Мавзӯъ барои мулоҳиза
Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» калимаи «тӯй» ба маъноҳои сур, ҷашн, ид, маросимҳои хурсандӣ шарҳу эзоҳ ёфтааст, ки ба муносибати арӯсӣ, суннат кардан ва ғайра барпо мешаванд.
Рости гап, доир ба гузаронидани ин гуна анъанаҳои неку лаҳзаҳои сурурбахши аҷдоди мо бисёр навиштаанд, менависанд ва хоҳанд навишт. Зеро зиндагонии халқҳои моро бидуни сур (тӯй) наметавон тасаввур кард, ки барои дар байни мардум нигоҳ доштану афзудани меҳру муҳаббат, пайваст кардани риштаҳои дӯстӣ хизмат мекунад.
Як мақсади дигар аз маъракадиҳӣ хайру эҳсон аст. Мутаассифона, дер боз он ба мусобиқаи «ман аз фалонӣ кам не» табдил ёфтааст. Алалхусус, дар маросими ақди никоҳ.
Шояд ҳамаи ин амалҳо аз сабуксарӣ, нодонӣ ва беписандӣ нисбат ба дину диёнату қарорҳои ҳукумат доир ба танзими маъракагузаронӣ бошад. Пӯшида нест, ки шахсони доро ва бадавлат мувофиқи табъи дили худ маърака меороянд. Зеро ба чунин дабдабаҳои нозарур имкон доранд, аммо оилаҳои камбизоату нодору ночор «обрӯ» гуфта, то баногӯш ба қарз ғӯта зананд ҳам, гӯё ноилоҷ дег-дег ош дам мекунанд. Мо аз чӣ бошад, ки барои бахту саодат, соҳиби илму ҳунар шудани фарзандон кӯшиш намекунем, ё кам андеша менамоем, ҳушу ёдамон ба хатнатӯй, ақди никоҳ ва ғайра банд аст.
Чанде пеш ба базми никоҳи ҳамгузарамон рафтем. Бешубҳа, аз дабдабаи он ҳуш аз сари муш мепарид. Болои миз, ба қавле ғайр аз шири мурғ ҳама чиз муҳайё буд. Писаракону духтаракон ба хизмат ҳозиру нозир. Баранда тавассути баландгӯяк эълон кард, ки «гунаҳкорон»-и шодиёнаи имшаба ташриф мефармоянду бояд ҳама аз ҷо хеста бо кафкӯбӣ пешвоз гирем. Лаҳзае нагузашта арӯсу домод ва дар атрофи онҳо «фаришта»-ҳо – духтарчаҳои норасида, ки дар ду китф бол доранд, пайдо шуданд. Кадоме аз ҳолдонҳо гуфт, ки ҳаққи хизмати ҳар кадоми онҳо 100-200 доллар аст.
Арӯси либоси гаронбаҳои нимбараҳна пӯшида, ба эҳтироми меҳмонон таъзим карда буд, ки ҳозирон аз шарм ба зери по нигаристанд. Кадоме «шармандагӣ» гӯён пичиррос ҳам зад.
Баъди «шаҳаншоҳ ва маликаи замон», яъне арӯсу домод бо виқор ба тахт нишастан пасу пеш ҳофизони номдор бо навбат суруд хонданду раққосаҳои бешарму беҳаё ба мисли чангкашак ба назди ҳар як миз омада густохонаву китф ларзонда пулҳоро хазон барин чиданд.
Сипас баранда эълон кард, ки акнун ҳама ба экран дида дӯзанд. Дар чаҳор гӯшаи базмгоҳ аз «оинаи нилгун» видеолавҳаи «Love story» («Таърихи муҳаббат»)-и дилдодагон ба ҳукми меҳмонону мизбонон ҳавола гардид. Тасвири лаҳзаҳои то базми ҷамшедӣ арӯсу домод чанд маротиба дар куҷо ва чӣ хел вохӯрӣ кардаанд, аз бозору мағозаҳо чиҳо гирифтаанд, ҳатто ишқварзии онҳо дар истироҳатгоҳи ноҳияи Бӯстонлиқи Тошканд чӣ гуна оғоз ёфта буд, намоиш дода шуд.
Пеш аз поёни базми ақди никоҳ арӯсу домод якдигарро ба оғӯш гирифта рақсиданд, ки валс ном дошт. Хешу наздикони соҳиби тӯй асъори миллӣ ва ҳатто доллари амрикоиро аз болохона ба сари онҳо пош доданд, ки аксари ҳозирон ба пахтачинҳои чусту чолок табдил ёфтанд.
Боз як одати аҷиб диққати меҳмонону мизбононро ба худ кашид. Арӯс қабл аз тарк кардани базмгоҳ гулдастаро ба паси худ, сӯйи як гурӯҳ духтарони қадрас, вале ба шавҳар набаромада, ки ин лаҳзаро бесаброна интизорӣ мекашиданд, ҳаво дод. Духтарону дӯшизагоне, ки бояд аз гапу ҳарфи ба шавҳар баромадан шармашон омада, рӯяшон алвонӣ шавад, ҳоло дар назди мардум бебокона ва бо ифтихор барои соҳиб шудан ба гулдаста талош меварзиданд. Зеро, гӯё кадоме гулдастаро ба даст оварад, бешубҳа, хушбахт мешудааст. Ё тавба, ана ба шумо русуми нави ба шавҳар баромадан.
Фаромӯш кардаем, ки зебу зиннати духтаракони мо шарму ҳаё, ахлоқу одоби ҳамида, ору номус, имону ислом мебошад.
Собиқ муаллими мактаби миёна, ки дар паҳлӯям нишаста буд, ин манзараро дида, «ана ба шумо бидъат, тақлид ба хориҷа», – гуфт норозиёна.
– Ин одат на ба суннат, на ба дину диёнати мо мувофиқ аст, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд дигаре...
– Баъди зиёфат танқид нашояд, – луқма партофт муаллими ҳамшафатам, – даҳони хӯрда – шарманда.
Хушбахтона, кадоме ба таври худ омин карду аз ҷо хест. Мо низ дунболи ӯ сӯйи дар рафта ба рӯйи дастархон нигаристем. Ана исрофгариву мана ба буда ношукрӣ!..
Суханҳои ҳамнишинам гӯё чун теғ ба устухон расид. Баъди чанд рӯз вақт ёфта ба идораи ақди никоҳи ноҳияи Самарқанд рафтам ва таассуроти хешро бо таассуф аз маъракаи ҳамгузар ба мудира Заррина Нуриддинова гуфта додам.
– О, акаҷон, шумо аз кори дунё тамоман бехабар-ку, – оҳи бадард кашид Заррина Шодиевна, – модари домод ба аспи одамхӯр табдил ёфта омад ва бо сӯзу гудоз, чашмонаш пур аз ашк фарёд зад, ки маҳри келин ночиз буд ва хараҷоташ дар тӯй нӯги остин нашуд. Мебели шалақ, пардаи ислиқӣ фиристода, тилловорӣ накардааст. Дар назди мардум сӯхта кабоб шудам. Болои сӯхта намакоб, келин тунди халахӯр, танбал баромад, аллакай қаҳр карда рафт. Ман обрӯ гуфта, қариб бист ҳазор доллар хараҷот кардам. Ҳозир омадам, то талоқ диҳам, ана баъд судбозӣ.
– Апаҷон, шайтонро ҳай гӯед, – насиҳат кардем мо, – убол мешавад.
– Шумо ҳам тарафи ҳамонҳо-мӣ?, – ҳамаатонро аз халлоҷӣ мегузаронам,– гӯён бо қаҳру ғазаб бадар рафт ӯ.
Афсӯс, ки ин ҳодисаи нахустин нест. Шумо ҳамчун соҳиби қалам ба инаш чӣ мегӯед?!
– Намедонам, вале Зарринабону, идораи шумо барои пешгирӣ аз чунин иллату бидъатҳо чӣ тадбирҳо меандешад?
– Хушбахтона, бо сарварии раҳбари давлатамон барои пешгирии ин гуна муаммоҳо саъю кӯшиш карда мешавад. Сенат чандин қарорҳои махсус қабул кард. Сониян, мо барои ба ҳаёти оилавӣ тайёр кардани домоду арӯсони нав фаъолияти курсҳои махсусро пурзӯр намудем. Аввалҳо мӯйсафедони нуронӣ дарс мегузаштанд. Ҳозир бошад, шахсони рӯзгордида, рӯҳшиносон, хушдоманҳои соҳиби 4-5 арӯс, пешвоёни дин, фаъолони гузару маҳаллаҳо омада ба ҷавонон сабақи ҳаёт медиҳанд. Охир ноҳия дар вилоят аз рӯйи нишондоди талоқдиҳӣ рекорд гузоштааст, ки дар он бешубҳа, айби мо низ ҳаст.
– Пеш аз ҳама, бо аҳли илму маърифат маслиҳат карда, ана баъд маърака додан лозим, – мегӯяд ҷонишини имом-хатиби вилоят Ҳоҷӣ Яқубхон. – Зеро маъракадорон ба ҷойи бо хайру эҳсон савоб гирифтан ба бидъату хурофот роҳ медиҳанд. Маҳрҳои пурхараҷоти ҷониби арӯс касро ба ҳайрат мегузорад. Рост, баъзан қудоҳо дар асоси шароити моддиву молиявӣ кӯшиш мекунанд, ки оилаи навбунёд то сӯзану ришта таъмин бошад. Лекин чунин рафтор ҳам навхонадоронро танбал ва нисбат ба рӯзгор бепарво мекунад. Оқибат, тавре ки мушоҳида мешавад, нохушу бад аст. Бояд ҳар як оила аробаи худро пеш барад.
Сониян, набояд фаромӯш кунем, ки мақсад аз хайру эҳсон ва зиёфат додан ба муҳтоҷон ёрии моддӣ расонидан аст. Исрофкорӣ дар дини мубини мо мазаммат шудааст. Лекин афсӯс, ки мо ба ин масъала аз паси панҷа менигарем.
Хуллас, тӯй ва дигар маросимҳои хоҳ хурсандӣ ва хоҳ азоро бидуни бидъат гузаронидан барои ҳар як муъмину мусулмон ҳам қарзу ҳам фарз мебошад.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА.