БИБӢ (БЕДИЛӢ)

Яке аз шоираҳое, ки дар як қатор тазкираҳои нисвон номаш қайд шудааст, Бедилӣ мебошад.

Яке аз шоираҳое, ки дар як қатор тазкираҳои нисвон номаш қайд шудааст, Бедилӣ мебошад. Бедилӣ тахаллус буда, Бибӣ номи аслии ӯ аст. Ӯ бонуи Шайх Абдуллоҳи Девона аст, ки қаринаҳои хешутаборӣ бо Темуриён дошт. Алишер Навоӣ дар «Маҷолис-ун-нафоис» навиштааст: «Шайх Абдулло низ, агарчи салимтабъ воқеъ шуда, аммо маҷнунсифат мардест ва гоҳе назм бар забонаш меояд ва ин матлаъ аз он ҷумла аст: 
Мани мискин ба сари 
кӯйи ту ҳарчанд давидам,
Ғайри оҳею сиришке зи 
дилу дида надидам. 
Ва дар охир Алишер Навоӣ ишора мекунад: «Чунон маълум шуд, ки волидааш низ шеър мегӯяд ва Бедилӣ тахаллус мекунад. Тавон гуфт, ки дар хонаи ӯ марду зан хуштабъанд».
Дар тазкираи нисвони форсизабонон дар бораи ӯ маълумоти бештар ба назар мерасад.  Дар «Равзат-ус-салотин»-и Фахрии Ҳиравӣ чунин оварда шудааст: «Бедилӣ дар ҳарами Мавлоно Шайх Абдуллоҳи Девона буд» ва дар китоби Могаҳ Раҳмонӣ «Парданишинони сухангӯ» баъди тавсифи  Бедилӣ чунин омадааст: «Писари ӯ Шайхзода Ансорӣ ном дошт ва низ шеър месуруд. Ин шоир дар қарни нӯҳум (XV-уми милодӣ) дар аҳди Тимуриёни Ҳирот ҳаёт дошта». Ва дар ҳамин ҷо эзоҳ дода мешавад, ки шеърҳои Бибӣ ва Бедилиро бисёр вақт ғалат муаррифӣ мекунанд, ҳол он ки Бедилиро тариқи фарзандаш Ансорӣ хуб мешиносанд. Писари ӯ бо тахаллуси Шайхзода Ансорӣ машҳур буда, дар аҳди Темуриён дар Ҳирот зиндагонӣ кардааст. Равшаниро ба ин масъала Алишер Навоӣ андохтааст. Дар тавсифи Ансорӣ ӯ менависад: «Шайхзодаи Ансорӣ писари Шайх Абдулло Девона аст. Аз хурдӣ боз ба таҳсил машғулӣ мекунад ва дар фанни гуфтану шунуфтани муаммо аз табъи ӯ бисёр мулозимат зоҳир мешавад. Чунон маълум шуд, ки волидааш низ шеър мегӯяд ва Бедилӣ тахаллус мекунад. Ин матлаъро ба ӯ мансуб медонанд:
Равам ба боғу зи наргиси 
ду дида вом кунам, 
Ки то назораи он сарви 
хушхиром кунам». 
Писари Бедилӣ Шайхзодаи Ансорӣ бо номи Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ машҳур буда, соли 1006 дар Кӯҳандижи Ҳирот таваллуд шудааст. Ӯро чун яке аз пешвоёни соҳаи тасаввуф ва фиқҳ мешиносанд, ки лақаби «Пири Ҳирот»-ро гирифта буд. Ғайр аз се девони шеърӣ ӯ муаллифи асарҳои «Илоҳинома», «Ганҷнома», «Сад майдон», «Насоеҳ» ва «Табақот-уссуфия» аст. Ӯ асари машҳури худ «Манозил-ус-сойирин»-ро соли 1082 бо санъати баланди саҷъ ба табъ расонидааст. 
Ҳамин тавр, дар баъзе сарчашмаҳо зери номи Бибӣ шоираи маъруфи аҳди темурӣ Бедилӣ дар назар дошта шуда, шеърҳои ӯ пароканда аст ва то ба имрӯз мавриди пажӯҳиш қарор нагирифтааст. Ин оила низ дар тарвиҷи илми дин ва адаб дар таърих нақши муассири худро гузоштаанд ва фарзанди солеҳ тарбия намуда, номи худро мушарраф гардонидаанд.

Зебунисо ФАЙЗУЛЛОЕВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: