...БИНОБАР ИН ОГОҲ БОШЕД,

ё худ таъсири номатлуби телефон

Дар қатори дигар минтақаҳои кишвар ноҳияи Сӯх ҳам тараққӣ ёфта ободу зебо мегардад. Дар баробари рушди иқтисодиву иҷтимоӣ сатҳи маънавияти мардум ҳам оё пеш меравад? Ба ин савол метавон ҳам ҷавоби мусбӣ дод ва ҳам ҷавоби манфӣ. Чунки олами маънавӣ ниҳон асту ба чашми сар дида намешавад. 
Чанд соли охир дар ҷомеаи  ҷаҳон соҳаи коммуникатсияи ахбор бо суръати баланд рушд мекунад. Акнун телефон на танҳо чун воситаи гуфтугӯ,  балки ҳамчун воситаи ахбор низ мавриди истифода қарор мегирад. Имрӯзҳо аз телефонҳои оддӣ миқдори ками одамон истифода мекунанду халос. Телефонҳои гуногун ва компутерҳо ба манбаи қабулу пахши ахбор мубаддал гардидаанд. 
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳама намуди ахборро пайдо кардан мумкин аст, ки миқдори зиёди онҳо аз тариқи манбаъҳои ғайрирасмӣ паҳн карда шудаанд ва онҳо дар ташаккули  маънавияти  ҷавонони имрӯз бетаъсир нестанд.
Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ  дар баробари ахбори хаттӣ ахбори тасвирӣ низ дастрас аст ва нисбати мутолиа азхудкунии ахбори тасвирӣ осонтар мебошад. Тавассути шабакаҳо хабарҳое пешкаш гардида истодааст, ки ба урфу одати миллии халқи мо умуман зид мебошанд. Сурату  видеоҳои даҳшатовар, зинову фаҳш, зӯровариҳои ҷинсиву  дуздиву ғорат, ақидапарастиву таассуб ва намоиши амалҳои террористӣ барои истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ қатъи назар аз синну сол, дастрас аст. Ва таъсири  ин гуна ахбор дар маънавияти ҷавонони мо, дар рафтору гуфтору одобу ахлоқи онҳо ба мушоҳида мерасад.
Одобу ахлоқи ҷавонони имруз аз ахлоқи ҷавонони 25-30 сол пештар ба куллӣ фарқ дорад. Ҷавонони имрӯз шояд дар донистани воситаҳои техникӣ дастболо бошанд. Ҳатто, ба дасти   тифлоне, ки ҳоло забон набаровардаанд, телефон додани волидон аз як ҷиҳат  тааҷҷубовар бошад, аз ҷиҳати дигар шояд онҳо ин амалро талаботи давру замон донанд. Бехабар аз он ки қувваи рабудани мавҷҳои телефонӣ ба саломатии кӯдакон зарари калон дорад.
Мо шоҳиди он гардидаем, ки ба воситаи телефон муносибатҳои ишқии писарону духтарон хеле осон ба роҳ монда  мешавад. Дар ҷамъомадҳои маҳаллаву мактабҳо ба як овоз қарорҳо қабул мегарданд, ки мактаббачагон ва хусусан духтаронро аз телефон дур нигоҳ доштан лозим. Аммо дар амал баръакс аст.  
Афсӯс, истифодаи нодуруст аз ин восита боиси бисёр бадбахтиҳо мегардад. Мардуми миёнсол ва ё калонсон бо баҳонаи он ки онро намедонанд ё намефаҳманд, худро барканор гиранд, “замона бо ту насозад, ту бо замона  бисоз” гуфта ҷавонон ба ҳоли худашон гузошта шаванд, ин ба оқибатҳои нохуш оварданаш мумкин аст, бинобарин: Огоҳ бошед, волидон!

Ҷумъаи ҶАМОЛ.
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: