Яке аз асарҳои нодири Мир Алишери Навоӣ «Назм-ул-ҷавоҳир» бори аввал ба забони форсӣ (тоҷикӣ) тарҷума шуд ва ба хонандагон дастрас гардид.
Яке аз асарҳои нодири Мир Алишери Навоӣ «Назм-ул-ҷавоҳир» бори аввал ба забони форсӣ (тоҷикӣ) тарҷума шуд ва ба хонандагон дастрас гардид. Китоби мазкур, ки аз ҷониби Паймон (Тӯхтамиш Тӯхтаев) бо маҳорат тарҷума шудааст, талқини шеърии 268 ҳикмати Ҳазрати Алӣ буда, аз панду ҳикматҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ иборат мебошад. Дар он эзоҳот ва тарҷумаи ҳикматҳои Ҳазрати Алӣ низ ҷойгир шудаанд.
Тавре ки дар асар зикр мегардад, беҳтарини сухан мухтасари он аст, дидори ҳамсуҳбати хуб ғанимат мебошад, рутбаи илм аз кулли мартабаҳо болост, мудоро бурҳони хирадмандист, коре, ки ба бадӣ қарин бошад, зишт аст, пирӯзии бо эътиқод бадастомада, ғалабаи ҳақиқист...
Умед мекунем, китоб ба аҳли адабиёту маърифат, умуман ихлосмандони воқеии шеъру ҳикмат маъқул ва манзур мегардад.
ӮзА.