БИНОИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ БА НОМИ ҲАЛИМА ХУДОЙБЕРДИЕВА БА ИСТИФОДА СУПУРДА ШУД

Дар шаҳри Гулистон бинои нави мактаб-интернати ба амиқ омӯзондани фанҳои забони модарӣ ва адабиёт ихтисосонидашудаи ба номи Ҳалима Худойбердиева ба истифода супурда шуд.

Дар чорабинии ботантанае, ки ба ҳамин муносибат роҳандозӣ шудааст, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, масъулони ҳокимияти вилоят ва шаҳр, нависандагону шоирон, олимони забоншинос ва адабиётшинос, донишомӯзон, намояндагони ҷомеаи васеъ ширкат варзиданд.
Таъкид гардид, ки корҳо бобати дар мамлакат ислоҳ кардани сохтори таълим, аз ҷумла, ташкил кардани мактабҳои ба амиқ омӯзондани фанҳо ихтисосонидашуда барои ба камол расондани авлоди аз ҳар ҷиҳат пешқадами босавод ва бо ҳамсиннони худ дар давлатҳои пешқадами дунё рақобатбардор хидмат мекунад. Мактаби эҷодии ба амиқ омӯхтани фанҳои забони модарӣ ва адабиёт ихтисосонидашудаи ба номи Ҳалима Худойбердиева бошад, барои рушди забон ва адабиёти ӯзбек ба маскани зиёи тарбиякунандаи ҷавонони боиқтидор табдил меёбад. 
Дар оғози чорабинӣ пайкараи Ҳ. Худойбердиева, ки дар мактаби эҷодӣ барпо гардидааст, кушода шуд. Меҳмонон ба пояи пайкара гулчанбар гузошта, бо шароите, ки дар мактаб барои донишомӯзон фароҳам оварда шудааст, шинос гардиданд. 
Маълум аст, ки Президентамон 19 феврали соли ҷорӣ ба вилояти Сирдарё ташриф оварда, бо як гурӯҳ эҷодкорон вохӯрӣ гузаронда, ҳангоми он ташаббуси дар маркази вилоят барпо кардани мактаб-интернати ба амиқ омӯзондани забони модарӣ ва адабиёт ихтисосонидашудаи ба номи Ҳалима Худойбердиеваро пеш гузошта буд. 
Барои иҷрои ташаббуси мазкури роҳбари давлат қарори Девони Вазирон «Дар бораи дар шаҳри Гулистон ташкил кардани мактаб-интернати ба амиқ омӯзондани фанҳои забони модарӣ ва адабиёт ихтисосонидашудаи ба номи Ҳалима Худойбердиева», аз 18 майи соли 2019, қабул гардид. Бинобар қарори мазкур дар шаҳри Гулистон бинои наву муҳташами 3-қабатаи замонавӣ, ки меъмории ба худ хос, миллӣ ва замонавиро муҷассам менамояд, бунёд шуд.
Бинои мактаб-интернати дорои 150 ҷой аз ҷониби сохтмончиёни ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бетон саноат» дар фурсати кӯтоҳ – 6 моҳ барпо гардид. Барои сохтмон ва ҷиҳозонидани бинои мактаби эҷодии мазкур, ки майдони умумиаш 2,2 гектарро ташкил медиҳад, 34 миллиард сӯм равона карда шуд. 
Иншооти номбурда, ки ба шаҳомати шаҳр шукӯҳ зам мекунад, аз мактабҳои эҷодии ҷумҳурии мо бо дизайни нотакрори худ фарқ мекунад. Барои сифатнок ва мукаммал сохтани иншоот 200 нафар сохтмончиёни доимӣ ва 300 нафар коргарони муваққатии ҷамъият ширкат варзиданд. 
– Дар мактаби мо 120 нафар донишомӯз буда, наздик ба 30 нафар устодону мураббиёни бомалакаву иқтидор дарс медиҳанд, – мегӯяд директори  мактаб-интернати ба амиқ омӯзондани фанҳои забони модарӣ ва адабиёт ихтисосонидашудаи ба номи Ҳалима Худойбердиева Муҳаммад Исмоилов. – Дар ин ҷо барои дониши амиқ гирифтани донишомӯзон шароит муҳайё карда шудааст. Аз ҷумла, дар бинои мактаб 20 хонаи таълимӣ, лаборатория, китобхонаи дорои  5 ҳазор китоб, 3 толори фаъолон, хобгоҳ ва ошхонаи ҳар яке дорои 100 ҷой, маркази медиа, ҳамчунин, чопхонаи хурди соате ҳазор нусха рӯзнома, маҷалла ва китоб чопкунанда пешбинӣ шуда, варзишгоҳ ва маҷмӯи кушоди варзиш мавҷуд аст. 
Дар чорабинӣ мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Абдувоҳидов, ҳокими вилояти Сирдарё Ғ. Мирзоев, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Н. Холбӯтаев суханронӣ карданд.

А. ҚАЙЮМОВ, 
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: