«БИГУЗОР, ГӮЯНД, КИ ПАДАРУ ПИСАР БУДААНД...»

Дар байни аҳли илму адаб шахсони муътабаре ҳастанд, ки гӯё умре бо сӯзан чоҳ канда хондаву меомӯзанду навиштаашон ва муваффақиятҳояшонро эълон намекунанд.

Дар байни аҳли илму адаб шахсони муътабаре ҳастанд, ки гӯё умре бо сӯзан чоҳ канда хондаву меомӯзанду навиштаашон ва муваффақиятҳояшонро эълон намекунанд. Аз ҳама муҳимаш, ба сарват, амалу мансаб, ҳою ҳавас дода намешаванд.
Яке аз чунин инсонҳои фурӯтан, эҷодкори дарёдил, олими зуллисонайн, шоир ва тарҷумон Ҳакимҷон Ҳомидӣ ба шумор мерафт.
Ҳакимҷон дар шаҳри Бухоро дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Ӯ даставвал дар омӯзишгоҳи педагогии шаҳр, пас аз он дар Академияи омӯзгории Ӯзбекистон (Донишгоҳи ба номи Навоии Самарқанд) таҳсил менамояд. Аз солҳои донишҷӯӣ мақолаҳои илмӣ ва шеърҳои ӯ бо имзои «Ҳакимҷон Ҳомидӣ» эълон мешуданд. Баъд аз хатми академия дар Донишкадаи омӯзгории тоҷик, дертар дар Донишкадаи омӯзгории ба номи Тарас Шевченкои Душанбе аз адабиёт ва методикаи он дарс медиҳад. Охири солҳои сиюм Ҳомидӣ ба Тошканд кӯч мебандад. Аввал дар Омӯзишгоҳи занону духтарон, аз соли 1941 то охири умр (1985) дар кафедраи адабиёти ӯзбеки Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Низомии Тошканд ба сифати муаллим, муаллими калон ва дотсент  фаъолият мебарад. Ӯ то охири умр бо эҷоди илмиву бадеӣ машғул шуд. Ба забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ шеърҳо навишт, осори адибони классикии форс-тоҷикро ба забони ӯзбекӣ баргардонд.
Соли 1943 таҳти роҳбарии шарқшиноси машҳур, профессор Е. Э. Бертелс рисолаи номзадиро таҳти мавзӯи «Шеърияти Навоӣ ба забони форсӣ» ҳимоя намуд. Дар натиҷаи ҷустуҷӯҳои пайгирона Ҳомидӣ дарёфт, ки зиёда аз даҳ нафар шоирон бо тахаллуси «Фонӣ» эҷод кардаанд ва доир ба онҳо маълумот ҷамъ намуд.
Мақолаҳои илмии ӯ дар асоси манбаъҳои дастхат бахшида ба мероси форсии Огаҳӣ, Муҷрим Обид, Увайсӣ, Фазлии Намангонӣ, Носири Хусрав, Дақиқӣ ва эҷоди даҳҳо суханварони гузашта дар ҷараёни адабии ҳамон давр навгонӣ ва кашфиёти ба худ хос ба шумор мерафт. Устод дар офаридани маҷмӯаҳо, китобҳои дарсӣ барои мактаб ва омӯзишгоҳҳои олӣ  бевосита иштирок намудааст. Китоби «Луғати истилоҳи адабиётшиносӣ», ки якҷоя бо ҳамкасбони худ тартиб дода буд, баҳои сазовор гирифт ва алҳол дар сафи китобҳои нодир ҷой гирифтааст.
Бояд алоҳида таъкид намуд, ки устод бо эҷодкорони давр: Муинзода, Чустӣ, Бокӣ, Анисӣ, Васфӣ, Шоислом Шомуҳаммедов ва дигарон ҳамкории доимӣ дошт, тарҷумаҳои онҳоро таҳрир намуда, тақриз ва сарсухан менавишт. Аз ҷумла, тарҷумаи девони шеърҳои Камоли Хуҷандӣ, ки аз тарафи Васфӣ тайёр карда шудааст, бо таҳрир ва сарсухани бевоситаи Ҳомидӣ нашр шудааст. 
Олими заҳматкаш ҳомӣ ва дастгири беғарази ҷавононе буд, ки доир ба адабиёт ва методикаи он корҳои илмӣ-тадқиқотӣ анҷом додаанд. Устод барои хидматҳояш дар илму фан ва таълим аз тарафи ҳукумат бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқ», унвони «Муаллими хидматнишондодаи Ӯзбекистон» тақдиронида шудааст.
Номзади илмҳои филологӣ Лутфулло Зоҳидов Ҳ. Ҳомидиро чунин ёдовар мешавад: «Моҳи декабри соли 1979 дар курси такмили ихтисоси муаллимони муассисаҳои таълими олии назди Донишгоҳи давлатии Тошканд бо Ҳакимҷон Ҳомидӣ таҳсил гирифта будем. Бо ин инсони нуронӣ ва донишманд дар давоми як моҳ якчанд маротиба ҳамсуҳбат шуда будам, доир ба адабиёти классикии форс-тоҷик, ашъори Навоӣ шеърхониҳо карда будем. Рӯзе суҳбати мо ба санъати хаттотии ҳозираи ӯзбек доир гардид. Вақте ба ӯ гуфтам: Мо боре бо адабиётшиноси қӯқандӣ А. Мадаминов ба аёдати хаттоти машҳур А. Муродов, ки дар шифохона табобат мегирифт, рафтем. Устод аз хурсандӣ изҳор доштанд, ки «Аёдат беҳ аз ибодат». Ҳакимҷон Ҳомидӣ инро шунида ба ман гуфтанд: «Дафтаратонро диҳед». Дафтарамро дароз кардам. Дар варақи дафтар ин дубайтиро навиштанд:
Хабаргирӣ зи беморон 
– аёдат,
Бипурсӣ ҳолашон – 
бошад назокат.
Шифо бахшӣ агар бо 
ҳарфи ширин,
Ба дарди ҳар мариз 
бошад табобат.
Дубайтии устодро, ки бадоҳатан навишта буд, хонда ба заковат ва табъи шоириаш иқрор шудам».
Кадом соле рисолаи илмии ҳамсинфам, доктори илмҳои филология Усмонҷон Каримов «Адабиёти тоҷики асри XVI» ба дастам афтид. Хондам. Хеле хуб навиштааст. Хусусан, таъсири ашъори Бобур ба адабиёти тоҷик, аҳамияти омӯхтани таърихи адабиёт ва эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик дар «Бобурнома» хеле батафсил таҳлил карда шудааст. Китоби мазкурро ба Ҳакимҷон Ҳомидӣ нишон дода, таклиф намудам, ки якҷоя тақриз нависем.
– Ин китоб дар ман ҳаст, хонда будам, хеле хуб навиштааст, – гуфт ва ба таклифи ман розӣ шуд ва фармуд, ки мулоҳизаҳоямро ба коғаз фароварда бегоҳирӯзӣ ба хонааш барам. Бегоҳӣ ба ҳавлияш – маҳаллаи Себзор рафтам. Баъди як пиёла чой тақризро якҷоя тайёр кардем. Рӯзи дигар дар мошинка чоп намуда, бо имзоҳои «Ҳакимҷон Ҳомидӣ ва Ҳамидҷон Ҳомидов» ба устод нишон додам.
– Писарам, тақриз бад набаромадааст. Шумо ҳам «Ҳомидӣ» шавед, бигузор гӯянд, ки падару писар будаанд, – гуфту ба ҷойи «Ҳомидов» «Ҳомидӣ» навишта ба дастам дод.
Мақола дар «Ӯқитувчилар газетаси» эълон шуд. Бо илтифоти устод аз ҳамон вақт инҷониб «Ҳомидӣ» мебошам.
Мо – шогирдон муносибати самимӣ, беғубор, дар ҳолатҳои мушкил кӯмакрасон будани устодро ба сифати хотира дар қалбамон нигоҳ медорем.

Ҳамидҷон ҲОМИДӢ,
доктори илмҳои филологӣ, профессор.         

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: