Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 6 март бо депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ ва узви Сенати Олий Маҷлис, роҳбарони Суди олӣ мулоқот баргузор намуд.
Дар чорабинӣ роҷеъ ба натиҷаи омӯзиши пешниҳодҳое, ки аз ҷониби халқи мо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ворид шудаанд, машваратҳо гузаронида шуданд.
Депутатҳо ҳар яки зиёда аз 200 ҳазор таклифи пешниҳодкардаи аҳли ҷамъиятро бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ, ҷалб намудани мутахассисону коршиносони бонуфузи соҳаҳои гуногун бодиққат омӯхтанд.
Аз рӯи натиҷаи омӯзиш, ки якчанд моҳ боз идома дорад, таҳрири ниҳоии лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тайёр гардид. Ба муносибати он, ки лоиҳаи қонун тағйироти муҳимтаринро дар соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ ва идораи давлатӣ дар бар мегирад, вакилон пеш аз пешниҳоди лоиҳаи қонун ба раъйпурсӣ бо субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ, ки дар моддаи 83-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайян шудааст, машварат мекунанд. Дар ин раванд порлумон ва ҳукумат, намояндагони аҳли ҷомеа пешниҳоду андешаҳои худро оид ба лоиҳаи қонун баён мекунанд.
Зимнан зикр гардид, ки лоиҳаи қонуни мазкурро Суди конститутсионӣ алоҳида баррасӣ намуда, хулосаи худро хоҳад дод. Машваратҳо давом хоҳанд ёфт.