БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

Марҳилаи вилоятии озмун-азназаргузароние, ки аз тарафи Шӯрои мувофиқгардонии фаъолияти мақомоти худидоракунии вилояти Намангон таҳти унвони «Маҳаллаи обод», «Кӯчаи обод», «Беҳтарин хонадон» эълон шуда буд, баргузор гардид.

Маҳаллаҳое, ки дар озмун иштирок намуданд, корҳои ободонию кабудизоркунӣ, бунёдкорӣ, шароити пешбинишудаи иҷтимоиву иқтисодӣ, бо кор фарогирии аҳолӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҷрибаи фаъолияти намунавии маҳаллаҳо намоиш карданд.
Аз рӯйи номинатсияи «Маҳаллаи обод» ҷамоати шаҳрвандони «Ғурумсарой»-и ноҳияи Поп ба ҷойи якум ноил гардид.
Ба тозаю озодагии кӯчаю ҷӯйборҳо, таъмири ҳозиразамони хонаҳои истиқоматӣ, парвариши дарахтони меваноку манзаравӣ ва самаранок истифода бурдан аз қитъаҳои наздиҳавлӣ, роҳҳои пиёда ва автомобилгард эътибор дода, аз рӯйи номинатсияи «Кӯчаи обод» ба кӯчаи Нурафшони маҳаллаи «Катта Тошбулоқ»-и ноҳияи Намангон ҷойи якум насиб кард.
Дар номинатсияи «Беҳтарин хонадон» соҳиби хонадони аз кӯчаи Нурафшони маҳаллаи ба номи Махдуми Аъзам М.Дадахонова ҷойи якумро ба даст овард.
Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: