БЕҲТАРИН ТУҲФА Ё МУКОФОТ

Чанд сол муқаддам дар шабнишинии адабие, ки дар яке аз дабистонҳои таълими умумӣ баргузор шуд, иштирок доштам.

 Баромади саҳнавии донишандӯзон таассуроти хуб гузошт. Хусусан, толибае, ки нақши духтари дар озмун-азназаргузаронӣ ғолибомадаро бозид, хуб ҳунарнамоӣ кард. Ӯро ба пирӯзӣ табрик ва барои ҷойи аввалро гирифтанаш ба вай китоб мукофот доданд. Хурсанд ба хона баргашт. Падару модараш, мисле онҳо низ мукофот гирифта бошанд, бисёр мамнун...
Муаллиме, ки паҳлӯям менишаст, бо лабханд гуфт: 
– Саҳнача бад нест, вале «замонавӣ» не.
– Замонавӣ не? – ҳайрон шудам.
Вай гуфт:
– Ғолибро бо китоб тақдиронидан шояд «ҳаётист», лекин «ба ман китоб доданд» ё худ «китоб мукофот гирифтам», гӯён ҳеҷ кас хурсанд намешавад. Хурсандии падару модар низ табиӣ не... Китоб не, ақаллан, барои он ки нависад, дафтар медоданд!
Нағз мешиносам он муаллимро – дӯстдори китоб, дӯстдори адабиёт. Вай: «Китоб аз эътибор дур монд!» гуфтан мехост бо як дард ва ҳасрати ниҳонӣ. 
Дар яке аз маҷлисҳо – ин низ воқеаи чанд сол пештара, – профессоре (ҳоло ӯ академик) ба панҷ- шаш журналисте, ки ҳузур доштанд, ду китоби бо забони русӣ доири ҳуқуқи байналхалқӣ навиштаашро тақдим намуд. Китобҳо дохили қуттии хеле хуб ороёфтаи картонӣ. Бо изҳори ташаккур ба муаллиф аз маҷлисгоҳ баромадем. Мукофоти калон гирифтем, гуфт нафаре бо ханда, фақат дарди инро бардошта хона бурдан.
Вориди хона шуда, ба ҳамсарам «Мукофот гирифтам» гуфтам қуттиро нишон дода.
– Мукофот? – вай хурсанд шуд.
– Медонӣ кӣ тақдим намуд – профессори номдор.
– Муборак, муборак, – гуфт ӯ ва қуттиро гирифта кушоду...
Тарбуз аз бағалаш меафтад, хаёл доштам ҳолати завҷаамро пешакӣ тасаввур ва дар дил завқ бурда. «Мукофот... китоб? Ба сараш мезанад китобро?...»
Вале, ғайричашмдошти ман, дар ҳоле, ки мамнунӣ дар гунааш мавҷ мезад, китобҳоро гирифт ва... ба ҷабин молид.
– Ҳой чӣ кор мекунӣ, – гуфтам бо таҳайюр, – охир ин китоби исломӣ не, урусӣ, бо русӣ навишта шудааст.
– Чӣ набошад, китоб. Чӣ набошад, мукофот! Мукофотҳо насиб кунанд.
Қатори чанд туҳфа ё мукофотҳое, ки тақдим шудаанд, он китобҳоро ҳанӯз нигоҳ медорам.
Чанд сол муқаддам мактаббачаҳо дар магазинҳои китоб қариб наменамуданд. Хеле кам падару модарон барои фарзандон аз магазинҳо китоб мехариданд.
Умуман, хеле камодам буданд дӯконҳои китобфурӯшӣ.
Ибтидои солҳои навадум дар Институти такмили ихтисоси омӯзгорони вилояти Фарғона бозомӯзӣ ва тӯли наздик як моҳ, ҳамроҳ бо иштирокдорони курс, дар маҷмӯи муҳташами китобҳо воқеъ дар маркази шаҳр вақт гузаронидам баъди дарсҳо. Гурӯҳ шуда даромада, бо даста-даста китобҳо мебаромадем.
Баъди тақрибан понздаҳ сол, асное дар Фарғона будам, ба ҳамон маҷмӯъ поям кашид.
Даромадам ва бе одам «ҳуввасзанӣ»-и маҷмӯи муҳташамро дида, дар дил ногуворӣ эҳсос кардам. Се нафар фурӯшандазан аз бекорӣ чизе дӯхта менишастанд. Худро ноқулай ҳис кардам. Қафо гаштан мехостам, ки овозе ба гӯшам расид: «Э-э, ака, шумо ба куҷо?»
Зан, ки шӯх ва хуштабъ ба назар метофт, ба ман не, ба дугонаҳояш нигариста, давом намуд: «Рӯзи дароз ҳеҷ кас намудор нашуд. Илтимос, дароед. Китоб нахаред ҳам, майлаш, барои Худо як дароед!»
Нуқтаи китобфурӯшии «Зиёкор» воқеъ дар маркази пойтахт низ камодам ба назар метофт. Ба гуфти яке аз фурӯшгарон, ин ҷо аз як то дуи рӯз серодам мешуду халос. Одатан баъди тановули нисфирӯзӣ зиёиҳое, ки дар гирду атрофи дӯкон кор мекарданд, ворид шуда, китобҳоро варақ зада, берун мерафтанд. Дигар вақтҳо, тавре гуфтем, китобхар башумор... Китобҳои чанд сол пеш нашршуда, бо вуҷуди он ки байнашон китобҳои хуб ҳам буданд, дар рафҳо мехобиданд. Ба китоб кас нанигариста монд, гӯем, албатта,хато мешавад. Вале гӯем, ки китоб аз эътибор дур монд, айни ҳиқиқат. Дар воқеъ нафақат дӯконҳои китоб камодам шуданд, балки бисёр нуқтаҳои китобфурӯширо, бинобар зараровар шуда монданашон, аз байн бардоштанд. Масалан, дӯкони китобфурӯшӣ дар дохили маҷмӯи тиҷоратии «Мегапланет», ки дар маркази ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд ягона буд, ба нуқтаи диск ва кассетафурӯшӣ табдил дода шуд. Дар паси оинаи дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ китоб ва маҷмӯаҳои адабии чанд сол боз хобида ва рангпаридаро дида табъ мекоҳид.
Имрӯзҳо пурзӯр шудани эътибор ба китобро дида, кас хурсанд мешавад. Дар ҳаёти маънавиамон марбут ба китоб ва дастрасгардонии он, тарғиб ва тарбияи ҳисси китобдӯстӣ воқеаҳое рӯй медиҳанд, ки кас дар хаёл надошт. Дубора ба китоб ва мутолиаи он рӯйоварии ҳамзамонони мо, ҳақиқатан, як воқеа.
Дар мавзеи сенздаҳуми ноҳияи Юнусобод, ки дар наздикии «Мегапланет» воқеъ аст, дар асоси барномаи «Маҳаллаи обод» корҳои бузурги ободгарона ба амал бароварда мешаванд. Яке аз биноҳои навсохти оинабанд ба ихтиёри китобдӯстони маҳалла супурда шуд, ки рӯз то рӯз бо китобҳои нав бой ва китобдӯстони бештарро ба худ ҷалб менамояд. Дар дохили «Мегапланет» бошад, якчанд дӯкони китоб дари худ боз намуд. 
Дуруст мегӯянд, ки меҳр дар чашм. Ҳар қадар бештар ба китоб рӯбарӯ шавем, меҳр тофта ва чун оҳанрабо он моро ба худ мекашад.
Ба ақидаи донишмандон, адабиёт, китоб фақат қалбро не, ба маънои васеътар гӯем, миллат ва халқро тарбия менамояд. Он мӯъҷизаи бузурги аз ҷониби инсонҳо офаридашуда, ки дар роҳи тозагии рӯҳ, расоии ақл ва васеъшавии доираи тафаккур хидмат менамояд. Китоб ва адабиёт вақтҳои охир ба наздикшавии халқ ва миллатҳо низ кӯмак мекунад.
Адабиёт рӯҳи миллиро ифода кунад ҳам, дар асари воқеан адабӣ ғояҳои умумиинсонӣ таҷассум меёбанд. Намунаи эҷоди ҳақиқӣ дар қалби ҳар як инсон, сарфи назар аз миллаташ, акси садо медиҳад. Дар қалбҳо изтироб ё ҳисси сурур ва ҳаяҷонро ба ҷунбиш меоварад.
Дигархелтар ифода намоем, дӯстии адабӣ сарҳад надорад. Ин аст, ки тарҷумаи асарҳо аз забонҳои гуногун, тарҷумаи беҳтарин осори адибони ҷумҳурӣ ба забонҳои дунё дар маркази эътибор аст. Чун мукофот тақдим ва ба якдигар туҳфанамоии китобҳо ба кас ҳайронӣ не, як олам сурур мебахшад. Туҳфа кардани китоб, гуфтан мумкин, аҳамияти байнидавлатӣ низ пайдо кардааст. Президенти мо ба роҳбари Тоҷикистон «Махзани муҳаббат»-и Абдураҳмони Ҷомиро тақдим дошт ва бо ин дар марзи қалби сокинони ду кишвар донаҳои меҳр пошид. 
Ҷуз ин аз ҷониби сарвари давлатамон ҳадя гардидани китоб ба Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Раиси Сенати Ҷумҳурии Фаронса Терар Ларше, ба Президенти Белорус Александр Лукашенко, Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ шоҳид шуда, мисле қудрат ва аҳамияти китобро дар наздикшавии халқҳову иттиҳоди қалбҳо дигарбора эҳсос кардем. 
Беҳтарин туҳфа китоб нест? Чаро ба якдигар китоб туҳфа насозем?

М. ШОДИЕВ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: