Дар остонаи ҳамоиши Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Тошканд вазири корҳои хориҷии Покистон Билавал Бхутто Зардорӣ бо АИ «Дунё» суҳбат намуд.
— Муҳтарам ҷаноби вазир, ба назари шумо, бо назардошти тағйироте, ки дар минтақа ва ҷаҳон ба вуқӯъ меоянд, дар марҳилаи имрӯза дар назди СҲШ чӣ мушкилот ва вазифаҳо истодаанд?
— Вазъияти геосиёсии ҷаҳонро тағйироти мураккаб ва амиқ фаро мегирад, ки барои сулҳу амният ва рушди иқтисодии минтақа мушкилоти ҷиддие ба миён меорад. Пандемияи COVID-19 боиси коҳиши гардиши савдо, истеҳсолот, афзоиши бекорӣ ва инфлятсия гардид, ки ба динамикаи рушди кишварҳои узви СҲШ низ таъсири манфӣ расонд.
Дарси муҳиме, ки аз ин буҳрон гирифта шуд, зарурати амалиёти дастҷамъона ва ба вуҷуд овардани низоми пурзӯртару устувортари байналхалқии иқтисодӣ мебошад. Мо чунин мешуморем, ки сулҳу субот ва рушд ба ҳам зич алоқаманданд ва аз ин рӯ, барои шукуфоии минтақаи СҲШ, ба даст овардани сулҳу субот дар тамоми ҷаҳон талошҳои моро муттаҳид кардан зарур аст.
— Аз ҷамъомади дарпешистодаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ, ки 15-16 сентябри соли ҷорӣ дар Самарқанд баргузор мешавад, чӣ интизориҳо доред?
— Ҳамоиш дар Самарқанд барои табодули афкори сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай роҷеъ ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин доир ба самтҳои стратегии фаъолияти созмон як фурсати муҳим хоҳад буд. Дар ин ҳамоиш роҳбарони кишварҳо ҳуҷҷати муҳимеро имзо мекунанд, ки ҷараёни ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯби СҲШ бар асоси манфиатҳои мутақобилаи ҳамаи кишварҳои узви ин созмон муайян мекунанд.
Покистон дар музокира ва гуфтушуниди ба охир расондани ин ҳуҷҷатҳо фаъолона иштирок мекунад. Мо ба раёсати Ӯзбекистон дар СҲШ баҳои баланд медиҳем. Шахсан ман имконияти иштирок дар ҳамоиши Самарқандро бесаброна интизор ҳастам.
— Назари худро дар бораи дурнамои ҳамкориҳои Ӯзбекистону Покистон дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва гуманитарӣ баён кунед.
— Покистон бо Ӯзбекистон равобити мустаҳками таърихӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дорад. Ин муносибатҳо бо меҳрубониву самимияташон фарқ мекунанд. Дар натиҷаи мубодилаи тез-тез афкори сатҳи олимартабаи роҳбарони мамлакатҳои мо боз ҳам мустаҳкам мешаванд. Мо дар мавриди амният ва суботи минтақа андешаҳои муштарак дорем, дар заминаи дуҷониба дар масоили амниятӣ, инчунин дар платформаи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ҳамкорӣ мекунем. Мо рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷонибаи динамикӣ дорем, ки бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла тиҷорат, кишоварзӣ, фарҳанг, нақлиёт ва робитаро дар бар мегирад.
АИ «Дунё».