БИНО БАР ҲАР ЯК СОҲА, ҲУДУД ВА САМТ СТРАТЕГИЯИ САРМОЯГУЗОРӢ ТАЙЁР КАРДА ХОҲАД ШУД

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 14 август бахшида ба масъалаҳои ҷалб намудани сармояҳои бевоситаи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакатамон ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 14 август бахшида ба масъалаҳои ҷалб намудани сармояҳои бевоситаи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакатамон ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.
Дар он Сарвазир ва муовинони ӯ, мушовирони давлатии Президент, роҳбарони вазорату идораҳо, ширкату иттиҳодияҳо,  Раиси Жоқарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, сарони намояндагиҳои дипломатии Ӯзбекистон дар хориҷ иштирок карданд.
Мувофиқи қарори сарвари давлатамон тӯли моҳи гузашта рӯйхати 849 лоиҳаи арзиши умумиашон 64 миллиард доллар бо иштироки сармояҳои бевоситаи хориҷӣ ташаккул дода шуд. Аз онҳо  татбиқи 456 лоиҳа дар соли 2018, 125 – соли 2019, 268 – солҳои минбада ба нақша гирифта шудааст.
Президент зарурати дар соли ҷорӣ ба миқдори 5 миллиарду 800 миллион долар ҷалб намудани сармояҳои бевоситаи хориҷиро алоҳида таъкид намуд. 
Барои таъмин кардани тартибу интизом ва самарабахшии иҷрои вазифаҳои дар ин самт гузошташуда на танҳо роҳбарони Кумитаи давлатӣ оид ба сармояҳо ва идораҳои соҳавӣ, балки Сарвазир ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳо ва мушовирони Президент шахсан масъул муайян шуданд.
Масалан, Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон баробари роҳбарии умумии татбиқи тамоми лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба ҷалби сармояҳои бевоситаи хориҷӣ бино бар 144 лоиҳа, муовини аввали Сарвазир – 18 лоиҳа сарварӣ мекунад.
Дар маҷлис таъкид ёфт, ки корҳои бобати ҷалб намудани сармоя анҷомдода ғайриқаноатбахш аст. Барои мисол, дар шаҳри Тошканд нишондоди иҷрои кор аз ҳисоби сармояи бевоситаи хориҷӣ ҳамагӣ 7 фоизро ташкил медиҳад. Аз рӯйи вилоятҳо бигирем, масалан, дар вилояти Хоразм арзиши лоиҳаҳо бо иштироки сармояи бевоситаи хориҷӣ ҳамагӣ 10 миллион долларро ташкил медиҳад, ки дар мамлакат аз ҳама нишондоди паст ба ҳисоб меравад.
Дар ҷамъомад дақиқ баррасӣ гардид, ки кадом роҳбар барои кадом лоиҳаи сармоягузорӣ масъул аст, инчунин нарх ва муддати татбиқи лоиҳаҳо муҳокима гардиданд. Ҳисоботи шахсони масъул дар бораи вазъи ҷалби сармояи бевоситаи хориҷӣ шунида шуд.
Ба муовинони Сарвазир, ҳокимон ва роҳбарони соҳаҳо таъмини саривақтӣ ва сифатноки татбиқи лоиҳаҳо бо иштироки сармояи бевоситаи хориҷӣ, ташкили лоиҳаҳои нав супурда шуд. Барои ин ҳар ҳафта, бино бар ҷадвали муқарраргардида, ба минтақаҳо рафта, бо ташаббускорони лоиҳаҳо вохӯрда, бояд мушкилоти онҳоро дақиқ карда, низоми автоматиконии мониторингро татбиқ кард ва дар маҳалҳо анҷуманҳои байналхалқии сармоягузорӣ баргузор кард.
– Бе татбиқ намудани низоми автоматиконии мониторинги татбиқи лоиҳаҳо мо наметавонем сари вақт мушкилоти ин соҳаро фош созем. Низоми мазкур ба сармоягузорони хориҷӣ, ки сармояи бевосита мегузоранд, кӯмаки амалӣ расонад, корашонро сабук гардонад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки охири моҳи август баргузор намудани Анҷумани байналхалқии сармоягузорӣ ва Намоишгоҳи миллии истеҳсолгарон дар вилояти Ҷиззах ба нақша гирифта шудааст, ки бино бар он барои ба амал овардани чорабиниҳои мазкур дар дараҷаи баланд чорабиниҳои ногузир бояд андешида шаванд. Роҳбарони тамоми вазоратҳо, ҳокимиятҳо ва иттиҳодияҳои хоҷагидорӣ дар анҷуман барои тақдимоти махсус оид ба ҷанбаҳо, соҳаҳо ва минтақаҳо омодагӣ бигиранд, ки барои онҳо масъул мебошанд, сафоратхонаҳо ва вакилонамон дар мамлакатҳои хориҷӣ бояд на камтар аз 4-5 сармоягузори ояндаро барои иштирок дар ин чорабиниҳо пайдо намоянд.
Дар ҷамъомад ба натиҷаҳои сафарҳои хидматии хориҷии роҳбарони ҳокимиятҳо эътибор нигаронда шуд.
Таъкид гардид, ки бино бар супориши қаблан додашуда аз ҷониби гурӯҳи корӣ масъалаҳои мазкур омӯхта шуда, чандин масъалаи доимӣ дар вилоятҳои Фарғона, Андиҷон, Намангон, Хоразм ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ифшо карда шуд. Он нукта зери танқид гирифта шуд, ки бо вуҷуди дар минтақаҳои мазкур мавҷуд будани имконоти васеъ дар ҷанбаҳои дорусозӣ, электротехника ва мошинсозӣ гуфтугӯҳо дар заминаи ҳамкорӣ танҳо дар доираи лоиҳаҳо асосан доир ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва бофандагӣ, азнавкоркарди маҳсулоти меваву сабзавот маҳдуд гардиданд. Лоиҳаҳо дар заминаи ҷанбаҳои баландтехнологӣ умуман вуҷуд надоранд.
Ишора гардид, ки аксари ҳайатҳо барномаи мақсаднок надоштанд, ба шарикони хориҷӣ маълумоти мушаххас дар бораи зарфияти иқтисодии минтақаҳо пешниҳод нагардидааст, баъзе шартномаҳо танҳо дар рӯйи коғаз мондаанд. Барои мисол, ҳайати вилояти Намангон, ки моҳи марти соли ҷорӣ аз Белгия боздид ба амал овард, доир ба лоиҳаи ташкили маҷмӯи чорводорӣ барои 200 сар чорвои калони шохдор ба қимати 3 миллион доллар дар ноҳияи Норин шартнома ба имзо расонд. Аммо бо гузашти панҷ моҳ кори амалӣ дар бобати иҷрои шартнома то ҳанӯз оғоз наёфтааст.
Сармоягузорӣ муҳити муносибро тақозо менамояд. Дар мамлакатамон кор  бобати минбаъд беҳсозии муҳити сармоягузорӣ бо суръати баланд идома дорад. Аммо дар баъзе вазоратҳо, идораҳо ва ҳокимиятҳо стратегияи сармоягузорӣ вуҷуд надорад, ки  барои имрӯз, барои истиқболи наздик ва дур нигаронда шуда бошад, ки ин аз беташаббусӣ гувоҳӣ медиҳад.
Таъкид гардид, ки Кумитаи давлатӣ оид ба сармоя ва Вазорати корҳои хориҷӣ тартиби баргузор намудани тақдимотро дар бораи мақсади сафар пеш аз сафарҳои хидматӣ ба хориҷи кишвар татбиқ намоянд, ки онҳо дар бораи лоиҳаҳои пешниҳодшаванда ва натиҷагирии интизории амалӣ нақл намоянд. Таҳия ва таъмини назорати ҷиддии иҷрои «харитаҳои роҳ» ва ҷадвалҳои соҳавӣ бино бар шартномаҳо, ки зимни сафарҳои хидматии хориҷӣ ба даст меоянд ва ҳамчунин таҳияи лоиҳаи Стратегияи сармоягузорӣ, ки соҳаҳо ва самтҳои бозарфиятро пешбинӣ менамоянд, супурда шуд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: