БЕҲТАРИН НАМУНАИ ТАЪМИНСОЗИИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН

ё шаҳрвандони аз минтақаҳои ҷанг бозгардондашуда таҳти ҳимоят қарор доранд

ё шаҳрвандони аз минтақаҳои ҷанг бозгардондашуда таҳти ҳимоят қарор доранд
Тавре ки хидмати матбуоти Маркази миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон хабар медиҳад, таҷрибаи Ӯзбекистон дар бобати ба Ватан бозгардонидани як гурӯҳ занону кӯдакон аз Сурия ва Ироқ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле баланд арзёбӣ мегардад. Аллакай эътироф шудааст, ки Ӯзбекистон барои бозгардонидани шаҳрвандони худ аз тамоми  имконоти зарурӣ истифода менамояд.  Ҳатто роҷеъ ба ин мавзӯъ намояндагони Ӯзбекистон аз минбарҳои баланд эълом доштанд, ки теъдоди зиёди занону кӯдакон ба Ватан бозгардонида шуданд. 
Манбаъ: “Мамлакати мо таҳти сарварии Шавкат Мирзиёев ба масъалаи бозгардонидани шаҳрвандони худ аҳамияти хосаро қойил мешавад”.
Бино ба хидмати матбуоти Маркази ҳуқуқи инсон дар чорабинии онлайнӣ, ки 5 июли соли равон дар мавзӯи «Реабилитатсия ва реинтегратсияи занону кӯдакони аз Сурия ва Ироқ интиқол додашуда” баргузор гардид, намояндагони Ӯзбекистон маҳз дар масъалаи натиҷаҳои амалиёти бозгардонидани занону кӯдакон ба ҷаҳониён маълумот ироа карданд.
Маълум шуд, ки то кунун 530 нафар занону кӯдакон аз ин ду кишвари араб ба Ватан бозгардонида шудаанд. Ин таҷрибаро вакилони Ӯзбекистон дар иҷлосияи 47-уми СММ оид ба ҳуқуқи башар дар Женева низ ироа кардаанд. Гуфта мешавад, ки чунин чорабиниҳои вобаста ба бозгардонидани шаҳрвандони Ӯзбекистон аз минтақаҳои даргири Сурия ва Ироқ соли 2019 шурӯъ шуда, бар асари 5 амалиёт 530 нафар занону кӯдакон ба Ӯзбекистон интиқол ёфтанд. 
Ин амалиёт ҳатто дар давраи шиддат гирифтани пандемияи коронавирус низ қатъ нагардид. Амалиёти охирини ба Ватан бозгардонидани занону кӯдакон моҳи апрели соли равон сурат гирифтааст.
Тавре ки Намояндаи доимии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шуъбаи женевагии СММ Улуғбек Лапасов гуфтааст, ҳамаи амалиёти бозгардонидани шаҳрвандон таҳти роҳбарии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба амал бароварда мешаванд. 
– Дар ин амалиёт ҳамкорони байналмилалии мо низ кӯмак намуданд ва он ба талаботи Конститутсияи Ӯзбекистон пурра мувофиқ меояд. Барои ҳамин мувофиқи Қомуси Асосӣ Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар қаламрави худ ва берун аз он низ ба ҳимоя намудани шаҳрвандони худ пуштбонӣ аз онҳо ба онҳоро пурра кафолат медиҳад, – зикр кард Улуғбек Лапасов. 
Хидмати матбуоти Маркази ҳуқуқи инсон боз тазаккур медиҳад, ки дар айни ҳол Ҳукумати Ӯзбекистон ба манзури реабилитатсияи занону кӯдаконе, ки аз нуқоти даргир  ба Ватан бозгардонида шудаанд, гурӯҳи корӣ таъсис додааст. Ноиби аввали Раиси Палатаи қонунгузори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, директори Маркази миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон Акмал Саидов дар бораи ин гурӯҳи корӣ гуфт:
– Он шаҳрвандони бозгардонидашударо реабилитатсия  ва ҳуҷҷатҳояшонро барқарор менамояд, онҳоро бо манзил таъмин ва фарзандонашонро ба муассисаҳои таълимоти миёна ва томактабӣ шомил мекунад. Ҳамчунин, барои кӯдакони бепарастору ятим масъалаҳои васигӣ ва ҳомиёнро муайян месозад ёки онҳоро ба муассисаҳои давлатӣ ҷо карда, дар бораи саломатӣ ва ҳолати рӯҳии ин ашхос ҳамеша мониторинг мебарад.
Акмал Саидов афзуд, ки ғайр аз ин, шахсоне, ки ба амалиёти ҷарроҳӣ ниёз доштанд, ҷарроҳӣ шуданд. Кӯдаконе, ки падару модари худро дар Сурия ва Ироқ аз даст додаанд, аз байни хешу ақрабои онҳо васиҳо тайин гардиданд. 
– Баъди он ки чунин чорабиниҳо анҷом ёфтанд, ҳамватанонамон ба ҷойҳои зисти доимиашон фиристода шуданд. Дар он ҷойҳо ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ бар асоси ҳамоҳангсозӣ чораву тадбирҳое пиёда намуданд, то ки онҳо ба ҳаёти ҳамон минтақа одат кунанд ва худро бегона ҳис накунанд, – тазаккур дод Акмал Саидов. 
Ин манбаъ овардааст, ки маърӯзачии хоси СММ оид ба рағбатноккунӣ ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар мубориза бо терроризм профессор Фионнуала Ни Аолейн саъй ва ҳаракатҳои ба Ӯзбекистон баргардонидани занону кӯдакон ва ба ҳаёти осоишта мутобиқ намудани онҳоро фоли нек арзёбӣ намудааст. Вай дар ин робита афзудааст, ки ҳоли ҳозир дар лагерҳои “Ал-Ҳоҷ” ва “Роҷ”, воқеъ дар минтақаи шимолу шарқии Сурия наздик ба 70 ҳазор нафар дар шароити басо мураккаб ва ногувор ба сар мебаранд. Онҳо шаҳрвандони 57 давлати дунё маҳсуб меёбанд ва аксар занону кӯдакон мебошанд.
“Танҳо баъзе мамлакатҳо барои ба Ватан бозгардонидани ин занону кӯдакон ва ба ҳаёти осоишта мутобиқ намудани онҳо ӯҳдадориҳои байналмилалии худро иҷро мекунанду бас”, – гуфтааст хонум Аолейн. 
Таҷрибаи Ӯзбекистон ҷиҳати аз лагерҳои Сурия ва Ироқ бозгардонидани шаҳрвандон ба ватанашон барои бисёр кишварҳо ибратпазир мебошад. Таъкид шудааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ амалиёти анҷомдодаи ҷониби Ӯзбекистонро ба сифати  беҳтарин намунаи таъминсозии ҳуқуқҳои инсон метавон қабул кунад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири  “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: