа мегузоранд, гарав талаб карда намешавад. Аз тарафи биржа ба маҳсулоти фурӯхташуда дар як рӯз пардохт амалӣ гардонда мешавад. Ин барои васеъ гардондани иштироки ноҳияҳо дар биржа имконияти хуб мебошад.
Ҳоло зиёда аз 45 ҳазор корхонаи маҳаллӣ фақат 3600-тоаш ба биржа маҳсулоти худашро мебарорад. Албатта, ин хеле кам аст. Аз ин рӯ, тартиби ба савдои биржа баровардани маҳсулоти маҳаллӣ сода гардонда мешавад. Яъне аз 1 июл дар биржа секторҳои алоҳидаи маҳсулоти ояндадор ташкил гардида, дар он савдои маҳсулоти худи соҳибкорони маҳаллӣ бидуни ҳуҷҷатҳои зиёдатӣ ба роҳ монда мешавад.  Маҳсулоти хуб ба фурӯшрафта дертар аз майдони асосии савдои биржа ҷой мегирад.
Бояд тазаккур дод, ки усули самарабахши нигоҳдории нархҳои муътадил дар бозорҳои амвол истифода аз механизм ва воситаҳои худи бозор аст. Савдои биржа бошад, ин вазифаро ба зиммаи худ мегирад.
Бино ба ин, савдо дар ашёи хоми биржа дар асоси тамоюлҳои кушод ва шаффоф баргузор шуда, нархҳо фақат аз рӯйи талаб ва таклиф ташаккул меёбанд. Ин бошад, ба истифодабарии соҳибкорон аз захираи маҳсулот, ташаккули нархҳои бозори ҳақиқӣ ва рушди рақобати солим хидмат мекунад.      
Хулоса, дар ҷамъомад вазифаҳои хеле муҳим пеш гузошта шуд. Иҷрои он, бешубҳа, дар ташаккули савдои биржа, васеъ гардондани иштироки соҳибкорони маҳаллӣ дар он, кушодани бозорҳои нав барои соҳибкорон, коҳиш додани “иқтисодиёти пинҳонӣ” ва барҳам хӯрдани ришвахӯрӣ хидмат мекунад.

Абдулло РӮЗМЕТОВ,
депутати Палатаи 
қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: