БЕҲУРМАТӢ БА ОМӮЗГОР – БЕҲУРМАТӢ БА ҶОМЕА

Сессияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд баргузор гардид.

Дар ин маҷлис, ки ба сурати видеоселекторӣ барпо шуд, ба ғайр аз намояндагони халқ мутасаддиёни идора ва муассисаҳо, роҳбару кормандони соҳаи таълим иштирок карданд.
Дар сессия вазифаҳое, ки зимни мулоқоти Президент бо омӯзгорону устодон, ки 29-уми декабри соли 2022 таҳти мавзӯи «Беҳбудии сифати таълим – роҳи ягонаи дурусти рушди Ӯзбекистон» сухан рафт, муҳокима карда шуд.
Ҳокими вилоят Э.Турдимов гуфт:
– Дар ин мулоқот боло бурдани сифати таълим дар мактабҳо ва касби омӯзгорӣ дар ҷомеа, беҳбудии шароити муассисаҳои таълимӣ дар соли 2023 ҳамчун вазифаҳои асоситарин муқаррар шуданд. Барои расидан ба ин мақсадҳо давлат ҳар чизеро, ки зарур аст, муҳайё хоҳад кард. Аз буҷаи маҳаллӣ низ имсол ба соҳаи таълим нисбат ба солҳои қаблӣ хеле бештар маблағ равона мегардад. То имрӯз фикри – «мактаб мушкилоти худро худ ҳал мекунад» ҳукмфармо буд. Худи замон ҳоло нишон медиҳад, ки муттаҳид нашудани нерӯ ва афкор хато аст. Фаъолони маҳалла, бонувон, ҷавонон бояд дар роҳи ҳалли муаммоҳои раванди таълим ва рушди он ҳамкорӣ кунанд.
Дар ҷомеаи мо масъулияти падару модарон зимни таҳсили бачаҳо ҳис намешавад. Падару модар набояд иқтисоди бозориро баҳона кунанд, набояд ҳамеша аз пайи манфиати моддӣ даванд ва бояд бо тарбия ва таълими фарзанд низ ҷиддӣ машғул шаванд.
Ҳоло айбдор кардани муаллим кори осон шудааст. Бояд акси ин шавад, яъне дар миёни падару модарон ва мактаб шартнома имзо гардад, дар ин шартнома маҷбуриятҳои онҳо барои тарбияи фарзанд ва таълими онҳо алоҳида сабт гардад.
Ба ҳар як бача муносибати алоҳида карда, барои кашфи истеъдоди онҳо кӯшиш кардан зарур аст. Ба ин натанҳо мактаб, балки ҷомеа низ бояд масъул бошад.
Падару модарон бояд ба мактаб раванд, дарсхонии фарзандашонро назорат кунанд. Ин корҳо фақат ба дӯши муаллим гузошта намешавад.
Дар замири ислоҳоти соҳаи таълим дар мактаб масъалаи гиромидошти омӯзгор низ нуҳуфтааст. 
Ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Рустам Холмуродов, ректори Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд Илҳомҷон Тӯхтасинов, мудири мактаби рақами 20-уми ноҳияи Каттақӯрғон Зайнаб Бердиева ва дигарон низ дар мавриди ин масъалаҳо фикрҳои худро баён карданд.
Дар ҷамъомад масъалаҳои дигар низ баррасӣ гардид.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
 «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: