«БЕҲТАРИН ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ ХОРИҶӢ»

Вазорати таълими халқ якҷоя бо Агентии оммавигардонии омӯзиши забони хориҷӣ барои Ҷоизаи Президенти ҷумҳурӣ таҳти ҳамин унвон озмун эълон карда буд.

 Марҳилаи вилоятии ин озмун дар Бухоро поён ёфт. 
Дар озмун 13-то ҷамоаи мактаб иштирок намуда, оид ба шунида идрок кардани забони хориҷӣ, навиштану хондан ва малакаи лексикию грамматикиашон байни худ қувваозмоӣ намуданд. Натиҷаи мусобиқа мувофиқи низоми 100 холии баҳогузорӣ муайян карда шуд. Бинобар ҷамъбасти озмун ҷои аввал, роҳхат ба марҳилаи ҷумҳуриявии озмун ва мукофоти пулӣ ба миқдори 250 млн. сӯм ба мактаби миёнаи рақами 40-уми шаҳри Бухоро насиб кард. Инчунин ҷамоаи мактаб-интернати ихтисосонидашудаи давлатии рақами 6-уми ноҳияи Вобканд соҳиби ҷои дуюм ва мукофоти пулии 200 млн. сӯм, ҷамоаи мактаб-интернати ихтисосонидашудаи давлатии № 1-и ноҳияи Бухоро сазовори ҷои сеюм ва мукофоти пулӣ ба миқдори 150 млн. сӯм гардиданд.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: