БИГЗОР ҲАР КАС ДАР ОҒӮШИ ОИЛА ЗИНДАГИИ ХУШБАХТОНАВУ ФАРОВОН ДОШТА БОШАД!

Гиромӣ доштану эҳтиром намудани занон яке аз арзишҳои ҷовидониест, ки дар хуни мардуми мо ҷой гирифтааст.

Гиромӣ доштану эҳтиром намудани занон яке аз арзишҳои ҷовидониест, ки дар хуни мардуми мо ҷой гирифтааст. Чунки халқе, ки занонро эҳтиром мекунад, кам нахоҳанд шуд. Ин маънои эҳтиром ва таваҷҷӯҳ ба оила, ҷомеа ва ояндаро дорад.
Дар мамлакати мо ҳифзи манфиату ҳуқуқҳои занон ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта шудааст. Сарвари давлати мо ба муносибати Рӯзи байналмилалии занон бонувонро бо ид табрик гуфта, ба нақши занон дар оила ва ҷомеа, иштироки занон дар тарбияи фарзандони ҳаматарафа баркамол баҳои баланд дод. Бе муболиға гуфтан мумкин аст, ки ин намунаи эҳтироми амиқ ба занони ӯзбекистонӣ гардид.
Дар чорабиние, ки бо иштироки Президент баргузор гардид, дар қатори депутатҳои парлумон ман ҳам иштирок кардам. Аз тавсифи ба занон додашуда, аз имкониятҳое, ки барои занону духтарони мамлакатамон фароҳам оварда шудааст, ба ростӣ дилам шоду мисли кӯҳ бардошта шуд. Фазои идона, таваҷҷӯҳ ва эҳтиром ба дилҳо шодии беназир овард.
Сарвари давлатамон гуфт, ки: «Пеш аз ҳама, шумо барои мо модари муқаддас, Ватани азиз, рамзи оила, манбаи муҳаббати бепоён, меҳрубонӣ ва нерӯ ҳастед».  Ба атроф нигариста, дар чеҳра ва чашмони ҳамаи занону духтаронамон чунин эҳсосотро дидам, дар чеҳраи ҳама ҳисси шукргузорӣ ва қаноатмандӣ аз зиндагӣ равшан инъикос ёфта буд.
Бояд қайд кард, ки ҳар таваҷҷӯҳ, фикр ва пешниҳоди сарвари давлатамон ба зиммаи ҳар як зан масъулияти калон мегузорад. Ман фикр мекунам, ки пеш аз ҳама мо бояд сазовори таваҷҷӯҳ  бошем, аз шароиту имкониятҳои фароҳам овардашуда самаранок истифода барем. Дақиқ дарк намудам, ки пас аз суханронии роҳбари давлати мо дар қалби ҳар як зану духтари мамлакатамон ҳисси дахлдорӣ ба оила ва ҷомеа баланд хоҳад шуд.
Президент дар нутқи худ қайд кард, ки солҳои охир оид ба пешгирии талоқҳои оилавӣ, ки ба тарбияи фарзандони мо ва дар маҷмӯъ ба институти оила таъсири манфӣ мерасонанд, корҳои самарабахш анҷом дода мешаванд. Таъкид гардид, ки бо саъю талоши фаъолони маҳалла ва ҷомеа тақрибан 23 000 оилаи дар арафаи ҷудошавӣ қарордошта оштӣ дода шуд ва шумораи талоқҳо ба беш аз 3000 кам шуд. Аммо гуфта шуд, ки ба ин нигоҳ накарда,  рақамҳо ҳамоно баланд боқӣ мемонанд, зеро соли гузашта зиёда аз 28000 оила аз ҳам ҷудо шуданд.
Ман ҳамчун узви комиссияи оила ва занон дарк намудам, ки мо бояд барои мустаҳкам кардани оилаҳо ва пешгирии талоқ корҳои зиёдеро ба анҷом расонем. Албатта, талоқ яке аз масъалаҳои ташвишовар аст ва мо ҳақ надорем онро нодида гирем. Чунки аз талоқҳои оилавӣ  бештар кӯдакон, занон азият мекашанд. Чӣ қадар занон, тифлон сарсону саргардон шуда, аз ҷиҳати таъминоти моддӣ азият мекашанд. Ин ба руҳият, тарбияи тифлоне, ки зиндагиро тоза мешиносанд, тафаккуру нуқтаи назарашон нав ташаккул меёбанд, таъсир нарасонда наметавонад. Ин маънои онро дорад, ки мо бояд корҳои таблиғотиро оид ба оқибатҳои манфии ақду никоҳи барвақт, омилҳое, ки ба оромии зиндагии оилавӣ халал мерасонанд, пурзӯр намоем.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар баъзе ҳолатҳо, ҳатто сабабҳои ночизи хонаводагӣ боиси талоқ дар оила мешаванд. Зиёда аз 50 фоизи занони ҷудошударо фарзандони оилаҳои миёнаҳол ё камдаромад, шароити зисташон вазнин ташкил медиҳанд. Боз як ҷиҳаташ дар он аст, ки аксарияти оилаҳои дар остонаи ҷудошавӣ қарордошта оилаҳои ҷавон мебошанд. Ин аксар вақт аз сабаби салоҳияти оиладорӣ надоштани ҷавонон,  ба ҳаёти оилавӣ тайёр набудани духтарон ба миён меояд. Боз як ҳолати ташвишовар ҳаст, ки баъзе занҳои ҷудошуда аз сабаби таъминоти моддӣ фарзандони худро партофта мераванд. Дар натиҷа шумораи ятимони зинда меафзояд.
Зоҳиран, бемасъулиятӣ ба оила як қатор мушкилоти иҷтимоиро ба бор меорад. Набояд фаромӯш кард, ки ин масъала ба тамоми ҷомеа дахл дорад. Ин ҳолатест, ки ҳам ба тинатамон ва ҳам ба нуқтаи назарамон мувофиқат намекунад. Пеш аз ҳама, ба фикрам, мо бояд ба масъалаи омода сохтани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ ҷиддӣ назар кунем. Ҳоло замон дигар шудааст, дар байни писарону духтарон онҳое, низ ҳастанд, ки зиндагии сабукро дунболагирӣ мекунанд. Дар қалбу шуури онҳо муқаддас будани оиларо бояд амиқ ҷойгир кард.
Ба духтарон касбу ҳунар  омӯхта, бояд корро бо онҳо мақсаднок, мунтазам ба роҳ монд. Ба воситаи  ин мо метавонем бисёр оилаҳоро аз ҷудошавӣ наҷот диҳем. Чунки мустаҳкамии оила ба баркамолии маънавӣ ва иқтисодии он бевосита алоқаманд аст.
Тавре ки Президент қайд кард, мо бояд бо фаъолони маҳалла, собиқадорони мӯҳтарам, кайвониён, фидоиёни маънавият ва динамон, ҷавонони мо, ки барои ҳамсолони худ намуна мебошанд, аз як гиребон сар бароварда якҷоя ҳаракат кунем. Барои зиёд гардондани шумораи оилаҳои хушбахт бояд ҳамҷиҳату якдил шуда, кӯшишҳои муштарак ба харҷ диҳем.
 
Дилором ИМОМОВА,
узви комиссияи оила ва бонувони Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: